Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ВАЗЪИЯТИ ВМКБ ИСЛОҲОТИ БУНЁДИРО ТАҚОЗО ДОРАД Ё ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХОРУҒ ВА АТРОФИ ОН БОЯД РЕШАКАН ГАРДАД » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ВАЗЪИЯТИ ВМКБ ИСЛОҲОТИ БУНЁДИРО ТАҚОЗО ДОРАД Ё ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХОРУҒ ВА АТРОФИ ОН БОЯД РЕШАКАН ГАРДАД
Информация к новости
  • Просмотров: 9918
  • Автор: admin
  • Дата: 4-02-2022, 14:42
4-02-2022, 14:42

ВАЗЪИЯТИ ВМКБ ИСЛОҲОТИ БУНЁДИРО ТАҚОЗО ДОРАД Ё ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХОРУҒ ВА АТРОФИ ОН БОЯД РЕШАКАН ГАРДАД

Бахш: Хабар

Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба манзури ҳалли масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва, махсусан овардани сулҳ ва амният дар кишвар, ба Бадахшон сафар карда, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва мухолифон гуфтушунид намуданд.

Аз ин бармеояд, ки зиндагӣ ва фаъолияти ҳар сокини Бадахшон, рушди босуботи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии мардуми вилоят дар маркази диққати Пешвои миллат қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар давоми солҳои истиқлолият барои рушди самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Бадахшон беш аз 6 миллиард сомонӣ масраф шуда, дар маҷмуъ, давоми ду даҳсолаи охир дар ҳудуди вилоят 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Бо маблағи умумии бештар аз 800 миллион сомонӣ 1200 иншооти гуногун бунёд гардиданд.

Барои роҳандозии лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ тайи ду даҳсолаи охир ба маблағи 320 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ин муддат иқтидори энергетикии вилоят 31,2 мегаватт зиёд шуда, тавоноии умумии неругоҳҳо ба 432 мегаватт расидааст.

Ҳамин тавр, ҷиҳати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Бадахшон барои панҷ соли оянда чанд миллиард сомонӣ аз Буҷети давлатӣ ва бар изофаи он сармоягузориҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст.

Мутаассифона, дар шароити кунунӣ, хусусан вазъияти ҳассоси сиёсӣ ва амниятии минтақа, авзои нигаронкунандаи кишварҳои ҳамсоя, бавижа Афғонистон, ки бо Бадахшон марзи тулонӣ дорад, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он мавҷуданд, ки бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амну субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд.

Ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳое, ки 25 – 29 ноябри соли равон дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ рӯй доданд, далели ин гуфтаҳоянд. Теъдоде аз гурӯҳҳои ҷинояткору фурсатталаб бо суиистифода аз фавти Гулбиддин Зиёбеков, ки бинобар содир кардани амали ҷиноятӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт, тули чанд рӯз як идда аз сокинони ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғро ба тазоҳурот водор карда, дар зимн, ба чандин ҷинояти вазнин даст заданд, ки суиқасд ба ҷони кормандони масъули давлатӣ, ҳамла ба биноҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо истифодаи силоҳҳои сард ва оташфишон, буридани дарахтону бастани роҳҳо ва дигар кирдорҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз қазияи мазкур истифода карда, имтиёзҳои бештар тақозо намуданд, то ба ин васила мавқеи худро тақвият ва манофеи худро ҳифз кунанд.

Таассуфовар аст, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он бархе аз сокинон дар заминаи ангезаҳои маҳалгароёна ва баъзе дар робита ба ноогоҳии сиёсӣ таҳти таъсири гурӯҳҳои фурсатталаби ҷиноятӣ қарор гирифта, даст ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ ва аъмоли номатлуб заданд, ки авбошиву роҳбандӣ, буридани дарахтҳову вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳдид ба кормандони давлативу сокинони ғайримаҳаллӣ ва нафароне, ки дар тазоҳурот иштирок намекарданд, аз ҷумлаи онҳост. Аз ин ҳисоб, вазъияти амниятӣ дар маркази вилоят чанд рӯзе осебпазир шуда, бинобар бастани шоҳроҳи Кулма-Қароқурум гаштугузори шаҳрвандон ва нақлиёт халалдор гардид.

Ин гуна ҷинояту аъмоли номуносиб солҳои охир аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва иддае аз сокинони шаҳри Хоруғу атрофи он бори аввал нест, ки содир мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба ин минтақа бо назардошти шароити мушкили ҷуғрофӣ доштанаш таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят ба хотири беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки таъмини мунтазами буҷети вилоят аз ҳисоби сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, кумакҳои иҷтимоӣ, сохтмони муассисаҳои соҳаи тандурустиву маориф аз зумраи онҳо мебошанд.

Дар кишвари мо, ки 93 дарсадашро кӯҳсор ташкил медиҳад, минтақаҳои ниёзманд кам нестанд. Мушкилоти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳияҳое чун Кӯҳистони Мастчоҳ, Носири Хусрав, Лахш, Тоҷикобод, Муъминобод ва даҳҳо ноҳияҳое амсоли инҳо камтар аз Бадахшон намебошанд, аммо тайи солҳои охир Сарвари кишвар беш аз ҳар минтақаи дурдасту кӯҳистонии дигаре ба ҳалли мушкилоти ВМКБ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Мутаассифона, сарфи назар ба ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхорӣ теъдоди ҷинояткориҳо дар Хоруғ ва атрофи он кам намешаванд. Солҳост, ки дар он ҷо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ фаъолият мекунанд ва ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру харидуфурӯши силоҳ, машғуланд. Ин гурӯҳҳо афкору ахлоқи иддае аз ҷавонони Хоруғ ва атрофи онро вайрон карда, ангезаи маҳалсолориро дар зеҳни онҳо ҷой додаанд, ки ин амал хилофи талаботи моддаҳои 1 ва 100 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба якпорчагии кишвар таҳдид эҷод мекунад.

Боиси нигаронист, ки теъдоде аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он маҳз бо назардошти мавқеъгирии маҳалгароёна ин ҷинояткоронро дастгирӣ мекунанд, дар ҳоле ки шахсияти онҳоро хуб мешиносанд ва аз аъмоли номатлубу манбаъҳои даромади ғайриқонуниашон огаҳӣ доранд. Барои ин қабил касон меъёри қазоват на амали неку бади ашхос, балки “худӣ” ва ё “бегона” будани онҳост. “Фалсафа”-и амали ин зумра афроди маҳалпараст ин аст, ки агар ҳаммаҳалу ҳамдиёрашон ҷинояткор ҳам бошад, аз ӯ дифоъ мекунанд. Чунин касон аз таассуби маҳалпарастӣ мавқеъгирии хатои худро дарк накарда, ҳеҷ гуна назари интиқодиро дар ин бора намепазиранд.

Ҳақ ба ҷониби шоир Ато Мирхоҷа аст, ки мефармояд: “Мардуми Помирамон ҳамин хел-танқиду гапи ростро шунидан намехоҳанд. Фарзандашон, хешу таборашон авбошӣ ҳам кунад, ҳатто ягон касро кушад ҳам, бояд мақомоти давлатӣ ба вай кор нагиранд. Шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Илм, фарҳанг, адаб, маориф ночиз шуд. Зӯроварӣ, ҳамдигаркушӣ, нашъамандӣ, духтарҷаллобӣ, авбошпарастӣ ба авҷи аъло расид”.

Дар заминаи арзёбии ҳодисаҳои солҳои охири ВМКБ метавон ба ин натиҷа расид, ки гурӯҳҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва атрофи он, ки солҳост бедодгарӣ мекунанд, намехоҳанд ба осонӣ канор раванд. Аз ин рӯ, бо баҳонаҳои гуногун мақсад доранд, ки вазъиятро дар қаламрави вилоят ноором сохта, аз ин ҳисоб мавҷудияти минбаъдаи худро таъмин намоянд.

Чунин мавқеъгирии худхоҳонаву маҳалсолорона ва номуносиб аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва иддае аз сокинони шаҳри Хоруғу атрофи он солҳои охир зиёд мушоҳида мешавад. Чанд дафъа шуд, ки ин ҷинояткорон вазъи амниятии вилояту ҷумҳуриро ноором мекунанд. Пайомадҳои чунин аъмоли номатлуби гурӯҳҳои ҷиноятии Хоруғу атрофи он ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ақидатии тамоми сокинони ВМКБ таъсири манфӣ мерасонанд. Ин аст, ки дар аксари ноҳияҳои вилоят, алалхусус дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Мурғоб ва Ишкошим, аҳолӣ аз амалҳои авбошонаи гурӯҳҳои ҷиноятии маркази вилоят ба ҷон расида, ҳатто, тақозои ҷудо шудан аз тобеияти ВМКБ-ро доранд, то ба ин васила аз шарри бартариҷӯии маҳалпарастонаи онҳо раҳо шаванд.

Маҳз бо назардошти ҳамин тақозои сокинони ноҳияҳои мазкур буд, ки 24 декабри соли 2021 дар сатҳи Маҷлиси вакилони ВМКБ Ҳаким Давлатов, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ноҳияи Дарвоз, бо назардошти мавқеи интихобкунандагон нигаронии аҳолиро дар робита ба иғвогариҳо ва амалҳои навбатии гурӯҳҳои ҷиноятии мазкур баён дошта, ҳалли ниҳоии масъала ва ё ҷудо шудани ноҳияи Дарвозро аз ҳайати ВМКБ ба миён гузошт. Ӯ гуфт, ки чунин эътирозҳо дар шаҳри Хоруғ аз сӯи гурӯҳҳои ҷиноятӣ пайваста сар зада, вазъи иҷтимоиву амниятиро дар саросари вилоят халалдор мекунанд.

Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ҷинояткорӣ дар Хоруғ ва атрофи он комилан решакан гардида, саркарда ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Танҳо дар сурати таъмин будани волоияти қонун, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ зиндагии осоишта ва пешрафту тараққии вилоят имконпазир хоҳад буд.

Субҳиддин ЗИЁЕВ,

номзади илмҳои филология

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^