Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи муштарак ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳаммияти махсус касб менамояд. Вақте сабабҳои пайдоиши терроризм пурра муайян мегарданд, моҳияти он возеҳу равшан ва тадбирҳои мубориза низ хусусияти воқеӣ мегиранд. Ҳадафи мубориза бар зидди ин падида нишонрас гардида, пояҳои бунёдӣ ва манбаъҳои пайдоиши он комилан фалаҷ мегарданд, ки боиси ба даст овардани натиҷаҳои назарраси муқовимат ва расидан ба мақсади ниҳоӣ мешаванд. Аммо дар шароити муосир сиёсишавии дин бештар дар шакли сиёсишавии ислом зоҳир мегардад. Нисбати халқиятҳое, ки пайрави ислом мебошанд, бозингарони геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин истифода мебаранд. Аниқтараш на худи дин, балки сиёсӣ намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани хислатҳои трансседентӣ он ба афзори бозингарони геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо доллар харҷ мешавад. Дар иртибот ба ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуда буданд: “Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусалмон шуда истодаанд. Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем”.
Неруҳои сиёсие, ки динро ҳамчун силоҳи идеологӣ истифода мебаранд, барои тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ки мақсади ниҳоии онҳо аст, ба ҳама гуна воситаҳои мубориза, аз ҷумла зӯроварӣ, ки дар шакли терроризм зоҳир мешавад, низ рӯ меоваранд. Дар ин замина идеологияҳои зиёд, ба монанди ваҳҳобизм, салафизм, таҳриризм, толибизм ва ғайра дар хориҷа сохта шуда, миёни мусалмонон ворид карда шуданд.
Воқеан, дар замони муосир бархе аз кишварҳои манфиатҷӯйи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ барои расидагӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ва қонеъ гардонидани манфиатҳои геосиёсию геоиқтисодии худ зуҳуроти сиёсишавии динро мақсаднок босамар истифода менамоянд. Натиҷаи тамоюли тағйирёбанда ва шиддат гирифтани вазъи амниятӣ дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа собит менамояд, ки сиёсишавии дин ва исломи сиёсӣ хусусияти устувор пайдо карда, ба як хатари глобалӣ табдил ёфтааст. Одатан, кишварҳои манфиатҷӯ аз хушбоварӣ ва эътиқоди баланди динии аҳолии давлатҳои мавриди назар истифода бурда, ба сиёсикунонии дин, ки боиси пайдоиш ва инкишофи террроризм мегардад, машғул мешаванд, зеро зуҳуроти терроризм, ки маҳсули он аст, яке аз василаи осон, каммасраф ва муфид барои қонеъ гардонидани манфиатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ маҳсуб ёфта, заҳмат ва харҷи зиёдро тақозо намекунад.
Дар натиҷаи таҳлил ва таҳқиқи зуҳуроти хатарзои зиддинсонӣ муайян карда шуд, ки дар баробари сабабҳои зикршуда омилҳои зерин низ барои пайдоиш, паҳншавӣ ва инкишофи терроризми муосир замина мегузоранд:
1. Дастрасӣ пайдо кардани созмонҳои террористию экстремистӣ ба технологияи муосири иттилоотӣ, яъне дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротиву террористӣ, даъват ва ҷалби шаҳрвандон ба сафи ин ташкилотҳо, омода намудани амалҳои террористӣ, инчунин, маблағгузории онҳо васеъ истифода гардидани шабакаҳои интернетӣ мебошад. Дар олами ВАО интернет яке аз асоситарин ва умумитарин воситаи дарёфти ахбор ва мавод ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, сайтҳои роҳнамо, ки аксаран сарчашмаҳои ташвиқ намудани маводи террористию экстремистӣ маҳсуб мешаванд, тадриҷан зиёд гардида истодаанд. Акнун ҷомеаи иттилоотӣ ба тӯдаи таҳдидҳои шадиди иттилоотӣ аз тарафи экстремистон ва террористон мувоҷеҳ шудааст. Айни ҳол барои ин шабакаҳо ва хизматгузориҳои ВКонтакте, Одноклассники, YouTube, Facebook, Instagram, Livejoumal, RuTube, Foursguare, Twitter ба кор бурда мешавад. Имрӯз шумораи зиёди шабакаҳо ва барномаҳои мухталифи интернетӣ мавриди истифодаи террористону созмонҳои террористӣ қарор дорад. Онҳо метавонанд дар як лаҳза бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти гуногуни хусусияти экстремистию террористидоштаро паҳн намоянд. Масалан, қаблан мубаллиғони ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо одамон рӯбарӯ истода, таблиғот мебурданд. Ҳоло бошад, онҳо метавонанд бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ дар фурсати ниҳоят кӯтоҳ шумораи зиёди одамонро ба таблиғот фаро гиранд.
2. Таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ маҳсуб меёбад. Раванди ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани наврасону ҷавонон ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, бунёдгароии динӣ ва моилсозии ҷавонон барои гаравиш ба гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ арзёбӣ мегардад.Таҷриба нишон медиҳад, ки бештари ашхоси ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулбуда пойбанди равияву ақидаҳои бегона ва хурофот буда, ба мағзшӯйӣ ва мафкурасозии наврасону ҷавонон машғул мебошанд. Аз ин лиҳоз, яке аз омилҳои пайдошавии зуҳуроти номатлуби терроризм маҳз таълими ғайриқонунии динӣ мебошад.
3. Дониши нокифояи динӣ ва дунявӣ, ки боиси фирефтаи мубаллиғони тундгарои ифротӣ ва террористӣ шудани ҷавонон мегардад.
4. Таъсири маънавию ахлоқии оила ва муҳити истиқомат, ки аксар вақт боиси болоравии ҳувияти динии наврасон ва минбаъд шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ мегардад.
5. Ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди шадиди тамаддунҳо. Дар раванди бархӯрд ва омезиши тамаддунҳо ихтилофоти гуногуни фарҳангию динӣ ба вуҷуд омада, ба пайдоиш ва инкишофи терроризм мусоидат намуда истодаанд.