Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддию молӣ ба табақаи ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.
Имрӯз дар ноҳияи Балҷувон бо таваҷҷӯҳ ба татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шахсони саховатпеша ба ятимони кул, маъюбон, бепарасторон ва дигар оилаҳои эҳтиёҷманд дар доираи таҷлил аз ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва иди Қурбон кумакҳои молию пулӣ расонида шуд.
Кӯмакҳоро муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхиё, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Зоирзода Маърифат ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон Файзуллозода Файзиддин ва дигар шахсони масъул ба шахсони эҳтиёҷманд, расониданд.
Табақаи фарогир аз кӯмакҳои навбатӣ миннатдории хешро ба Роҳбарияти давлат, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу дастгириҳои доимӣ расонида, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон, дасти дуо бардоштанд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон