Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Расми хуби тоҷиконро гум макун » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » Расми хуби тоҷиконро гум макун
Информация к новости
  • Просмотров: 892
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 20:29
21-10-2018, 20:29

Расми хуби тоҷиконро гум макун

Бахш: Хабар

 

 

            Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ  ва  арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст. Аксари адибони мо дар бораи одоби меҳмоннавозӣ, усули пазироии меҳмон, рисолату масъулияти мизбон ва аҳамияти ин аъмол нуктаҳои ҷолиб ва ақволи муассире ироа доштаанд, ки дар воқеъ қобили мулоҳиза ва пазириш мебошанд. Абёту ақволе аз қабили:

                                      “Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,

Кӯшише    дар   некномӣ   мекунад”.  

Ё:

         “Дӯст  ояд,  гарм  дар  оғӯш  гир,

         Расми хуби тоҷиконро гум макун”.                                             Ё:                                                                          

“Меҳмон атои Худост”  ва суханҳои дигаре аз ин қабил  дер боз  дар байни мардуми тоҷик машҳуру маъруф аст ва дар воқеъ аҳли ҷомеаи мо аксарият то ҳанӯз ин гуна ақволро дар мавриди пазироӣ аз меҳмон ҳамчун роҳкори худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Чунин роҳкор ба анъанаву қолаби рафтор ва ҳатто метавон гуфт ба менталитети миллии мо мубаддал шудааст. Ин қолаби рафтори миллии мо имиҷи мардуми мо низ ҳаст. Яке аз умдатарин ва беҳтарин сифату хислате, ки хориҷиён дар мавриди будубоши хеш дар Тоҷикистон дар симои мардуми мо мебинанд, маҳз ҳамин хислати меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст. Ин сифату хислат миллати моро на фақат машҳуру маъруф, балки маҳбуб низ гардонидааст. Расму таомули меҳмоннавозӣ ва анъанаву одоби меҳмондорӣ аз қабили қолабҳои шоистаи рафтори миллиест, ки ба хотири густариши нуфузу обрӯи миллат  аз ҷониби хосу оми ҷомеаи мо бояд мавриди пазириш ва корбурд қарор гирад, ба вижа дар мавриди муносибат ва муоширати мо бо  меҳмонони хориҷӣ.

         Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди тангназаре ҳастанд, ки ҳатто ба ин вижагии миллӣ ва сифату хислати неки суннатии мардуми мо, ҳамчунин риоя шудани он аз тарафи намояндагони миллат ва ба хусус роҳбарияти давлат бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле нуктагириҳои бемаврид ва муғризона мекунанд.

Имрӯз  дар сомонаи  risolat tj.com  маводе интишор дода шуд, ки дар он  аз  маросими истиқболи расмии Сарвари давлат аз Президенти Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе ва  бар сари меҳмони худ чатр гирифтани Роҳбари кишвари мо ёд шудааст.

Дар воқеъ рӯзи 8 октябр дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд баргузор гардида буд. Ба ифтихори пазироии мењмони олиќадр майдони Қасри миллат мутобиқи расмиёти маъмулӣ ороста шуда Горди фахрї ва оркестр саф ороста буданд.

Дар маросими пазироии меҳмони олиқадр, ки зери бориши борон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳамчун мизбон барои ҳифзи меҳмони олирутбаи худ аз борон чатр дар даст доштанд.

Маҳз ҳамин илтифот ва риояи таомулу одоби меҳмоннавозӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон, ки як амали бисёр бамаврид ва саршори муҳаббату эҳтиром буд,  мавриди интиқоди шадиди нуктагирону айбҷӯёни  наҳзатӣ қарор гирифт. Бубинед, ки ин каҷкорони каҷандеш дар оинаи каҷнамои пиндори хеш ҳатто амали ростини бузургворонаеро ҳам каҷ тасвир кардан мехоҳанд. Ин баддилон бо чунин нуктагирии бемавриди хеш нохудогоҳона аслан худро расво кардаанд. Онҳо чун пистаи бемағзеянд, ки бо лаб во кардани хеш аз пуч будани худ дарак додаанд.

Бубинед, ки онҳо дар иртибот ба истифодаи чатр аз тарафи Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳангоми қадам задан бо Президенти Ҳиндустон  дар ҳавои боронӣ чӣ гуфтаанд: “Таҳияи  чатр аз пули шаҳрвандони маҳрум ва гирифтани он дар болои сари раисҷумҳури кишвари қудратманд ва сарватманд саволҳои зиёдеро дар зеҳни шаҳрвандоне, ки аз ин чатр маҳруманд, ба вуҷуд меоварад”. Айбҷӯӣ ва нуктагирие наметавонад музҳиктар ва ҳамзамон аблаҳонатар аз ин бошад.

Ин нуктагирон бо сӯиистифода аз ин маврид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахолат карда, бар набуди чатри ҳимоятӣ дар ин росто ишора кардаанд, ҳол он ки муҳоҷират ва ба вижа муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити кунунӣ на фақат дар сатҳи кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишвари мо, балки ҳатто дар сатҳи кишварҳои мутараққиву бузурге чун Чину Руссия,  Ҳиндустону Покистон  ва  умуман аксари кишварҳо ба амре маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо новобаста ба ин давлати Тоҷикистон стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро дар  кишвар қабул карда, дар ин росто ба таври мунтазам барои марҳила ба марҳила поин бурдани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои созандаеро анҷом медиҳад.  Сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обии барқӣ ва ба ин васила таҳияи заминаи саноатикунонии кишвар, ҳамчунин дар доираи имконоти мавҷуда бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ на фақат дар атрофи пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, балки дар тамоми манотиқи кишвар нишонаи равшани талошҳои созандаи роҳбарияти давлат дар ростои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатист.     

Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки манзури нуктагирон аз ироаи масъалаи фавқуззикр  на  арзёбӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, балки корбурди ин масъала ҳамчун абзори сиёсӣ ва таъсиргузории манфӣ бар зеҳни омма аст. Хоинони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳе сари созиш бо арзишҳои демократӣ ва мардумсолоронаи давлати мо надоштанд. Онҳо фақат дар паи аҳдофи тундравонаву ифротии динии худ мебошанд, зеро муқтазои табиати онҳо ва хоҷагони бурунмарзиашон ҳамин аст. Аммо ин афрод бояд  нек донанд, ки маҳз ҳамин муқтазои табиати тундравонаву ифротгароёна ва мардумситезонаи  онҳо  оқибат  сари  эшонро  хоҳад  хурд.

Ҳар к

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^