Мехостам бобати ин мавзуъ фикру андешаҳоямро барои нафароне, ки то ҳол ба умқи мафҳумҳои сулҳу осоиштагӣ нарасидаанд баён намоям, ки сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд. Агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони инсоният ҳама аз сулҳу амонӣ бар меояд.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Пешвои миллат меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолонаи имрӯзаи мардуми тоҷиканд. Маҳз ин марди соҳибхирад гурезаҳоро ба Ватан, ба манзилҳояшон баргардонд, зиндагияшонро обод гардонд, Ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда, ба роҳи рост ҳидоят кард. Ду гурӯҳи мухолифро тавонист дар муддати кӯтоҳ ошти диҳад. Ду тан, ки бо ҳам омад, ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳ реша давонд.
Аз ин рӯ, ҳодисаҳои марзие, ки имрӯз бо давлати ҳамсоя - Қирғизистон рух додаистодаанд, мо миллати тоҷикро нигарон кардааст. Вале дар баробари ин, хоинони бадхоҳу пӯшандаҳои ҷомаи наҳзат аз чунин ранг гирифтани низоъҳои сарҳадӣ қабат-қабат гӯшт гирифта, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ барои барангехтани ҷанг миёни ду миллат камар бастаанд.
Бояд гуфт, ки садди роҳи ҷангу хунрезиро ҳеҷ гоҳ боз худи ҷанг гирифта наметавонад. Балки маслиҳату муносибати мусолиҳатомези ду ҷониб мардумро метавонад аз вартаи ҳалокат ва кинаву адоват раҳонад. Чуноне ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар вохӯриҳояшон бо мақомотҳои мардуми қирғиз аз сулҳ ҳарф мезананду аз гирифтани пеши роҳи ҷанг бо роҳи мусолиҳатомез чора меандешанд. Беҳуда нест, ки гузаштагони мо гуфтаанд: “Сулҳ бо душман, вақти ҳоҷат зарур аст”.
Сулҳ муҳофизаткунанда ва ҷанг маҳвкунандаи одамият аст. Сулҳ агар лабони пурхандаи модарон бошад, ҷанг ашки сӯзони онҳост. Сулҳ агар сохтану бунёд кардан аст, ҷанг сӯхтану шикастану хароб кардан аст. Аз сулҳ боғ мемонаду аз ҷанг доғ.
Аз гуфтаҳои боло хулоса кунед, асоси зиндагии мову шумо сулҳ аст. Бинобар ин, фирефта нашавед ба каломи нафароне, ки зери сояҳои хоҷагони хоириҷиашон бурун аз кишвар хобидаанд. Мо ҳамагӣ бояд баҳри пурзӯр шудани дарахти сулҳу амонӣ миёни худу дигар миллатон саҳмгузор бошем. Ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем. Ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои фарзандони имрӯзу ояндаамон макони зебову дилнишинеро боқӣ гузорем. Нагузорем, ки кадом нохалафе ашки чашмони модарҳои моро аз дур истода бирезонад, хандаҳои кӯдаконамонро ба гиряҳои ҷонсӯз мубаддал созад. Бигзоред, зери осмони софу мусаффо халқҳои рӯйи олам зиндагии осудае дошта бошанд.
Фаромуз ҒАЮРОВ,
сардори котибот ва
ёвари ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президент