Бояд гуфт, ки мусоидат ба баробарҳуқуқии гендерї дар самтҳои ислоҳот ва пешрафти ислоҳоти ҷараёни аграрї аз бисёр ҷиҳат аз он вобастагї дорад, ки чї гуна иқтидори захиравии занҳо истифода бурда мешаванд ва чї тавр ҳуқуқҳои онҳо дар самтҳои ислоҳот тибқи шартҳои зикргардидаи сиёсати миллї риоя мешаванд.
Бо дарназардошти он ки ҳамаи муҳоҷирони меҳнатї асосан мардҳо мебошанд, бори вазнини фаъолияти иқтисодию иҷтимої, алалхусус кишоварзї низ пурра ба ӯҳдаи занҳо гузаштааст. Аз ин рӯ суҳбату вохӯриҳо бо занон дар доираи кору фаъолият бо замин яке аз корҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Ногуфта намонад, ки айни ҳол дар қаламрави ноҳия роҳбарии 26 хоҷагиҳои деҳқониро занон ба ӯҳда доранд. Ҳамчунин зиёда аз 100 нафар занону духтарони дигар аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонї мебошанд, ки самти асосии фаъолияти онҳо зироатпарварию чорводорї ва боѓу токпарварї мебошанд.
Мутобиқи ҳисоботҳои оморї айни замон шумораи аҳолї дар ноҳия 32 146 нафар буда, шумораи занон 15 770 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия 55 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда буда, ки аз ин шумора 28 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонї мебошанд. Ҳамчунин дар ноҳия занони соҳибкор 40 нафар, дар соҳаи маориф 168 нафар, дар соҳаи тандурустї 175 нафар ва дар соҳаи фарҳанг 52 нафар занону бонувон ба кору фаъолияти меҳнатї машѓул мебошанд. Инчунин 7 нафар занон вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 11 нафар занон вакилони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мебошанд.
Занон дар ноҳия дар баробари мардон дар самти кишоварзї, чорводорї, занбурпарварї ва истифодаи самараноки замин меҳнат карда, дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия саҳми босазои худро мегузоранд.
Дар вохӯрию мулоқотҳои доиргардида занону бонувон иштироки фаъолона ва ибрози андешаҳои ҷолиб намуданд, ки ин гувоҳи пайвастагии онҳо бо замин ва таҷрибаи ѓанияшон нисбати корҳои кишоварзї мебошад.
Р. Қурбонзода