Дар синфи чорум мехондем. Мудири қисми илмии мактаби мо Амонулло Саидов, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи Кӯлоб буд. Аз ҳамин фан, моро аз синфи чорум то синфи 8-уми мактаби ҳаштсола сабақ омӯхт.
Мо дар ин ақидаем, ки нодонтарин шогирд ҳам, ба лаёқати касбӣ, тахассусмандӣ, хислатҳои инфиродӣ, маънавиёт, рафтор, кирдор иродатмандӣ, тарзи корбарӣ, шеваи ҳаракот ва либоспӯшии муаллимон ҷиддан таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯро меомӯзад. Арзёбӣ, баҳогузорӣ ва хулосабарорӣ менамояд.
Ягон хислати мусбат ва ё манфии муаллим аз мадди назари шогирд дур намемонад. Ва ин сифатҳо як умр дар хотири ӯ нақш мебанданд.
Бидуни шак, синну соли мактабӣ ва донишҷӯйӣ – замони сохтмони бинои бузурги одамиятанд. Ва ин раванд ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати руҳиву равонӣ табиист.
Солҳои шастуми асри гузашта, мутахассисони маълумоти олидор дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, педагогика башумор буданд.
Амонулло Саидов шояд бисту ду – бисту се сол дошт, ки ба ин вазифаи масъулиятнок таъйин шуда буд. Аз лиҳози амалӣ, гӯё ки таҷрибаи кофии муаллимӣ ҳам надошт. Аммо ҷавони хеле серғайрат, бомасъулият ва сахтгир буд. Мо, хонандагони синфҳои миёнаи мактабӣ бошем ҳам, медидем ва дарк мекардем, ки ӯ ҷараёни таҳсил, давомоти хонандагон, тартиб ва низомро дар мактаб бо ҳисси баланди таъйинот ва маорифпарварӣ роҳбарию роҳнамоӣ мекунад. Ҳама корро ба директори мактаб, ки «ӯ роҳбар аст, бояд ҷавобашро гӯяд, ба ман чӣ?» вогузор намекард. «Мактаб макони илму маърифат аст. Ман муовини сарвари мактаб доир ба таълим ҳастам. Ман бояд ҷавоби соҳаро гӯям. Мактаб аз ман аст», – гуфта, муносибат мекард.
Мо чанд маротиба шоҳиди он будем, ки Амонулло Саидов аз китобхонаи мактаб китобҳои дарсии забони русӣ, адабиёти рус, ботаника, зоология, химия ва физикаро ба номи худ мегирифт. Дар дафтарчаи китобхона имзо мегузошт.
Аввалҳо ҳайрон мешудем. Охир Амонулло Саидов муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик аст, барои чӣ ӯ ин китобҳоро мегирифта бошад? Вақте ки барои гирифтани бӯр, бо иҷозат, вориди «хонаи муаллимон» мегаштем, медидем, ки ӯ ин китобҳоро бодиққат хонда истодааст. Аз он чизҳоеро навишта мегирад. Тааҷҷуби мо аз ин боз ҳам зиёдтар мешуд.
Аммо андак дертар аз ин сир бохабар шудем. Амонулло Саидов дар доираи салоҳияти худ, як-як ба дарсҳои муаллимони ҳамин фанҳо медаромад. Дар партаи қафо менишаст. Ба тарзу усули дарсдиҳӣ, дараҷаи тайёрии муаллимон ба дарс ва омодагии шогирдон бодиққат гӯш дода, дар дафтари худ қайдҳояшро менавишт.
Баъдан, ба мо, талабагони кунҷков аз ҳар самт хабар мерасид, ки Амонулло Саидов таҳлили дарсҳои муаллимонро хеле тахассусмандона гузаронида, тавонистааст, ки камбудиҳои онҳоро ошкор ва ба муаллимони ихтисосҳои гуногун маслиҳатҳои муфид диҳад. Самараи ин кори ӯро мо ҳам ҳис мекардем.
Тавре ишора гардид, худи муаллим муддати чор сол аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик бо мо дарс мегузашт.
Ман дақиқ намедонам муаллими мо дар Донишгоҳи Кӯлоб чӣ гуна таҳсил карда бошад, аммо маълум буд, ки донишҳои аълои бунёдиро дар соҳаҳои морфология, синтаксис ва адабиёти классикии тоҷик дорад. Ба дарсҳо бо омодагии хуб меомад. Зиёд шеърдон буд. Дар синфҳои ҳафтуму ҳаштум дар доираи лирикаи классикони адабиёти тоҷик бо завқ шеър мегуфт. Қисмати зиёди он шеърҳо дар китоби дарсӣ набуданд.
Худи муаллим, ба ғайр аз маводи дарсӣ, санъатҳои бадеиро таҳлил ва тафсир намуда, порчаҳои назмиро устодона аз ёд мегуфт.
Барои мисол, санъати бадеии саволу ҷавобро дар назми асри Х таҳлил карда, ҳамчун намуна ин шеъри машҳури сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо маҳорати баланд мехонд:
Омад бари ман.
Кӣ?
Ёр!
Кай?
Вақти саҳар!
Додам-ш ду бӯса.
Аз куҷо?
Аз лаби тар!
Лаб буд?
На!
Чӣ буд?
Ақиқ!
Чун буд?
Чу шакар!
Тарсанда зӣ кӣ?
Зӣ хасм!
Хасмаш кӣ?
Падар!
Муаллим Амонулло Саидов мутахассиси беҳтарини шинохти санъати арӯз буд. Дар тахтаи синф зарфият, имконот, тавонмандӣ ва нозукиҳои ҳиҷоии ин вазни мураккабро устодона ба қалам медод. Ба содагӣ мефаҳмонд.
Ӯ метавонист шахсияти бофарҳанг ва миллатдӯст будани худро тавассути донишҳои умқии худ дар соҳаҳои таърих, адабиёт ва санъати миллати тоҷик намоиш диҳад. Дар ин маврид, тафсири замони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигаронро бо муҳтавои эҷодиёти онон бо далелу мисолҳои таърихӣ ва таърихӣ - бадеӣ фаҳмонад. Хонандагонро ба андешаи худ муътақид кунад. Решаи таассубу хурофотро дар майнаи шогирдоне, ки ба ҳар сабабе дар илму маърифат ва имконоти инсонӣ ҳанӯз донишу малакаи қавӣ надоштанд, заиф гардонад, зери шубҳа гузорад.
Амонулло Саидов супориш медод, на танҳо он шеърҳои шоиронро, ки дар китобҳои дарсӣ ҳастанд, аз ёд кунем. Балки порчаҳои назмии вобаста ба мавзуъ аз дигар китобҳо дарёфткарда ва дар хотираш гирифтаи муаллимро, ки ба мо ҳарф ба ҳарф мегуфт, дар «дафтари адабиёт»-и худи ӯ фикр карда бароварда, нависем. Мисли ӯ аз ёд мекардем. Ифоданок мехондем. Тафсир карда метавонистем. Барои мисол ин порчаҳои назмие, ки то ҳол дар ёди мо мондаанд, аз ҷумлаи ҳамон шеърҳоанд:
Киро дар ҷаҳон ҳаст ҳушу хирад,
Куҷо ӯ фиреби замона хӯрад?
(Фирдавсӣ)
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.
(Рӯдакӣ)
Саҳл аст маро бар сари ханҷар будан,
Ё баҳри муроди хеш бетан будан.
Ту омадаӣ, ки кофиреро бикушӣ?!!!
Ғозӣ чу туйӣ, хуш аст кофар будан!
(Абусайиди Абулхайр)
Ва чандин байти дигари монанди инҳо.
Амонулло Саидов нисбат ба худ ва шогирдон ниҳоят серталаб буд. Аз рӯйи қисм-қисм гузаронидани дарсҳо, яъне ҷудо кардани 45 дақиқа барои пурсиши хонандагон, эълони мавзуи дарси нав, изҳори мундариҷа ва муҳтавои дарс, суолу ҷавоб барои мустаҳкам кардани донишҳои шогирдон дар ин қисмат, сахт алоқаманд намудани дарси гузашта бо дарси имрӯза ва таъкид кардани нуктаҳои муҳимми мавзуъ, мо соати дастӣ надошта бошем ҳам, медонистем, ки чандум дақиқаи дарси муаллим рафта истодааст.
Устоди мо ба фарқ аз баъзе муаллимон, ки мехостанд ҳарчӣ тезтар дарс тамом шавад, тез-тез ба соати худ нигоҳ мекарданд ва ин аз назари шогирдони зирак пинҳон намемонд, занги танаффусро интизорӣ намекашид. Дар дарс бисёр шавқманд ва дар кори худ бо тамоми ҳастӣ банд буд. Занг садо медод. Танаффус ба охир мерасид. Муаллими дигар бо қаламу дафтар назди дар омада меистод. Аммо сухани пурмуҳтавои муаллими мо Амонулло Саидов тамом намешуд. Мо ҳам гузашти вақтро ҳис намекардем. Гӯшу ҳуш шуда, бо завқ худро дар ҷаҳони маонии суханони илмӣ – бадеии пурмуҳтавои муаллим тасаввур менамудем.
Вақте муаллим Амонулло Саидов дарси нав мегузашт, медонист, ки ӯ синфро тасхир кардааст. Вазифаи хонагиро мушаххас мегузошт. Аммо таъкид мекард:
– Дар китоби дарсӣ ҷузъиёте ҳаст, ки ман ба шумо, шогирдон нагуфтаам. Акнун навбат ба шумо. Хӯш, бубинем, ки он чӣ аст?
Ҳамаи мо, шогирдон кӯшиш мекардем, ки он нуқтаро дарёфт кунем. То худамон фаҳмем ва муаллим ҳам аз мо қаноатманд бошад.
Яке аз ин мавзуъҳо дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Носири Хусрав буд.
Ман он мавзуъро қариб, ки «қориазёд» кардам.
Дарси навбатӣ ҳангоми пурсиши мавзуи гузашта даст бардоштам. Муаллим маро ба назди тахтаи синфӣ даъват кард, ки ҳангоми посух, мабодо, ба китоб ё дафтар нигоҳ накунам.
Нақл кардам. Гӯё ба ҳамаи саволҳо ҷавоб додам. Ашъори шоирро, ки хосияти ҳасбиҳолӣ дошт, аз ёд гуфтам. Хомӯш истодам. Ба муаллим нигоҳ кардам. Интизори вокуниши устод гаштам.
– Нағз. Ба дарс тайёрии хуб дидаӣ. Ман мехостам ба кӯшиши ту баҳои сазовор диҳам. Аммо афсӯс. Як лаҳзаеро, ки ман дар дарси гузашта нагуфта будам, сарфи назар кардаӣ. Мавзуъро бояд хубтар мехондӣ. Агар мегуфтӣ, ҷавобҳоят пурра мешуд, – иброз дошт устод.
Намедонам, шояд тамоми қувваи фикрии худро сарҷамъу сафарбар карда бошам, ки якбора, бо ҳаяҷон як нуқтаро ба ёд овардам. Сухан марбут ба манзалати илмӣ ва адабии соҳибқирони тафаккури фалсафии замон аз забони худи шоир садо медод. Он афкорро бо нутқи айнан нақлшуда, ҳамчун иқтибос ба тарзи ифоданок эълон доштам.
Кам медидем, ки муаллим Амонулло Саидов эҳсоси хушҳолӣ ва қаноатмандиашро аз посухи шогирдон ба таври ошкоро нишон диҳад.
Аммо ин дафъа хурсандии худро пинҳон кардан нахост, табассум кард ва ба ман:
– Рафта рӯзномаатро биёр, – гуфт.
Амонулло Саидов шахси эҷодкор буд. Ҳусни хатти хуб дошт. Дар рӯзномаҳои марказӣ ва маҳаллӣ мақолаҳо менавишт. Моро ҳам ба ин кор ташвиқ мекард. Ҳикмати «То мард сухан нагуфта бошад...»-ро дӯст медошт. Ба нутқи шифоҳӣ ва хаттии шогирдон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Тез-тез аз шогирдон диктант ва нақли хаттӣ мегирифт. Онро бодиққату заҳмат месанҷид. Сурх мекард. Баҳои одилона медод. Сахтгирии муаллим Амонулло Саидов ба ҷабр монанд буд. Аммо ин ҷабри ӯ барои мо беҳтар аз меҳри устодоне буд, ки дар бораашон хотироте намондааст.
С. Ятимов
Бознашр аз «Омӯзгор», №20 (12453) аз 16.05.2024