Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН
Информация к новости
  • Просмотров: 2050
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 12:11
10-03-2023, 12:11

ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН

Бахш: Хабар

Ба туфайли хусусиятҳои орографӣ ва иқлимӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази калони яхбандии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар адабиётҳои илмӣ пиряхҳо ҳамчун «лабораторияи табиӣ» вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошанд. Яъне онҳо ҳассостарин объекти табиӣ буда, ҳамчун индикатори арзёбии паёмадҳои тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд. Пиряхҳо боигарии бебаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, зеро онҳо на фақат манбаи калонтарини оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёҳо ва иқлими минтақа ба шумор мераванд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон сарчашмаи асосии оби тозаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд.

 

Ҳамасола дар натиҷаи обшавии захираҳои пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон дар минтақа якчанд километри мукааб оби тоза ташаккул меёбад. Масоҳати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,4 ҳ. км2 буда, 6%-и масоҳати кишварро ташкил дода, асосан дар минтақаи Помир ҷойгир мебошанд. Пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии оби калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ – Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал нақши асосӣ доранд. Чунки зиёда аз 60%-и захираҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Инчунин, 60%-и бузургтарин захираҳои обии минтақа, яъне пиряхҳо низ дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир мебошанд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, ки дар байни онҳо аз ҷиҳати боигарии захираҳои обӣ Тоҷикистон ва баъдан Қирғизистон дар ҷойи аввал буда, давлатҳои *«болооб»* ва боқимонда давлатҳои *«поёноб»*ба ҳисоб мераванд (расми 2). Ин гуна таснифот барои он аст, ки захираҳои оби минтақа дар кишварҳои болооб ташаккул меёбанд ва истеъмолкунандаи асосӣ кишварҳои поёноб мебошанд. Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи кишоварзӣ, гидроэнергетика ва соҳаҳои саноатии ба онҳо алоқаманди ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши аввалиндараҷа доранд.

 

Боиси таассуф ва тазаккури хос аст, ки солҳои охир тағйирёбии глобалии иқлим (гармшавии он аз ҳисоби таъсири гармхонагӣ) ба пиряхҳо, ки осебпазиртарин объектҳои обӣ мебошанд, таъсири манфӣ расонида истодааст. Чуноне, ки аз васоити ахбори омма маълум аст, мо имрӯзҳо шоҳиди босуръат об шудани яхҳо дар Арктика, Антарктида, Гренландия ва ғ. шуда истодаем. Ҳамчунин, чунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд. Кишвари мо, ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба таври яқин аз пайомадҳои равандҳои умумиҷаҳонӣ истисно нест. Гармшавии иқлим, ки ба хусус дар фасли гармо бештар ҳис карда мешавад, дар манотиқи баландкӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Помир, Зарафшон, Ҳисору Олой ва ғ. сабаби обшавии босуръати захираҳои пиряхҳо гашта истодааст. Мувофиқи маълумотҳои илмию расмӣ арзёбии умумии таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аз соли 1930 то ҳол масоҳати умумии яхбандии кишвар аз 1/3 ҳисса кам шудааст. Тағйирёбии иқлим нақши пиряхҳоро ҷиҳати ба танзимдарории оби ҳавзаҳои дарёҳои минтақа халалдор менамояд, ки дар натиҷа дастрасии аҳолии баъзе минтақа ба манбаъҳои обӣ мушкилтар мегардад.

 

Муҳиммияти масъалаи фавқуззикрро равшанфикрону олимон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ дарк кардаву борҳо тавассути васоити ахбори ҷаҳон, конфронсу симпозиум ва форумҳои байналмилалӣ, гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳои оммавӣ ва шиору овезаҳои тарғиботию ташвиқотӣ, нашрияҳои махсуси илмию оммавӣ ва барномаю филмҳои мустанад, шабакаҳои махсуси телевизионӣ қотеъона ибрози назар намудаанд. Мақсади ягона ва ниҳоии ҳамаи ин чорабиниҳо ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши эҳтимолии онҳо мебошад.

 

Бо дарназардошти зарурияти масъалаи болозикр ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои башардӯстонаро пешниҳод намудаанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон, дар самти истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи пиряхҳо назаррас буда, маҳз бо пешниҳодҳои сарвари давлати мо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ доир шуданд. Бо ташаббуси ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои ҷаҳон Маҷмааи кулли СММ «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028) – ро эълон намуд. Аз ин хотир, мизбони қисми зиёди конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ вобаста ба ин ташаббусҳо маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Инчунин, дар вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ш. Тошканд раисии бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш аз соли 2020 то 2023 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ин фонд интихоб шуданд. Дар ин замина, бо андӯхтани таҷрибаи зиёд оид ба масъалаи мавриди назар ва роҳандозии дипломатияи об ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар самти истифодаи оқилонаи об ташаббусҳои навро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ намояд.

 

Дар таърихи 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, пешниҳод намуданд, ки соли 2025 аз ҷониби Тоҷикистон «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардад, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад ва «Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шавад.

 

Пештар аз ин барои ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст. Дар доираи ин ташаббусҳо (январи соли 2014) нахустин маротиба Маркази яхшиносӣ дар назди Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаст. Инчунин, қадами ҷиддӣ дар ин самт таъсиси саривақтии муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» (марти соли 2018) аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди бонуфузтарин муассисаи олии илмӣ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳаёти кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят стратегӣ ба ҳисоб меравад. Таъсиси марказ пеш аз ҳама имкон фароҳам овард, ки ҳолат ва дурнамои пиряхҳои ҳудуди кишвар ба пуррагӣ зери назорат қарор дода шаванд ва дар дар самти омӯзиши пиряхҳо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ гузаронда, манбаҳои асосии обҳои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд ва бандҳои асосии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» иҷро гарданд. Маркази мазкур ба Системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо, инчунин, ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба криосфера (қабати яхини Замин) шомил гардидааст. Марказ ният дорад «Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки иборат аз 12 ҷилд мебошад, омода намояд ва дар он мавқеъ ва ҷойгиршавии пиряхҳо, ҳолат ва шумораи онҳо, инчунин аввалин маротиба расми рангаи ҳар як пиряхи коҳишёфта бо нишондоди ҷуғрофиашро бо формати HD ба хоҳишмандон пешниҳод намояд. Чунин маълумотҳо барои огоҳ намудани аҳли ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳолат ва дурнамои пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим зарур мебошанд. Муассиса бо таҷҳизоти инноватсионии муосир, бахусус ГИС-технология ва ҳавопаймоҳои бесарнишин таъмин мебошад, ки истифодаи онҳо ба самаранокии экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои илмии дақиқи боэътимод мусоидат менамояд. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 «Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим»-ро ба тасвиб расонд, ки он заминаи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу экология ва тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.

 

Ҳамин тавр, пешниҳоди навбатӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамчун иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмааи Умумии СММ бо ҷонибдории 153 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд. Ҳамзамон, санаи 21 март минбаъд хамасола ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Инчунин, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ таъсиси «Хазинаи байналмилалии боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо» дар ҳоли баррасӣ мебошад.

 

Ин силсилаташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон вобаста ба обу экология, бахусус ҳифзи пиряхҳо, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи башар ҷиҳати дарки амиқи масъалаи мазкур замимаи мусоид фароҳам меоварад ва мавриди пазироиши умум қарор гирифтанд. Чуноне, ки аз муҳтавои суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар доираи ин ташаббусҳо мо метавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо, ҳамчун манбаи асосии оби аз лиҳози экологӣ тоза, сафарбар намоем. Дар маҷмуъ, ҳамаи ин икдомҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонии вобаста ба масоили истифодаи сарфакоронаи об, ба хусус чорабиниҳо оид ба ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои таъмини амнияти экологӣ, рушди устувори иқтисоди сабз ва дар таҳкими сулҳу субот саҳми таърихии худро мегузоранд.

 

Атоев МУҲАММАДИРШОД, муаллими калони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

эколог, номзади илмҳои биологӣ

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^