Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 3978
  • Автор: admin
  • Дата: 9-04-2023, 22:03
9-04-2023, 22:03

ОМИЛҲОИ ГАРАВИШИ БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Бахш: Маълумот

Мутаассифона давоми солҳои охир афроде низ вомехӯранд, ки аз ин шукуфоӣ ва рушди бемайлони мамлакатамон хурсанд нестанд ва кӯшиш мекунанд ба ҳар роҳу восита дар ин сангар санге гузошта бошанд. Барои дар амал пиёда намудани чунин мақсадҳои нопоки худ ин гуна гурӯҳҳо маҳз аз қишри ҷавонони мамлакат истифода бурданӣ мешаванд.

 

Дар навбати худ ҷавононе низ вомехӯранд, ки аз рӯи нофаҳмӣ ва ноогоҳӣ пайрави ақидаҳои нопоки ин гуна гурӯҳҳо мегарданд ва барои тарғиби ақидаву ғояҳои онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои террористиву ифротӣ ва равияҳои номатлуби ҷомеа оқибати ноогоҳӣ ва дарки нодурусти арзишҳо ба ҳисоб меравад.

 

Таҷрибаи солҳои охир дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа нишон дод, ки аслиҳаи асосии ин гуна гурӯҳҳои ифротӣ дар роҳи ҷалби ҷавонон ба сангарҳои худ дин ба ҳисоб меравад. Ҷавонони таассубкор ва аз аслияти дини мубини ислом ноогоҳ ба мавъиза ва пандҳои дурӯғини мағзшӯёни гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бовар карда, ба қавле “барои ҷиҳод” ба сафи ин гуна гурӯҳҳо мепайванданд. Баъди дарки ҳақиқати ин гуна гуруҳҳо аллакай дер хоҳад шуд. Таърих нишон дод, ки ин таҷрибаи талхро қисмати зиёде аз ҷавонони тоҷик, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои Шарқи наздик иштирок намудаанд, доранд.

 

Шомилшавӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти террористиву ифротӣ дошта, чанд омили асосиро доро мебошад.

 

Яке аз омилҳои асосии ба ин гуна хусусияти террористиву ифротӣ дошта, шомил шудани ҷавонон ин пеш аз ҳама надоштани саводи кофӣ ва маърифати ҳуқуқӣ мебошад, ки ҷавононро бо роҳи фиребу найранг ба доми наҳангҳои дохилӣ ва хоҷаҳои хориҷӣ меафтонад. Мисоли одӣ ин гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротие мебошад, ки дар кишварҳои арабӣ фаъолият менамоянд ва дар ноамн сохтани вазъи минтақа даст доранд. Ин гурӯҳҳо асосан муҳоҷирони меҳнатиро, ки қишри осебпазир ба ҳисоб мераванд, туъмаи ғаразҳои нопоки худ месозанд.

 

Омили дигар ва бисёр муҳим, ки давоми чанд соли охир фазои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ гардидааст, ин фазои беназорат ва то дараҷае холии интернетӣ ва моҳворавист. Маҳз тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм, Ютуб, Одноклассники ва амсоли инҳо гурӯҳҳои ифротӣ бо ташкили сомонаҳои гуногуни мағзшӯянда ва ҷалбкунанда ҷавононро барои пайвастан ба сафи худ даъват мекунанд. Эшон ибтидо бо тарғиби ғояву ақидаҳои динӣ ва насиҳатӣ ҷавононро ба сомонаҳои худ даъват намуда, минбаъд бо истифода аз методҳои касбии психологӣ ҷавононро ба сангари худ даъват мекунанд.

 

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҳама омили муҳим, ки боиси гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ гардидааст, ин зиёд будани вақти холии эшон ба ҳисоб меравад. Ҷавонон аз надонистани он ки вақти холии худро ба чӣ кор сарф намоянд, ба интернет рӯй меоранд ва ноогоҳона туъмаи наҳангҳое мегарданд, ки омодаи истифодаи ин фурсат буданд.

 

Гаравиши ҷавонон ба сафи ин ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро водор намудааст, ки ҷиҳати андешидани чораҳои таъхирнопазир дар пешгирии он ҳаракат намоянд. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё гардонида шуда истодаанд, ки ҷавонон метавонанд, аз онҳо озодона ва бе ягон мушкилӣ истифода намоянд.

 

Дар навбати худ зикр намудан лозим аст, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракати хусусияти ифротиву террористӣ дошта, моро зарур аст, корҳои амалиро дар як қатор самтҳо боз ҳам ҷонноктар намоем.

 

Пеш аз ҳама бояд миёни аҳолии мамлакат ва бахусус қишри наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шавад, ва ашхосе, ки азми муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, пеш аз сафар бо қоидаву қонуни будубош дар кишвари хориҷӣ шиносонида шаванд. Дар чунин ҳолат ба роҳ мондани санҷиши донишҳои умумӣ ва ҳуқуқӣ низ ба мақсад мувофиқ буда метавонад.

 

Инчунин, барои камтар намудани хавфи гаравиши ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои мамнуъ бояд сар карда аз оила, назорати ҷиддӣ аз болои истифодаи телефонҳо мобилӣ, бахусус, шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин самт аллакай дар миқёси Тоҷикистон чораҳои амалӣ андешида шуда, тибқи қонунгузории мамлакат истифодаи нодуруст ва ғайримақсадонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба амнияти мамлакат хавф эҷод мекунад, ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад. Дар ин замина бояд фазои интернетӣ дар кишвар таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад ва холигии фарҳангие, ки имрӯзҳо дар он мушоҳида мешавад, бо барномаҳои фарҳангиву хонишҳои гуногун пурра карда шавад.

 

Дар ин росто ҷиҳати то дараҷаи минималӣ кам намудани вақти холии ҷавонон зарур аст, дар кишвар шумораи толорҳои фарҳангӣ, майдончаву толорҳои варзишӣ, китобхонаву театрҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар инфрасохтори фароғативу эҷодӣ зиёд карда шавад. Дар ин ҳолат вақти изофаи ҷавонон ба корҳои нолозим неву барои омӯзиши илму маърифат ва гирифтани дониши зарурӣ сарф мегардад.

 

Дар маҷмуъ оила, ҷомеа ва давлатро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, муҳаббат ба фарҳангу маданият ва таърихи ин миллати қадимӣ, арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати он ва ифтихор аз гузаштагони худ тарбия намуд. Дар чунин ҳолат ҷавонон натанҳо аз пайвастан ба сафи ин гуна ҳаракатҳо худдорӣ мекунанд, инчунин барои пешгирии тарғиби он низ монеа хоҳанд шуд.

 

Бетарафиву бепарвоӣ нисбати тарбияи ҷавонону наврасон ин санг андохтан ба ояндаи мамлакатамон мебошад. Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки нисбати ояндаи давлату миллати худ бетарафӣ зоҳир нанамуда, кӯшиш намояд, ки ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои номбаргардида то ба дараҷаи хурдтарин саҳми худро гузошта бошад. Зеро маҳз ҷавонон ояндаи гулгулшукуфони кишвари ҷавонамонро таъмин карда метавонанд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ҷавонони тоҷик дигар аз он ҷавононе нестанд, ки ба ҳар бофтаву хаёлот ва буҳтону туҳматҳои хоинони миллату давлат бовар кунанду фирефтаи доми онҳо гарданд. Бо камоли итминон гуфтан мумкин аст, ки насли имрӯзаи ҷавонони Тоҷикистон омодаанд, муқобили ҳама гуна ақидаҳои ифротӣ мубориза баранду, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ояндаи кишварамон ҳиссагузор бошанд.

 

**Беҳрӯз БОРОНОВ,**

 

**муовини декан оид ба таълими факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия**

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^