Дар асл ҳеҷ як давлатеро наметавон пайдо намуд, ки ин зуҳуротро маҳкум накунад ва ё бо ҳар роҳ бар муқобили он мубориза набарад. Аммо, коршиносон бар он боваранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди кишварҳои олам дар мубориза бо ин хатарҳо - терроризму ифротгароӣ ҳамоно чун мушкили рақами яки сайёра боқӣ мемонанд.
Гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ ё шахсони алоҳида ҳамеша барои даст задан ба террор баҳонаҳои мухталиф доранд. Агар дар гузашта унсурҳое ба мисли қабилагароӣ, таассуби нажодӣ ва амсоли он боиси ифроту тафрит мегардид, дар чанд даҳсолаи ахир ин раванд то андозае ба худ хусусияти динӣ касб намудааст. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.
Ҳоло дунё хатари бузурги терроризму ифротгароиро ба хубӣ дарк ва эътироф намудаву тадбирҳои шадиди амниятиро дар ин самт ба роҳ мондааст. Аммо вақт нишон медиҳад, ки роҳи ҳалли раҳоӣ аз чунин хатар ва буҳронҳои идеологӣ танҳо татбиқи амалиёти ҳарбӣ ё тадобири амниятӣ нест. Чунончи, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр намуда буданд: “Таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”.
Бо назардошти нуктаҳои мазкур метавон ба хулосае расид, ки терроризму ифротгароиро бояд соири кишварҳои ҷаҳон ба сифати буҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои судмандеро дар ин самт ба роҳ монанд.
Табиист, ки барои пиёда намудани ҳадафҳои гурӯҳию инфиродии равияҳои тундгаро ҷавонон метавонанд, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози ақлонӣ нақши калидӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳоло гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ аз технологияи муосир фаровон истифода мекунанд. Яъне, ин гурӯҳҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо усули мағзшӯӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба бархе ваъдаи пулу мол ва ба бархеи дигар ваъдаи “савоб” - у “биҳишт” - ро медиҳанд. Аз ин хотир, ҷавонони моро мебояд дар ин қарни пурталотум беш аз пеш зиракии сиёсиро ҳифз кунанд, нагузоранд, ки андешаи носолиме фазои поку беолоиши моро халалдор созад.
Умеда ХОЛОВА, омӯзгори МТМУ №45, ноҳияи Айнӣ