Қабл аз оғози чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо ҳамроҳии меҳмонон дар маркази ноҳия як қатор иншоотҳоро, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидаанд, мавриди истифода қарор доданд. Аз ҷумла бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия, бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ошхона дар деҳаи Сари мазор ва ҷойи қабули меҳмонон дар даромадгоҳи дарвозаи Сари Хосор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо ба истифода додани иншоотҳои мазкур дар баробари беҳтар гардидани шароити кории кормандон, ҳамзамон ба зебою назаррабо гардидани маркази ноҳия ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, заминаи воқеӣ мегузорад.
Баъди ба истифода додани ҷойи қабули меҳмонон дар ҳамон мавзеъ чорабинии сиёсӣ бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо паёми табрикӣ баромад намуда, ҳамаи мардуми ноҳия ва меҳмонони ташрифовардаро бахшида ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфтанд. Иброз доштанд, ки хайрхоҳони миллати мо дар сар то сари олам ба хиради волои миллати тоҷик ва сарвари оқилу фидокори Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсану офарин мегуфтанд ва мактаби ваҳдатоварии Сардори давлатамонро барои ҳалли низоъҳои миллӣ мавриди омӯзиш қарор медоданд. Дар ин хусус ҳанӯз соли 2002 Муншии умумии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Ян Кубиш чунин гуфта буд:
«Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни дигари ин мамлакат истифода шавад».
Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Дар идомаи чорабинӣ дигар меҳмонони ҳузурдошта низ суханронӣ намуда, хурду бузурги ноҳияро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, шодбош гуфтанд.
Баъди анҷоми қисмати сиёсӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолу озодӣ, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон