Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗОДАИ МАНФИАТҲОСТ, НА ДИНУ МАЗҲАБ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗОДАИ МАНФИАТҲОСТ, НА ДИНУ МАЗҲАБ
Информация к новости
  • Просмотров: 2733
  • Автор: admin
  • Дата: 30-01-2024, 04:58
30-01-2024, 04:58

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗОДАИ МАНФИАТҲОСТ, НА ДИНУ МАЗҲАБ

Бахш: Маълумот

Солҳои охир ба амал омадани ҳар гуна амалҳои номатлуб ва падидаву зуҳуротҳои харобиоварро, ки аксаран қисме аз нақшаи гуруҳҳои манфиатхоҳу манфиатталаб мебошад, ба номи миллату давлати алоҳида ва ё дину мазҳабе муҳр мезананд. Ҳарчанд ҳеҷ як созмону ташкилот ва ё муассисаи байналмилалие ширкат ва ё қаробати ин падидаҳоро ба халқу миллат ё дини алоҳидае исбот накардааст, вале новобаста ба ҳамин дар сатҳи кишварҳои ҷаҳон чунин шинохта ва аксаран муаррифӣ карда мешавад.

 

Фазои геосиёсиву геополитикии солҳои охир шаҳодат аз он медиҳад, ки кишварҳое, ки аксаран дар онҳо амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд ва ба вартаи ҷангу низоъҳои хунин кашида шудаанд, майдони рақобатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин ҳама харобӣ, ҷангу низоъ, парокандагии сиёсӣ, қатлу куштори ваҳшиёна ва ҳатто разолати ғайриинсонӣ, ки зери унвони терроризму экстремизм пардапӯшонӣ карда мешаванд, аслан сенарияи гуруҳҳои манфиатдор буда, мақсади ниҳоӣ расидан ба захираҳои номаҳдуди табиии кишварҳои ҷангзада мебошад. Одитар карда гӯем, ин сенария, ки дар аксари кишварҳои Африқову Ховари Миёна истифода гардидааст, аз таъсис, маблағгузорӣ ва ба муқобили Ҳукумати амалкунанда равона сохтан ва дар ниҳоят ба вартаи ҷанги дохилӣ кашидану дар пасманзари он истифодаи бемамониат аз захираҳои табиии кишварҳо мебошад.

 

Мутаассифона, мутахассисони ғарбӣ аксаран терроризму экстремизмро моли мамлакатҳои мусулмонӣ медонанд ва ҳатто гоҳо ошкоро арзишҳои фарҳангиву динии мусулмононро таҳқир мекунанд. Ин нуқтаи назар дар худи Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ духӯрагии ақидаҳоро ба вуҷуд овардааст. Дар Фаронса, ки яке аз муҳаррикони асосии Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад ва ҳамасола шумори зиёди амалҳои террористиву экстремистӣ дар ин кишвар нисбат ба мамлакатҳои дигари ғарбӣ бештар анҷом дода мешаванд, ақидаи исломситезӣ зуҳур намудааст. Оморҳои расмӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки то 70 фисади террористони дар ин амалҳо ширкаткунанда дорои шаҳрвандии Фаронса буда, давоми 7-8 соли охир дар ин кишвар зиндагӣ намудаанд. Ҳатто шуморе аз онҳо дар худи Фаронса таваллуд шудаву ба воя расидаанд. Аммо новобаста ба ҳамаи ин аксари мутахассисони ғарбӣ боз ҳам амалҳои содиршавандаро ба дӯши мусулмонон бор мекунанд.

 

Мутахассисони россиягӣ омезиши терроризмро бо ислом маҳкум мекунанд ва ягон вобастагӣ ва ё алоқаи байни терроризму экстремизм ва дину мазҳаби алоҳидаеро қабул надоранд. Аз ҷумла Александр Торшин, муовини роҳбари Шӯрои Федератсияи Россия қайд месозад, ки: “Терроризми исломӣ вуҷуд надорад”. Ба ақидаи ин мутахассис бо истифода аз унвони дину мазҳаб ва ё миллати алоҳида пиёда намудани ҳадафҳои хунин натанҳо хатои равшан, балки ҷинояти бахшиданашаванда мебошад.

 

Инчунин як қатор файласуфон ва диншиносони исломӣ фикри худро дар бораи номумкин будани мавҷудияти “терроризми исломӣ” изҳор мекунанд, зеро амалҳои ин гуруҳҳо “ба худи ислом мухолиф аст” ва аз ин рӯ вобаста донистани ин ду истилоҳ “дурӯғ ва нодуруст” аст. Нависандаи маъруфи турк Аднан Октар (Харун Яхя) дар ин бора дар китоби худ чунин менависад: “Ислом терроризмро лаънат мекунад”.

 

Соли 2023 дар ҷараёни вохӯриҳои Маҷмаии умумии Ассамблеяи генералии СММ сарварони аксари кишварони ҷаҳонӣ аз минбари баланди СММ ақидаҳои ноҳурматона ва таҳқиромезро нисбати арзишҳои динӣ, ки дар пояи ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ба вуҷуд омадааст, маҳкум намуданд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: *“Дар ин робита, зуҳуроти тафриқаандозӣ, хусумати нажодӣ ва динӣ, бо дарки пайомадҳои манфии онҳо, ғайри қобили қабул мебошад. Амалҳои зикршуда, инчунин, тобиши сиёсӣ додан ба масоили дину мазҳаб метавонанд пояи ҳамзистии ҷомеаи ҷаҳониро коста гардонанд”.*

 

Дар ҳақиқат амалҳои болозикр боиси коста гардидани ҳусни тафоҳум байни миллату халқиятҳо ва ҳатто пайравони дину мазҳабҳо мегардад. Коста гардидани муносибати тамаддунҳо ва дину оинҳо боиси пайдо гардидани кинаву адоват, нафрат ва дар ниҳоят ба поймолсозии арзишҳои байниҳамдигарӣ оварда мерасонад, ки сулҳу осоиши сартосариро вайрон мекунанд.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз минбари баланди СММ маҳз ҳамин нуқтаро қайд намуда, омили асосии сарзании низову ихтилофҳои тамаддуниро дар носипосӣ нисбати арзишҳои онҳо медонад: *“Поймолкунии эҳсоси диниву мазҳабӣ, нафрат ва зӯроварӣ нисбат ба ҳар гуна дин ё эътиқод оқибатҳои фоҷеабор дорад. Чунин амалкардҳои иғвоангезона дар аксари ҳолатҳо асоси таҳаммулнопазирӣ ва нобоварӣ гардида, боиси ихтилофу низоъ байни тамаддунҳо мешаванд. Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳама гуна таҳқири муқаддасоти эътиқодии мардум, аз ҷумла Қуръони карим ё дигар арзишҳои тамаддуниву мазҳабии башариятро маҳкум менамояд”.*

 

Бо ҳамаи ин гуфтаҳо хулоса намуда, қайд кардан ба маврид аст, ки ягон дину мазҳаб ва ё халқу миллате ба пайдоиш ва ташаккули зуҳуроти номатлуб, ки аслан зодаи асри наванд, робитае надошта, маҳз манфиатҳои рӯзафзуни гуруҳе ин падидаҳоро тавлид намудааст. Имрӯз ба қавме ва ё дине марбут донистани он танҳо қисми дигари ин нақшаҳои хиёнаткорона буда, мубориза бо ин гуна ниятҳои нопок аз мо матонат, донишу заковат ва зиракии сиёсӣ металабад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ба ҳама гуна ҳаракатҳое, ки амнияту осудагии аҳолии сайёраро халалдор мекунанд, зид буда, барои пойдории сулҳ ва ваҳдат талош менамояд.

 

АБДУАЛИМЗОДА Исмоил Иброҳим

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^