НОБ-и Роғун мебиёрад бар диёрам бахти хуш,
Чашми чашмгирони душман эй Худоё ту бипӯш.
Халқи тоҷик солҳо буд мунтазири ин сана,
Ту бидоди сабр моро хам хирад ҳам ақлу ҳуш.
Тоҷикистон ид бар болои иадш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.
Халқи тоҷик ид дорад иди НОБ-и Роғунаш,
Меканад хоки замин бо қувваҳои нохунаш.
Хама гӯянд ахсану сад офарини Сарвараш,
Аз азал буд неки кардан баҳри халқи кивараш.
Тоҷикистон ид бар болои иадш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.
Роғун ҳаётасту мамот аз баҳри халқи кишварам,
Шукронаи Халқу Худо ҳам Роғуну ҳам Сарварам.
Хушбахтии мо мешавад бадбахтиҳои душманон,
Ман меҳри Роғуни Ватан андар дилам мепарварам.
Тоҷикистон ид бар болои иадш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.
Кишвар фурӯзон мешавад аз файзи Роғун дӯстон.
Дилҳо мунаввар мешавад аз пайки Роғун дӯстон.
Душман агар ҳарфе занад қадре надорад ӯ дигар,
Дунё хабардор мешавад аз чархи Роғун дӯстон.
Тоҷикистон ид бар болои иадш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.
Роғун кафили зиндаги бар кишвари мо мешавад,
Роғун масири таърихӣ аз дил ба дилҳо мешавад.
Ин муждаи вологуҳар бар душмани ту даҳшатаст
Донед, ки Роғун мотаме бар душмани мо мешавад.
Тоҷикистон ид бар болои иадш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.
Шамсӣ ҚАМАР