Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ… » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…
Информация к новости
  • Просмотров: 8001
  • Автор: admin
  • Дата: 26-09-2018, 12:26
26-09-2018, 12:26

НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…

Бахш: Хабар

 

Суҳбати ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таасубӣ ба зеҳни мардум, ки манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем. 

Ҷаноби Парвиз Шаҳчароғӣ, хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нахуст мехоҳам таассуроти Шуморо дар бораи Тоҷикистон бифаҳмам. Ёд дорам даҳ сол қабл аз ин ба кишвари мо ташриф оварда будед, имрӯз онро чӣ гуна мебинед?
- Воқеан дуруст мегӯед, 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будам. Ин даҳ соли дигар моҳшуморӣ мекардам, ки кай фурсат даст бибиҳад, ки боз ба Тоҷикистон оям. Чун тоҷикистонро порае аз сарзамини бузурги ниёгони мо медонам. Бо мардумаш ҳамеша муҳаббат меварзидам ва ҳамчунин ҳам ҳаст. Вақте аз Ванкувери Канада тавассути Франкфурти Олмон ба ҳавопаймои Сомон-Эйр нишастам, шояд барои Шумо боварнокарданист садои тоҷикиро шунида ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, мисли ин, ки ба хонаи худ мерафтам ва бастагонамро (пайвандон) медидам.
Барои ман ва ҳамаи мо меҳанпарастон ҳавзаи фарҳангии тоҷику форс муқаддасу бузург аст. Ман бо вуҷуди он, ки бо баъзе иллатҳо Эронро тарк намуда, чанд соли ахир шаҳрвандии Канадаро пазируфтаам шунидани ҳарфи ниёгон ҳамеша хуш аст. 
Ман ба ҳайси як эронӣ гоҳо фикр мекунам, ки чаро Эрон ба ҷои дастгирии размандагони мазҳабӣ дар кишварҳои даргирсармояи худро барои рушди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабонаш мисли Тоҷикистон ва Афғонистон сарф намекунад. Бубинед, ки агар сармояҳои Эрон чанд соле қабл барои пуружаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон равона мешуданд, имрӯз ба манфиати тамоми минтақа, ба хусус Афғонистон буд. Ин танҳо назари ман нест, балки назари кулли меҳанпарастон аст, ки бо умеди дер ё зуд ба ҳуввияти мардумӣ расидани Эронанд. 
Чаро ба ин мутмаинам? Бубинед, ки имрӯз дар ҷомеаи Эрон, ки фарҳанги қадима ва ориёи дорад ифротгароӣ кам ва шояд комилан ба назар намерасад. Он чӣ, ки Шумо мебинед ин ғолибан хушунати давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, ки эътибори Эронро дар ҷомеаи башарӣ паст мезанад. 
- Яъне барои мардуми оддии Эрон ин эҳсос бегона аст?
- Бале, бубинед, ки имрӯз ба Эрон гардишагарони (сайёҳони) зиёде аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Чину Ҷопон ташриф меоранд ва ман то ҳануз нашунидаам, ки мардуми одӣ бо онҳо муомилаи дурушт дошта бошанд ё тавҳин бикунанд. Баръакс мисли мардуми Тоҷикистон хеле меҳмоннавозу таҳаммулпазиранд. 
Мехоҳам ба посухи нахустсуоли Шумо баргардам. Даҳ соли қабл, ки ба Тоҷикистон омада будам камбуди барқу газ ва мисли ин ба назар мерасид. Он рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд яке аз дӯстонам нақл кард, ки дар баъзе рустоҳо фасли зимистон ҳатто то ду соат барқ медиҳанд. Роҳҳо ноҳамвор ва хатарнок буданд. Ҳавопаймоҳои куҳнаи Шуравӣ парвоз мекарданд, ки хеле тарсовар буд. Имрӯз мебинам, ки фурудгоҳҳо хеле зебо ва замонавӣ шудаанд, ҳавопаймоҳо ҳама «Боинг», ки аз сервизи кишварҳои ғарб ҳеҷ фарқе надорад. 
Шаҳрсозӣ, ки ин чанд соли охир рух додааст барои ман боваркарданӣ набуд. Бо ҳамаи он сармояе, ки Эрон дорад дар Теҳрон ин қадар хиёбону иншооти нав бунёд нашудааст. Ин сохтмонҳое, ки тӯли даҳ сол Шумо бунёд кардед дар Теҳрон ба муддати чиҳил сол насохтаанд. Як масҷид, ки бо унвони «Масҷиди Мусаллои Теҳрон» маъруф аст, ки аз «Кохи Навруз»-и Шумо бештар нест, вале онро беш аз сӣ сол месозанд ва маблағи бамаротиб бештаре ҳам сарф кардаанд, вале ҳанӯз тамом нашудааст. Кохи Наврӯзро, ки ба ин зуддӣ сохтаед ва меъмории беназири он, ки ҳувияти миллӣ дорад ҳазор раҳ беҳтар аз сохтмонҳои ошуфтаиву на классик ва на мудерни Теҳроншаҳр аст, ки инро ба шумо ба ҳайси як муҳандиси сохтмон арз мекунам. Биноҳое, ки дар Душанбе дидам ҳама дар доираи санъату ҳунари миллӣ бо омезиши модерн сохта шудаанд. Кайфияти сохтан хеле арзишманд буда, асари ҳеҷ меъмории бегона ба назар намерасад. Ба лиҳози покизаигии шаҳрӣ ва рафтори иҷтимоӣ ҳамаи инҳо воқеан ҳам нишони пешрафтагист. 
-Лутф кардед…
Ман ин ҳарфҳоро на ба хотири хушоянд будан ба Шумо мегӯям. Бовар кунед ман рушди кишвари Шуморо бо даврони шоҳии Эрон муқоиса кардам ва ба баъзе дӯстони тоҷики худ гуфтам, ки ҳаргиз носипосӣ накунед. Бубинед, ки чи гуна Эрони давраи Ризошоҳи Паҳлавиро, ки обод буд, озод буд ва рӯҳияи пешрафта дошт мазҳабиён дар як лаҳза ба хоки сиёҳ нишонданд.
Ҳамин гуна афроди носипос, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ хуб буду, мардум эҳсоси амният мекарданд дар давраи Шоҳ низ дар Эрон ба назар мерасид. Бубинед, ки мардум ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиндагии хубтару беҳтар аз бударо мехоҳанд. Имрӯз агар дар Ванкувери Канада аз мардум суол кунед, ҳамин шикоятиро мешунавед, ки музд кам аст, шуғл нест… Дар Канада беҳтарин хадамот ба ниёзи мардум ҳамеша расидагӣ мекунад, як соати кор 12 доллар аст, вале боз ҳамин ҳарфҳоро мешунавед…
Яъне носипосӣ гоҳе метавонад ба вазъи бадтаре замина гузорад? 
- Бале. Манзури ман аз ин ҳарфҳои ин аст, ки мехоҳам мардуми тоҷикро ҳушдор диҳам: -ун иштибоҳе, ки мо солҳо панҷоҳуми қарни гузашта кардем, шумо накунед. Ҳамаи ин мушкилоти иҷтимоӣ ҳал шуданист. Нагузоред, ки аз ин вазъ муллову диндорони шумо истифода баранд. Инҳо, ки сари қудрат омаданд на танҳо мол, балки илму фарҳанг, мактаб, зеҳн, андеша, имон ва виҷдони шумо ва ҳатто шодиву хурсандии шуморо ҳам хоҳанд дуздид… 
Вале барои ман ин чиз шигифтовар аст, ки ҳанӯз даҳ сол қабл вақте бо мардуми шумо суҳбат доштам исми онҳо бештар тоҷикии ориёӣ буд. Имрӯз вақте дар ҷодаҳо бо ронандагони ҷавон токсӣ, ки беш аз 20-22 сола нестанд, суҳбат мекунам исми ҳамашон арабӣ аст. Шояд ибтидо ба назар расад, ки ин ҳеҷ айб надорад. Аммо… Ба фарзанд гузоштани номи бегонаи арабӣ ва ор кардан аз исми зебо ва пурмаънои тоҷикӣ худ нишонаи мазҳабӣ будани андеша ва афкори волидайн аст, ки хатар дорад. 
Шумо имрӯз як испонӣ ё инглисро намебинед, ки ба фарзандаш номи миллати бегона, мисли туркӣ, арабӣ ё олмониро гузорад ва ё ҳадди ақал ин амал сартосарӣ нест. Форсҳо ягона мардуманд, ки таърих, фарҳанг ва кеши онҳо бо номашон рабте надорад. Имрӯз вақте, ки мо дар аврупо номамонро мегирем моро бо араб яке мебинанд, яъне фарқ намегузоранд. Ин яке аз нишона ва намунаҳост, ки аз мазҳаби шудани зеҳни мардум дарак медиҳад.
-Имрӯз дар Тоҷикистон феҳристи номҳои тоҷикӣ тартиб дода шудааст, ки бояд шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ аз он истифода кунанд…
- Ин ба унвони ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонагароӣ хеле хуб аст
-Хуб, ба унвони дигар нишонаҳо чӣ далел доред?
- Нишонаи дигар давлатгурезӣ аст. Чизе, ки дар Эрон рух дода буд, яъне ҷудоии байни давлат ва ҷомеа-миллат… Имрӯз бояд ба хеле нигарон буд, ки азҳоб ва ҳаракати диниву мазҳабӣ бо таблиғоти нарм байни мардум ва давлат ҷудоӣ наандозанд. Бубинед, таълимоти онҳо ҳарчанд хилофи сохти демократӣ аст, онҳо бештар аз демократия ва озодиҳои ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, мардумро фирефта мекунанд. Имрӯз мушкили Тоҷикистон демократия нест. Қувваҳои радикал мехоҳанд бо истифода аз демократия ва боварии мазҳабии мардуми тоҷик сари қудрат биёянд ва мутмаин бошед, ки баъд аз як моҳи қудрати онҳо дигар нишоне аз демократия нахоҳад монд. 
Сохти демократӣ низ бо ҳамаи хубиҳош баъзе мушкилоти ҷиддӣ дорад. Имрӯз дар Канада ва ё як кишвари дигари аврупоӣ онҳоеро, ки ба ДОИШ ҳамроҳ шудаву, даст ба қатлу куштор задаанд, аз Сурияву Ироқ бозмегардонанд ва гоҳе мешавад, ки як ҳимоятгари варзида онҳоро аз додгоҳ озод мекунад ва боз пайи ҳамун кори наҳсашон мераванд. 
Нагузоред, ки мисли Эрон мардумро бо ҳамаи он, ки донишманду соҳибилм буданд, гумроҳ кунанд. Беш аз чиҳил сол аст, ки аз ун демократияи ваъдашуда танҳо зоҳир боқӣ мондааст… 
-Бале, ҳамин сохтори демократӣ боиси сари қудрат омадани шахсиятҳое мисли Мусолинӣ ва Ҳитлер дар ҷомеаи пешрафтае мисли аврупо гардид… Суоли дигари ман ин аст, ки сохти давлати моро ба унвони дунявӣ ва секулярӣ мешиносанд. Яъне мо ин мувозинатро ҳамеша нигаҳ медорем, ки дин аз давлат ҷудо бошад. Назари Шумо дар ин маврид?
- Роҳи интихобкардаи Шумо сад дар сад дуруст аст. Ин бузургтарин арзиш аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар шароити Тоҷикистон аз сохти демократӣ афзалиятҳои бештаре дорад. Дар кишварҳои Ховар бояд дин ҳеҷ гоҳ ба умури давлат ва ҳукумат дахолат накунад. Ин на танҳо назари ман, балки назари бузургони андеша аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд. Агар мо ба дарозои таърихи худ назар андозем, ҳатто беш аз ду ҳазор сол қабл, ки подшоҳони мо аз мафҳуми демократия огоҳ набуданд, ҷудо будани динро аз умури давлатӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Ҳамин раводорӣ, ки дар сарзамини бостонии мо динҳо паҳлуи ҳамдигар бо муросову оштӣ қарор доштанд, гувоҳи ин аст. Агар давлат динӣ мебуд яҳудиён ҳанӯз дар давлати Куруш ба сарзамини мо роҳ намеёфтанд ва ба осоиш зиндагӣ намекарданд. Худи Куруши бузург яке аз маъруфтарин секулярҳо дар замонаш буд. Агар ин тавр намебуд, вақте Куруши Кабир ба Бобул ворид мешуд, худои онҳо Мардукро ситоиш намекард ва эҳтиром намегузошт. Дар давлати ӯ бобулиён бо дини худ, яҳудиён бо дини худ ва форсҳо бо дини худ буданд ва ӯ ҳамаи инро гиромӣ медошт. Ҳатто дини Зардуштиро, ки аксарияти мардум ба он эътиқод доштанд намегузоштанд, ки бар дигар динҳо ғолиб бошад, бартарият дошта бошад. Пас ин идеяи ҷудоии дин аз давлат дар фарҳанги ниёгони мо ҳамеша будааст. Пешвои муаззами Шумо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориси Куруши Кабир аст, ки ба қадри ин арзишҳои бунёдӣ мерасад.
Шояд ҳамин ҳуввияти фарҳангӣ аст, ки имрӯз мардуми эронӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Мехоҳам қиссаеро ба Шумо нақл кунам. Чанде қабл ҳангоми Наврӯз дар Эрон будам. Ба руфтагаре (фаррош), ки ҳар субҳ роҳ мерӯфт ба хотири ҷашни Наврӯз чизе туҳфа кардам. – Чи рӯзи баде расидааст, -мегуфт бо таассуф руфтагар. Чӣ шуд? -суол кардам аз ӯ. Сар такон медод ва мегуфт, ки рӯзе нест, ки даруни ин ашғол (партов) чанд китоби мазҳабиеро пайдо накунам. Чун рӯфтагар мӯйсафеди мутаассибе буд чизе нагуфтам, вале андеша кардам, ки бубин кор то куҷо расидааст. Бо вуҷуди он, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз субҳ то шом бо охундҳои худ таблиғи дину мазҳаб мекунанд, мардум китоби эшонро дар партовгоҳҳо меафкананд. 
Чаро ин тавр шуд? Ҷомеаи имрӯз ҷомеаи сад соли пешин нест. Мардум гуфтор рафтори рӯҳониёнро муқоиса мекунанд ва ба хулоса меоянд. 
-Пас чӣ омилҳо сабаб гардид, ки ҳукумати шоҳӣ сарнагун шуд?
- Яке аз мушкилии ҳукумати шоҳӣ дар он буд, ки хондану таҳқиқи рисолаҳои динӣ дар ҷомеа мамнуъ буд. Касе намедонист, ки роҳбарони инқилобӣ дар китобҳояшон чӣ навишта буданд. Касе намедонист, ки аввалин шахси мухолифи ҳаққӣ райъи занон дар интихобот онҳоянд. Охундҳо ба майдон фурӯ рехтанд, давлат онҳоро саркӯб кард, вале асли аъмоли эшонро ошкор накард. Мардум чун аз назару андешаҳои аслии онҳо огоҳ набуданд, фиреб хӯрданд. Олимон ва сиёсатмадорони Шумо бояд гуфта ва навиштаҳои мутаассибони диниро таҳқиқ ва ташреҳ кунанд ва ба гӯши мардум бирасонанд, то ҷомеа аз таҳвину хатари эшон огоҳ бошад. Бубинед, ки имрӯз дар Афғонистон на амният аст, на оромӣ ва на озодӣ. Таассуб то ҷое кашидааст, ки бонуи бегуноҳеро мисли Фархунда бо иттиҳоми ҳарфи беҳудае ваҳшиёна сангсор карданд.
Манзури ман ин аст, ки ба ҳарфҳои зоҳирии ашхосе мисли Кабирӣ ва ҳизби ӯ фирефта нашавед. Вақте аз Ҳумайнӣ пурсиданд, ки ҷомеаи исломӣ чӣ гуна мешавад, посух дод, ки мисли Фаронса. Пурсиданд, ки озодии исломӣ чист, гуфт, ҳама озоданд ва ҳатто коммунистон. Вале вақте, ки вориди Эрон шуданд нахустин коре, ки даст заданд куштори комунистон ва дигарандешон буд. Зарфи чанд ҳафта танҳо ҷавононе, ки синнашон зери 30 буд беш аз чаҳор ҳазор нафар дар зиндонҳо ба дор кашида шуданд. Ҳатто беморонеро, ки ба по намеистоданд аз дасташон мебардоштанд то сарашон ба ҳалқаи дор расад. Ин гуфтаҳои тахайюлии ман нест, балки ҳар яки ин санад, аксҳо ва филмҳо дорад. Ман ҳанӯз дар бораи қатли нахустин вазири зан, ки вазири фарҳанг буд, сарфармондеҳу афсарони артиш, ки сарсупурдаи Ватан буданд ва онҳое, ки бенишон нопадид шуданд чизе нагуфтаам. Инро занони мо намедонистанд. Вақте сӯи хиёбон раҳпаймоӣ мерафтанд ва нидои «Дуруд ба Ҳумайнӣ» мезаданд рӯсариву ҳиҷоб надоштанд ва касе аз охундҳо намегуфт, ки аввал рӯсари кун баъд ба тазоҳуроти мо ҳамроҳ шав. Аммо Ҳумайнӣ, ки ба Ватан баргашт рафтанд ба дидораш, гуфтанд ҳар кас, ки ҳиҷоб надорад роҳ надиҳед ва муҷозот кунед. 
Имрӯз, ки Кабирӣ ва атрофиёни ӯ ҳарфи зебо мезананд, чун ба қудрат расанд аз охундҳову толибон ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт. Дар ислом истилоҳе ҳаст бо унвони «тақия». Инҳо тақия мекарданд, ки маънии он то замоне, ки сари қудрат нестӣ нияти аслии худро пинҳон дор. Яъне дурӯғ гуфтану фиреб карданро фатво дода буданд. Шумо нагузоред, ки онҳо дар Тоҷикистон низ тақия кунанд. Нагузоред, ки нияти аслии онҳо аз назари мардум пинҳон монад. 
Агар чаҳор нафари онҳоро ба телевизион даъват бикунеду як рӯзноманигори қавии забондон суол диҳад, ки Бобои мулло оё чаҳор зан гирифтан дар ислом дуруст аст? Оё дуруст аст, ки духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил накунанд? Оё дуруст аст, ки духтари ноболиғро ба шавҳар диҳанд? Метавонад, ки инкор кунад? На! Болотар аз ними ҷамъияти Тоҷикистон, яъне беш аз чаҳори миллион зан аст ва вақте хостаҳои аслии онҳоро фаҳмиданд, бовар дорам, ки ҳатман ба даҳонашон мезананд. 
-Боз кадом кори муассиреро бояд анҷом диҳем, ки ифротиён дар ҷомеа нуфуз пайдо накунанд?
- Шумо дидед, ки як рӯҳонӣ бо кори манфиатворе дар ҷомеа даст зада бошад? Аввалин коре, ки бояд карда шавад онҳоро аз манобеи молиашон ҷудо бикунед. Бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, ки пул барои онҳо аз куҷо меояд. Бубинед, ки имрӯз мову шумо агар мехоҳем, ки коре бикунем душвории маблағгузорӣ пеш меояд, вале дар Аврупо дар ихтиёри Кабирӣ садҳо ҳазор евро гузошта шудааст. Имрӯз чаро як нафар коргар барои пайдо кардани ғизо мушкилӣ мекашад, вале инҳо, ки ҳеҷ ҷо кор намекунанд имкон доранд, ки ҳар сол барои ҳаҷ раванд? Чаро ки бозориёну мардуми мутаассиб, ки бехудона аз думболашон медаванд, эшонро аз лиҳози пул таъмин мекунанд. Аз таассубу бесаводии мардум аст, ки худашон дар тиҳидастиву бечорагӣ қарор доранд, вале аз ҳисобашон мулло ду се зан дораду зиндагии хонаводагиаш аз ҳама имконот бархӯрдор аст. Худашон намедонанд, ки ин эътиқоду муҳаббати кӯр-кӯронаашон рӯзе ба сарашон бало меорад. 
Хуб ин, ки мақомоти қудратӣ ифротиён ва террористонро пайгирӣ ва ҳабс мекунад, ҳанӯз мисли даравидани рӯи алаф аст. Яъне буридани як гиёҳи ҳарза, ки ҳанӯз решааш дар замин пинҳон аст. Сохторҳои амниятӣ вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ки дуруст аст, яъне ҷомеаро безарар мегардонанд. Вале зери ин реша бояд тамоми риштаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кунанд, то ин гиёҳи мурдор дигар сабз нашавад. 
Дар ҳеҷ ҷои Қуръон ҳарфе дар мавриди ҳиҷоб нест. Агар касе мехоҳад, ки дар ин маънӣ ба Қуръон истинод кунад, наметавонад далеле пайдо кунад. Ҳиҷобро ифротиён оварданд, чунки абзори контроли мардум аст. Ман аз чанд охунди шинохта суол кардам, ки оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ҳиҷоб гирифтанро барои бонувон ҳатмӣ шуморад? Ҳама инкор мекарданд, вале идао мекарданд, ки гарчӣ далели нақлӣ надорад, ҳароина ақлӣ аст. Яъне гарчанде, ки дар китобҳо зикраш нарафтааст, инҳо ба «ақл» дарёфтаанд, ки беҳтарин василаи контрол аст. 
Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. 
- Ҳарфҳои Шумо дар боби парчам ва ҳиҷоб, воқеан ҳам ҷолиб буд…
- Бубинед, ки агар ин ҷо сад зани саркушода муқобили як зани ҳиҷобдор қарор бигирад, занҳои саркушода дарҳол бо эҳсоси хатар худро ҷамъ мекунанд. Чун, ки афкори онҳо ифротӣ нест ва мағзашон олуда нашудааст. Вале зани ҳиҷобдор агар касе ташхис диҳад, ки занҳои саркушода мурдору муртаданд омода аст, ки ҳамаи инҳоро пора-пора бикунад. Дар сари ӯ ҳамеша ин андеша ҳаст, ки ман бартарам, ҷойгоҳам назди Худо болотар аст ва ҳақ дорам, ки ҳамаи мардумро довар бошам. Ислом чун ба сиёсат омехт аз намодҳое мисли таблиғу таҳоҷум иборат хоҳад буд, ки пайравони худро аз дигарон тафовут медиҳад. 
Вақте мо динро ба унвони як мавзӯи фардӣ нигоҳ мекунем, ниёзе ба тазоҳур надорем. Ман метавонам бо ҳар дину оине, ки дорам равам дар хона намоз гузорам ва бо Худои худ бо оромиш ниёиш кунам. Вале исломи радикалӣ мехоҳад қудрати худашро нишон бидиҳад. Фаразан дар Истамбули Туркия, ки аслан на кишвари аврупоисту на осиёист, масҷидҳои зиёде ҳаст. Аммо теъдоде аз мусалмонон ба ҷои он, ки бираванд дар масҷид намоз гузоранд, бештари вақт дар сари роҳу хиёбонҳо ин корро анҷом медиҳанд. Чаро? Мехоҳанд қудрати худро ба намоиш бигзоранд, мехоҳанд ки заҳри чашм бигиранд, дар дили мардум тарсу ваҳшат эҷод мекунанд, то дар онҳо эҳсоси озодӣ набошад, ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд. 
-Чаро вақте, ки бо теъдоде аз ин диндорони мутаассиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекунӣ, дарҳол бо ҳарфи дурушт ва алфози қабеҳ посух медиҳанд?
- Усули баҳси инҳо ҳамин аст. Тавре, ки дар боло гуфтам онҳо ҳеҷ баҳсро қабул надоранд. Аслан ба дин ҳам эътиқод надоранд ва онро ба ҳайси як абзори зиндагӣ истифода мекунанд. Дар байни мусалмонони одӣ мардуми поке низ ҳастанд, ки ҳатто мӯреро озор намедиҳанд. Ба зиндаги ва эътиқоди касе ҳам кор надоранд. Вале ифротиҳо бо ин ҳама дигаронро наҷасу муртад эълон доштаанд, омодаанд, ки даст ба куштору қатл зананд. 
Чаро мо мисли онҳо ба дуруштиву лафзи қабеҳ баҳс намекунем. Мисли онҳо таҳдид ба қатлу сар задан намекунем. Чунки касеро ва ҳатто ҷонвар ва ё дарахтеро ба хотири зинда буданаш озор надодан ҷузъе аз омӯзаҳои куҳани фарҳанги ниёгонамон будааст. Ба хотири ин, ки зерсохти фикрии мардуми тоҷик, ҳофизаи таърихии он аз азал гиромӣ ва пок доштани чаҳор унсур обу хоку боду оташ аст. Чӣ ҷои баҳс, ки инсон ва ё ҷонвареро озор диҳад? Хӯи меҳрубонӣ ҳазорсолаҳо дар хуни мардуми тоҷик парвариш ёфтааст. Бубинед, ки теъдоди ҳамаи ифротгароён дар Тоҷикистон як фисад ҳам беш нест. Онҳо ҳам, ки мағзашон шустушӯ шудааст ва дигар аслу насаби худро фаромӯш кардаанд, дигар тоҷик нестанд, балки як ваҳобиву салафиву таҳрирӣ ҳастанд. 
- Пас барои шустушӯи мағзӣ нашудани ҷавонон бояд чӣ кард? 
- Барои ҷомеа бештар ун касоне хатарноканд, ки аз кӯдакӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Чаро аксари интиҳориёни афғон мардуми пушту ҳастанд? Чаро, ки онҳоро аз хурдӣ дар мадрасаю таълимгоҳҳо ба ин кор омода мекунанд. Чаро як марди бузургсол аз ин фирқа даст ба интиҳор намезанад, вале ҷавононро ба ин кор раҳнамоӣ мекунад? Чаро ки бовар надорад, ки худро тарконаду муъҷиби куштори чанд одами бегуноҳ шавад, биҳишт меравад. Ин корро танҳо ба хотири сарвату қудрат мекунад. Толибон дар Афғонистон пойгоҳҳо доранд, ки дар онҳо кӯдаконро аз хурдсолӣ ба террор таълим медиҳанд. Ҳатто дар Сурия ҷангиёни ДОИШ курдону эзидиҳоро мекуштанд ва кӯдакони онҳоро дуздида дар ӯрдугоҳҳо бомба бастану сар задану кушторро меомӯхтанд. Дар мағзи онҳо хушунату бадбиниро нисбати дигарон ҷо мекарданд. 
- Сипос барои як суҳбати фарогир ва самимӣ. 
- Банда низ сипосгузорам, ки як имкони мусоид барои баёни назару андешаҳоям фароҳам овардед.

Суҳбатнигор Бахтиёр Ҳамдам

ФАРАЖ
№39 (617) 
26.09.2018


 

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^