Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезананд. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Амалҳои террористӣ боис шуданд, ки имрӯзҳо дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар шуда истодааст. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад.
Кишвари мо соли равон32-солагии истиқлоли худро дар фазои суботи сиёсӣ таҷлил намуд. Давоми ин 32 сол кишвари мо низ аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ канор намонда, борҳо гурӯҳҳои хатарзо аз берун кӯшиши ноором сохтани кишвари моро намуданд. Дар баробари ин, имрӯзҳо дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва хатарҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват гирифта истодаанд, ки онҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ расонанд. Бо назардошти ин, дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва бағоят муҳим пайдо намудааст. Ҳамин аст, ки кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфӣ, махсусан терроризму экстремизм, беш аз пеш кӯшиш намуда истодааст. Ҳамзамон, дар шароити таҳдидҳои хатарҳои сартосарӣ сиёсати иносонпарварона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо имкон додааст, ки мо, тоҷикон дар фазои осуда ва осоишта кору зиндагӣ намоем. Ин сиёсати созанда, ки ҷавҳари онро таҳкими сулҳу субот ташкил медиҳад, аз тамоми мо талаб мекунад, ки дар меҳвари андешаҳои солим ва эҳтироми ҳамдигарӣ зист намоем. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таъкид доштанд: “Мо чунин мешуморем, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад. Биёед, дар муқобили амалҳое, ки моро аз ҳам ҷудо мекунанд, муттаҳид бошем ва ба сӯи ҷаҳоне ҳаракат кунем, ки эҳтиром ва шинохтани қадри ҳамдигар асоси он бошад”.
Вазифаи ҳар яки мост, ки ба хотири ояндаи неки Ватани азизамон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун кафили сулҳу амният ва рушди босуботи минбаъдаи Тоҷикистон ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби вазъи сиёсии ҷаҳони муосир барои ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлол, аз ҷумла сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат кӯшиши пайваста намоем. Ҳамзамон мақоми кишвари худро чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, дар таъмини рушди устувори он саҳмгузор бошем.
Қурбоналӣ Шарипов