Раванди ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастани одамон, бахусус ҷавонон, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки насли нави гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои ҷадиду муассири амалҳои таблиғотию ташвиқотиро тариқи васоити иттилоотӣ ё инки «фановарии иттилоотӣ ва иртиботӣ» (ФИИ) истифода мебаранд. Маҳз ана ҳамин ҷиҳат равишҳои таблиғотии таъсирнок ва истифодаи маҷмӯан васеъ аз васоити иттилоотиву шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ба сатҳи байналмилалӣ расидани ҳамагуна зуҳурот ва хатару таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки таи солҳои охир дар шабакаи интернет ҳаргуна сомонаҳои мухталифи иҷтимоие ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосеро дороанд. Агар шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф иртиботи одамонро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ба шумор мераванд. Ин аст, ки имрӯзҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои мухталифи динию радикалӣ пайваста фидоиён ва пайравони навро баҳри манфиатҳои хеш моҳирона ҷустуҷӯ ва пайгирӣ мекунанд. Атрофи инчунин гурӯҳҳои ифротие, ки аз сомонаҳои гуногуни интернетӣ васеъ истифода мебаранд, муҳаққиқони гуногуни соҳа борҳо таъкид мекунанд, аммо боз ҳам қисмате аз одамон ба доми фиреби ингуна ашхос ё инки бо ном «таблиғотчиён» меафтанд. Аслан, ҳадафи ингуна гурӯҳҳо, чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, ҷавонон ҳастанд ва айни замон бошад, таблиғгарон амалҳои худро хело айёрона ва нозукона амалӣ мекунанд.
Имрӯзҳо ҷаҳон ба сӯи ҷомеаи иттилоотӣ равона аст ва бо сабаби пешрафти ФИИ дар шабакаи интернет сомонаҳои зиёди иҷтимоӣ монанди ОК (Одноклассники), Facebook (Фейсбук), ВКонтакте, Мой мир, Habrahabr (Ҳабраҳабр), BeOn (Бион), MYSPASE (Майспейс), WhatsApp (Ватсапп), Мой круг, Twitter (Твиттер), Telegram (Телеграм) ва амсоли инҳо мавҷуданд, ки шумораи аъзоёни онро садҳо ҳазор ва ҳатто миллионҳо нафар ташкил медиҳад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир террористон низ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ба воситаи тарғибу ташвиқи иттилооти зараровар ба шуур ва рафтори одамон, хусусан насли ҷавон таъсир расонида истодаанд. Қисми зиёди нафароне, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротии сиёсӣ ва динӣ пайваст мешаванд, маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ мегарданд. Яъне, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари пешрафти ФИИ, вазъияти сиёсӣ дар чаҳон низ хело хатарнок ба назар мерасад, чунки шабакахои иҷтимоӣ кори террористони таблиғгарро барои паҳн кардани ақида ва ҷалби пайравони хеш хело осон кардааст. Бештар воситаҳои мазкурро ташкилоти динӣ-экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба таври хеле фаъол истифода мебарад. Махсусан, ингуна мавод дар сомонаҳои ғайрирасмии онҳо ба таври ошкоро интишор шудаанд. Айни замон натанҳо «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», “Давлати исломӣ”, “ТЭТ наҳзат”, “ТЭТ Гурӯҳи 24” балки дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ташкилотҳои экстремистии дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолияткунанда воситаҳои иттилоотию коммуникатсиониро ба таври васеъ исти фода мебаранд.
Аз хотир набояд фаромӯш кард, ки омилҳо ва роҳҳои ҷалби ҷавонон, хусусан дар шароити замони муосир хело гуногун ва мураккабу пардапӯшона мебошанд. Пеш аз ҳама, албатта воситаҳои зиёди психологӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро тарғибгарон хело хуб медонанд ва аз он фаъолона истифода мебаранд. Онҳо барои ҷалби ҳамсӯҳбати хеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мактабҳои махсуси мағзшӯиро мегузаранд ва аз фановарии иттилоотию иртиботӣ моҳирона бархӯрдоранд. Қабл аз ҳамсӯҳбат шудан, онҳо худро ҳамаҷониба, чӣ аз ҷиҳати иттилоот ва чӣ аз ҷиҳати баҳодиҳӣ нисбат ба шахси таҳти ҳадафи хеш қарордода омода мекунанд. Махсусан, ба хусусиятҳои равонӣ ва симои зоҳирии онҳо диққати хосса медиҳанд. Хислати худашонро нисбат ба хулқу атвори ҳамсӯҳбат мувофиқ кунонида, боварии тарафро ба даст меоваранд ва ҳамин тавр мақсади аслии хешро зина ба зина амалӣ месозанд. Яъне, бештаре аз мағзшӯиҳо, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ –иртиботӣ анҷом меёбанд, чунки дар замони муосир қариб ҳар яки мо дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоию иртиботӣ саҳифаи шахсии худро дорем ва баъзе ашхос, бахусус ҷавонон оқибати кори худро наандешида, ҳолати рӯҳии хешро дар лавҳаҳои худ тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ дастраси дигарон менамоянд. Аз ингуна имкониятҳо таблиғгарон хеле васеъ истифода мебаранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба қурбонии хеш наздик шаванду бо вай ҳамдардӣ баён созанд ва худашонро чунон вонамуд намоянд, ки онҳо низ дар вазъияти қурбоншуда қарор доранд. Ҳамин тавр бо гузашти каме вақт таблиғгарон мекӯшанд, то ба ҳамсӯҳбати худ тарзи дигари зиндагиро пешниҳод кунанд. Мисоли ин гуфтаҳо кам нестанд. Чунин одамон ҳатто қодиранд, ки ҳамсӯҳбаташонро бо метододҳои гуногуни психологӣ мағзшӯӣ карда, ӯро азаҳли хонаводаи хеш дур андозанд. Таъкид намудан зарур аст, ки барои таблиғгарон, пеш аз ҳама, муҳимтарин кор ин шахсро ба худ наздик кардан ва боварии ӯро ба даст овардан маҳсуб меёбад. Сипас, ҳамсӯҳбатро метавонанд тадриҷан бо усулҳои дигари рӯҳию равонӣ мавриди истифода қарор диҳанд.
Аз ин лиҳоз, андешидани баъзе чораҳоро низ дар самти баланд бардоштани муқовимат алайҳи гаравидани ҷавонон бо чунин гурӯҳҳо мувофиқи мақсад медонем: баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия; таъсиси ҷойҳои кории зарурӣ ва ба маоши хуб таъмин кардани ҷавонон (ҳолатҳои зиёде, ки ҷавонон ба ин гурӯҳҳо пайваст мешаванд, ин набудани ҷойи кор ва маблағи хуби корӣ баҳри зиндагӣ аст); берун аз муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани маҳфилҳои илмию фарҳангӣ; ташкили муассисаҳои махсуси машваратию психологии таҳти назорати органҳои давлатӣ; барзиёд кардани тарбияи кадрҳои баландихтисос, хусусан ҷавонон дар самти амнияти иттилоотӣ; пешгирӣ аз паҳн кардани ҳаргуна иттилооти иғвогаронаи сиёсӣ дар байни ҷавонон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ; пурзӯр кардани назорати фазои иттилоотии ҷомеа вабурдани корҳои пешгирикунанда дар муассисаҳо ва корхонаҳо.