Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 КОРРУПСИЯ. АЗ ИДОМАИ ИСЛОҲОТ ТО ЗАРУРАТИ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » КОРРУПСИЯ. АЗ ИДОМАИ ИСЛОҲОТ ТО ЗАРУРАТИ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА
Информация к новости
  • Просмотров: 1526
  • Автор: admin
  • Дата: 15-01-2023, 16:48
15-01-2023, 16:48

КОРРУПСИЯ. АЗ ИДОМАИ ИСЛОҲОТ ТО ЗАРУРАТИ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА

Бахш: Маълумот

Аз нуқтаи назари илмӣ, маҳфум ё худ истилоҳе, ки дар он фаҳмиши ягонаи ин истилоҳ ва ё моҳияти он инъикос ёфта бошад, вуҷуд надорад. Аз нуқтаи назари этимологӣ, истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънояш «шикастан, пора додан» мебошад. Моҳиятан ин ду калима фаҳмиши коррупсияро муайян намуда, имкон медиҳанд, то ин зуҳурот ба тариқи гуногун шарҳ дода шавад.

Пора истилоҳи форсӣ-тоҷикист, ки аз замонҳои қадимтарин дар забони мо роиҷ будааст. Аз забони арабӣ ҳам калимаи ришва вориди забони тоҷикӣ гардида, бинобар маъмул шудани он миёни фақеҳону қозиҳо дар адабиёти гузашта доираи васеи худро ёфтааст. Ҳамин тариқ, ришвахӯрӣ ва омилҳои коррупсионӣ аз лаҳзае пайдо шудаанд, ки вазифаҳои идоракунанда дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва хоҷагӣ ҷудо гардид. Коррупсия ҳангоми ташаккули давлатҳо дар марказҳои қадимтарини тамаддуни башарӣ; Миср, Ҳиндустон ва Чин дар ҳазораи сеюми пеш аз милод маълум гардидааст.

 

Дар таърихи давлатдории Иттиҳоди Шуравӣ ришва ва омилҳои ба он алоқаманд низ ба чашм мерасид, ҳатто баъзе аз сиёсатмадорон ошкоро иқрор шудаанд, ки коррупсия саросарӣ шудааст, ки муборизаи ҷиддиро талаб дорад. Дар кишварҳое, ки сатҳи баланди коррупсия мавҷуд аст, бояд  сиёсати махсуси давлатии мубориза рушд дода шавад. Чунин сиёсат мумкин аст дар шакли стратегия ё барнома ба роҳ монда шавад, аммо назорат ва амалӣ кардани ҳадафҳои дар  чунин  ҳуҷҷатҳо  пешбинишуда  бояд  низомнок ва пайваста натиҷагирӣ карда шаванд.

 

Метавон зикр кард, ки коррупсия дар замони муосир низ ҷой дошта, кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Роҳҳои гуногуни мубо-риза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ коркард ва қабул гардидааст. Масалан, аксарияти кишварҳо нақшаи амалиёти истанбулӣ оид ба мубориза ба коррупсияро ба эътибор гирифта, стратегияҳои миллии мубориза бо коррупсияро дар кишва-ри худ коркард ва қабул кардаанд. 

 

Сарфи назар аз он ки қонунгузорӣ барои чунин амалҳо ҷазои вазнин пешбинӣ мекунад, новобаста ба ин ришваситонӣ дар амалия ба чашм мерасад. Дар ин робита, метавон хулоса кард, ки роҳи ҳалли масъалаи мазкур танҳо тавассути қонунгузорӣ имконнопазир аст ва андешидани дигар чораҳои маҷмуиро талаб мекунад. Дар пешгирии ин зуҳурот на танҳо давлат, балки аъзои ҷомеа низ бояд фаъол бошанд. Аксарияти кишварҳо воситаҳои одиро баҳри мубориза бо коррупсия истифода мебаранд, аз ҷумла қабули роҳбарон ва дигар кормандон ба кор тавассути озмун. Чунин амал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба роҳ монда шудааст, аммо воситаи мазкур яке аз роҳҳои хурдтарини мубориза ба ҳисоб меравад. Сабаб дар он аст, ки омилҳои коррупсионӣ ниҳоят гуногун мебошанд ва истифодаи танҳо як восита ба натиҷаи зарурӣ оварда намерасонад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 чунин изҳор доштанд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».

Муқовимат ба коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишвари мо аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, бо ибтикори Пешвои мил-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ рӯи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 сентябри соли 1997 зимни суханронӣ ба муносибати рӯзи Истиқлоли давлатӣ мавқеи Ҳукумат дар мубориза бо коррупсияро чунин баён намуда бу-данд: "Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахӯрӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обрӯй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем". 

 

Дар зимн, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999, № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаҳои сифатан нави муқовимат ба ин зуҳуроти хатарзоро фароҳам кард.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Имрӯз Тоҷикистон узви Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Рушд буда, вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт иқдомоти зиёдеро амалӣ намудааст. Ҳамзамон, дар давраи Истиқлоли давлатӣ се стратегияи миллии муқовимат ба коррупсия қабул шуд, ки дар онҳо чораҳои маҷмуии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ вобаста ба муқовимат ба коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Мавҷудияти ҳамин санадҳо ва дар доираи он амалӣ намудани чорабиниҳои махсус доир ба мубориза бо кор-рупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро таҳким бахшида, боиси эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

 

Ташкилоти бонуфузтарини байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, ҳамеша атрофи масъалаи мазкур чо-рабиниҳои муфид тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ гардиданд. То ба имрӯз 140 давлати дунё зери ин санади муҳими байналмилалӣ имзо гузоштаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузоштааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид.

 

Бо назардошти пазируфтани Конвенсияи мазкур аз тарафи Тоҷикистон ва тибқи муқаррароти моддаи 10 Кон-ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб ёфтани он зарурати ба тала-боти Конвенсия мутобиқ намудани қонунҳои амалкунанда ба миён омад, ки дар татбиқи сиёсати зиддикоррупси-онии кишвар ин иқдом пай дар пай амалӣ гашта, ба ҷараёни умумимиллии ислоҳоти қонунгузорӣ ва муқовимат ба коррупсия табдил гардид.

Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ номгӯи тадбирҳоест, ки ҷиҳати муқовимат ба коррупсия дар амал татбиқ шудаанд ва ин раванд идома дорад.

 

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Сарвари давлат баҳри пешгирии кор-рупсия ва мубориза бар зидди он тадбирҳои таъмини шаффофият ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ андешида шуда, уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва амвол муқаррар гардид. Ҳамчунин, дар идомаи раванди устувор намудани кафолатҳои ислоҳоти ҳуқуқию институтсионалӣ охири соли 2006 баҳри бартараф намудани такрори вазифаҳои сохторҳо ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ миқдори вазорату идораҳо дар ҷумҳурӣ кам карда шуданд.

 

Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикор-рупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгар-дондашудаи зиддикоррупсионӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ наму-дани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад». 

Бешубҳа, маълумоти дарҷгардида нишонаи равшани мақсаду мароми қатъии андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки коррупсия таъсири худро ба та-моми соҳаҳои зиндагии инсонҳо гузошта, рушди иқтисодро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарбахши сиёсати давлатиро халалдор сохта, маънавиёт ва бовар ба арзишҳоро дар ҷомеа аз байн мебарад.

Аз ин рӯ, мубориза бо фасод набояд кори сирфан як мақоми хос ва алоҳида бошад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона саҳми худро гузорем. 

 

Қобили зикр аст, ки дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгар-дондашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар, баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин зуҳуроти хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа чандин барномаву стратегияҳо, аз ҷумла Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (2021-2025) бо Фармони Пре-зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 қабул ва тасдиқ гардиданд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии стратегияҳо барои солҳои 2008-2012 ва 2013-2020 ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Ҳамин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии “Пешбурди соҳибкорӣ 2020” (Doing Business 2020) 20 зи-на боло рафта, аз 190 кишвари радабандишуда дар ҷойи 106 қарор гирифт. Дар асоси ин радабандӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ шинохта шуд.

Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналми-лалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат ба кор-рупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.

 

Муқовимат ба коррупсия яке аз авлавиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, солҳои охир дар кишвари мо дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, баҳри расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона бо коррупсия, инчунин, дар руҳияи шаҳрван-дон ҷорӣ намудани тарбияи зиддикоррупсионӣ чораҳои дахлдор роҳандозӣ шуда истодаанд. 

 

Қабули қонунҳои мукаммал ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир кардани амалҳои коррупсионӣ, муқаррар намудани кафолатҳои баланди иҷтимоӣ барои хизматчиёни давлатӣ, амалӣ намудани ротатсияи мунтазами ҳайати роҳбарикунанда, таъмини кафолатҳои дахлнопазирии шахсе, ки дар муқовимат ба коррупсия мусоидат менамояд, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии хизматчиёни давлатӣ, мунтазам гузарондани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, муайян намудани чораҳои назорати давлатии молиявӣ, талаботи махсус нисбат ба довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, ҷорӣ намудани мамониатҳо барои таъин ё интихоб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансаби ба он баробаркардашуда, инчунин, маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳо, инъикоси васеи фаъолияти зиддикоррупсионии мақомоти давлатӣ тариқи васоити ахбори омма, гузарондани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба таври ҳатмӣ роҳандозӣ намудани тарғибу ташвиқ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аз ҷумлаи ислоҳоти зиддикоррупсионӣ ба шумор меравад. 

 

Татбиқи тадбирҳои зикршуда ва муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба самарабахшии чораҳои амалинамуда заминаи мусоид гузошта истодааст. 

Бояд гуфт, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ, фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 10 январ – Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муқаррар карда шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои содиқонаву масъули-ятнокии вазифаҳои хизматӣ муваффақияту комёбӣ таманно дорем. 

 

СУЛТОНЗОДА Сулаймон Саид, 

директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

 

("Ҷумҳурият", 10.01.2023 №: 14)

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^