Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » Душмани ислом дар ниқоби ислом
Информация к новости
  • Просмотров: 1146
  • Автор: admin
  • Дата: 7-02-2018, 05:31
7-02-2018, 05:31

Душмани ислом дар ниқоби ислом

Бахш: Хабар

Вақтҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак мардуми ватандўст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад. Зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурўҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад. Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сўзонидани одамон мебошад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар мувофиқа ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СХШ манъ аст, ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон”  ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини Ислом маҳсуб меёбад.

Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, ҳаракати исломии ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.

Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.

Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ  - роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дўстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.»

Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.

 

Аз ин лиҳоз мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсадњои нопоки худ нарасад.