Терроризм ва экстремизм монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гашта, кишварҳои мутамаддини ҷаҳонро водор намудааст, ки имрӯз ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок муборизаи муташаккилона баранд. Ҷумҳурии Тоҷикистони низ чун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бетераф набуда, дар бартараф намудани он кӯшишҳо ва чораҳои пайвастаро роҳандозӣ месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста дар радифи дигар масъалаҳои муҳим ба масъалаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи озодиву истиқлолияти кишвар ва махсусан, пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) вобаста ба хатарҳои терроризм ва экстремизм бори дигар таъкид намуданд, ки: “Имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Барои пешгирӣ ва муқовимат намудан ба хатарҳои терроризм ва экстремизм ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабиамон ҷомеа, хусусан ҷавононро зарур аст, ки муборизаи пайваста баранд ва талош кунанд, ки ин хатарҳои ҷаҳонӣ аз ин бештар паҳн нагарданд. Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гуруҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, чун яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа, қарор мегиранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки: “ Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд”.
Ҳамин тавр, вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили қувваҳои ифротӣ ба миён овардааст. Набояд фаромӯш кард, ки хатари терроризм ва экстремизм барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Моро мебояд тамоми неруи худро дар мубориза бар зидди чунин зуҳуротҳо равона созем.
**Алишер САИДМУХТОРОВ,**
**мудири кафедраи ҳуқуқи**
**байналмилалии Академия,**
**номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент**