Маблағҳои калоне, ки ТЭТ ҲНИ аз баъзе давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои исломии хориҷӣ мегирифтанд ба ана ҳамин корҳои зишту ғаразнок истифода мешуданд.
Бояд гуфт, ки Кабириву сарпарастонаш мехостанд тафаккури мазҳабии мардумро дигаргун созанд. Идеологияи асосии хоҷагони ТЭТ ҲНИ дар он ифода меёбад, ки инқилоби исломиро дар кишварҳои мусалмонӣ тадриҷан, зина ба зина тарҳрезӣ кунанд ва гус¬тариш диҳанд. Аз ин лиҳоз, дар бархе аз кишварҳо, аз қабили Ироқ ва Сурия, шуъбаҳои «Ҳизбуллоҳ» таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикис¬тон вазифаи ин шуъбаро ТЭТ ҳизби наҳзат иҷро мекард. Яъне, ба ном Ҳизби наҳзат буд, аммо моҳиятан шуъбаи «Ҳизбуллоҳ» маҳсуб мешуд ва фаъолияти идеологӣ-сиёсии онро пеш мебурд. Фаъолияти онҳо то кунун пинҳонкорона дар Тоҷикистон ва Аврупо давом дорад.
Амалҳое, ки наҳзатиён карданду мехоҳанд боз давом диҳанд барои барангехтани кинаву адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти давлату ҷомеа ва паҳн кардани тарсу ваҳм дар байни аҳолӣ аст. Боз дигар корҳои зишту ношоям ва хиёнат ба халқу миллат буд, ки ҳамаи он асоси қонунӣ дорад, боз чӣ мехоҳанд онҳо? Боз даъвои бегуноҳӣ мекунанд….? Бо ин роҳ насҳатиён мехоҳанд худро дар назди ҷаҳониён бегуноҳ нишон диҳанд. Имрўз Тоҷикистонро бо пешниҳодҳои сулҳҷўёнааш тамоми ҷаҳон мешиносад, ҷомеаи ҷаҳонӣ сафедро аз сияҳ фарқ карда метавонад ва аҳолии Тоҷикистон, ки ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидааст намегузорад, то душманонаш дар зери ниқоби ислом нуфузи давлатдории миллиамонро паст занад ва боз ҳам моро ба гирдоби бесарусомониву ҷангу ҷидол кашад.