Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН
Информация к новости
  • Просмотров: 3479
  • Автор: admin
  • Дата: 13-06-2023, 21:46
13-06-2023, 21:46

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Бахш: Маълумот

Ҳолате, ки ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта дар Тоҷикистон рух дод бори дигар миллати моро водор намуд, то пешвоеро пайдо намояд, ки ҳама гуна хатару душворӣ ва монеаҳоро паси сар намуда, барои ояндаи миллатамон роҳ бикушояд. Дар ин давра фазои сиёсиву мадании ҷомеа куллан дар зери хатари нобудӣ қарор дошт ва танҳо роҳбаре, ки тақдири имрӯзу ояндаи давлатро бар дӯш мегирифт, метавонист наҷотбахши миллату давлат бигардад.

 

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ба миллати мо чунин шахсро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ато намуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин давра ҳамагӣ чил сол дошт, новобаста ба ҳама таҳдиду хатарҳо ба ҷонаш масъулияти бузургу гарони роҳбарии мамлакатро ба дӯш гирифтанд. Дар рӯзҳои аввали ба ҳокимият расидани роҳбари ҷавон ашхосе низ вомехӯрданд, ки умри ҳукумати Пешвои миллатро аз ду ҳафта беш пешгӯи намекарданд. Танҳо бовариву эътимод ва садоқату муҳаббати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати миллати таърихсози тоҷик буд, ки ҳамаи монеаҳоро дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсиву амниятии мамлакат аз сангар бардошт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як матонату иродаи қавӣ ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, ваъда дод, ки сулҳ меоранд.

 

Дар роҳи расидан ба ҳадафи мазкур борҳо ба ҷонаш таҳдид шунид, борҳо мавриди нишони тири ҳарифони ноҷавонмард гардид, аммо аз роҳи интихобкардаи худ барнагашт. Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Хосдеҳи Афғонистони ҷангзада, ки бо мақсади вохӯрӣ бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик анҷом дода шуда буд, нишонаи волотарини меҳандӯстиву садоқати Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик мебошад. Зеро пеш аз сафари мазкур касе аз наздикону намояндагони мақомоти амниятии Тоҷикистону Афғонистон таъмини бехатарӣ ва амниятро дар ин минтақа, ки лонаи мухолифин ба ҳисоб мерафт, кафолат намедод. Вале новобаста ба ҳамаи ин Эмомалӣ Раҳмон натанҳо аз сафар даст накашид, балки бо як салобати ба худ хос ҷон дар рамақ гирифта, бо мухолифин вохӯрӣ намуд. Маҳз дар ҷараёни вохӯрии мазкур барои раванди минбаъдаи музокироти сулҳи байни тоҷикон замина гузошта шуд.

 

Минбаъд низ Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар кишварҳои гуногун бо намояндагони мухолифини кишвар бо мақсади эҳёи сулҳу ваҳдат дар кишвар вохӯриҳо анҷом дод.

 

Бо талошу кӯшиши шабонарӯзӣ ва заҳматҳои пайдарпайи Роҳбари кишвар 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия миёни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” имзо гардид, ки минбаъд ҳамчун шиносномаи сулҳу субот дар Тоҷикистон шинохта мешавад.

 

Дар ин росто бе ягон дудилагӣ ва гуногунандешӣ гуфтан мумкин аст, ки созишномаи мазкур маҳсули заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳадяи бузургтарини таърих барои миллати тоҷбарсари тоҷик мебошад.

 

Халқи тоҷик ба мисли ҳамешагӣ заҳмату талош ва меҳнатҳои фарзандони фарзонаи худро беподош намегузорад. Ин аст, ки аллакай соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

 

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ низ беназир ва мояи ифтихору шарафмандии ҳар як тоҷик тоҷикистонӣ боқӣ мемонад. Маҳз бо роҳбарии оқилонаву ояндабинонаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон эътироф менамоянд ва ташаббусҳои байналмилалии онро кишварҳои дигар дар сатҳи баланд дастгирӣ мекунанд. Ҳамаи ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки роҳи интихобнамуда ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат роҳи дуруст ба сӯйи ояндаи тараққиёфта мебошад ва пайравӣ аз ин сиёсат вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст.

 

**Файзалӣ Хоркашев

Тегхо

Анбори хабархо

Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
^