Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТЇ ВА ШАКЛГИРИИ СИСТЕМАВИИ ОНҲО » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТЇ ВА ШАКЛГИРИИ СИСТЕМАВИИ ОНҲО
Информация к новости
  • Просмотров: 564
  • Автор: admin
  • Дата: 4-11-2019, 20:59
4-11-2019, 20:59

ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТЇ ВА ШАКЛГИРИИ СИСТЕМАВИИ ОНҲО

Бахш: Хабар

 

Аммо. Бо камоли таассуф. Мулло, воиз ва сархатиби тоҷик баръакси охунди туркї, охунди эронї ва охунди ваҳҳобї аз улуми сиёсї қариб бехабаранд. Динро бо сиёсат омезиш медиҳанд. Ҳисс ва ҳуввияти миллї аз даст додаанд. Кур-курона ба охундҳои бегона дар ришгузорї, либоспӯшї, сухангӯї, рафтор, ақида ва муносибат тақлид мекунанд. Равиш ва одоби намозгузории ҳанафиро омехта бо аносири бегонапарастї намудаанд. Бисёре аз сархатибони масҷидҳои ҷомеъ қабл аз баргузории намози ҷумъа “шпарлгалкаҳо”-и дасташонро озодона ва бурро хонда наметавонанд. Ин гувоҳи он аст, ки масъулиятро ҳис намекунанд. Намозгузоронро хаста мекунанд. Нафрат эҷод мекунанд. Эътибор аз даст додаанд. Кушоду равшан, мардонавор аз сиёсати давлат пуштибонї намекунанд. Бо ин усул мардуми мусулмонро гирифтори шакку шубҳанисбат ба таълимоти мазҳаби ҳанафї менамоянд. Ин фурсат барои решадавонии ҳаракатҳои иртиҷої шароити ақидавї ва эътиқодї фароҳам меоварад.

 

Аз ҷониби дигар иддае аз мулло ва уламои хирадманди ватанї ба доми тазвири хоинҳои такфирї, пуштибонҳо, муздурони ташкилотҳои моҷароҷӯ гирифтор нестанд. Ҳуввият, нангу номуси миллї ва мазҳабиро дар ивази пулу сарват нафурӯхтаанд. Намефурӯшанд. Ҳамеша дар доираи исломи муътадил ва суннатї собитанд. Алайҳи ҳама гуна нерӯҳои аҳриманї ва зархаридони хориҷї муқовимати имонї ва илмї мекунанд.

 

Вақти он фаро расидааст, ки аз дониш ва таҷрибаи мулло ва руҳониёни кишвар, ки таълимгирифтаи мактаби диёнатї ва ҳавзаҳои илмии Бухорову Самарқанд ҳастанд, самаранок истифода намуд. Онҳо камшумор боқї мондаанд. Дониш ва маълумотҳои мазҳабии онҳо монеъи бузург барои густариши ақидаи ботил ва афкори шуми ҳаракатҳои иртиҷої ва равияҳои ислоҳталаби ифротї мебошанд. Яке аз ҳадафҳои калидии намояндаҳои иртиҷої дур намудани муллоҳои суннатї аз минбар ва меҳробҳои масҷид ба шумор меравад.

 

Муллои тоҷикї ҳушёр, бедор бошад. Ҳуввият, худшиносї дошта бошад. Ирода, матонати имонї ва тозагии мазҳаби худро ҳифз намояд. Алайҳи терроризм – экстремизм дар ҳар шакл ва усуле пайдо шавад, мубориза барад. Аз номи Имоми Аъзам (р) ва мазҳаби ҳанафї ақидаи такфирї ва афкори шуми бемазҳабони нопокро таблиѓ накунад! Минтақаи ором ва осудаи кишвар ва муҳити динии минтақаро бистари густариш ва майдони даву този истилогарони хориҷї ва маргталабони ҷоҳил насозад.

 

Шукри оромї, амният ва суботи ҷомеа, ки шумораи профессорон, доктор, академикҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нисбат ба давраи Иттиҳоди Шӯравї даҳчанд афзудааст. Аммо, онҳо дар мубориза ва муқовимат бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯ аз худ хабар намедиҳанд. Хомӯшанд. Майдони муқовимати илмї ва таҳқиқотиро алайҳи шаклгирї ва решадавонии тундгароёни бегонапараст ва гурӯҳҳои хавориҷ холї гузоштаанд. Кошки онҳо мисли мардони ватандӯст ва аҳли қалам ҳисси миллї ва мавқеи ватандӯстии худро дар мубориза бар зидди бадхоҳони Тоҷикистон ошкор менамуданд. Нақшаҳои душманро аз лиҳози илмї маҳкум мекарданд.

 

Саймумин Ятимов аз вижагиҳои хатар ва аносири он хабар дорад. Барои бедории миллї, ҳисси ватандӯстї ва таъмини амнияти давлатдорї ҳушдор дода, роҳи наҷот ва муқовимат бо аѓёрро баён намудааст: “Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезї мешавад, зуҳуроти тасодуфї ё бетартибона нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардашуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор ва амалияи дастандаркорони ҳамин гуна аъмол дар минтақа ва ҷаҳон роҳандозї мешаванд.

 

Эътироф бояд кард, ки тахрибкорї, ноором кардани як давлат вобаста ба тақдир ё чизи тасодуфї нест. Илм аст. Терроризм, экстремизм, дигар намуди тахрибкорї ба муқобили ҳар кадом субъекти муносибати байналхалқї, давоми сиёсати хориҷии кишвари муайян бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад. Дар он маҷмӯи имконоти давлати ташаббускор, пеш аз ҳама захираҳои ақлонї ва амалии он истифода мешаванд. Бе донистани моҳият (ҷавҳар)-и чунин тахрибкорї, ѓаразҳои аслии аъмоли душман, раванд ва қонуниятҳои он мубориза бо чунин зуҳурот номумкин аст. Дар муқобили доної ва амалкарди бадхоҳон, фақат тавассути такя кардан ба илм, маърифар, усули шинохти аъмоли зиддимиллї, ҳушёриву зиракии сиёсї ва истодагарии мақсаднок ѓолиб омада метавон...

 

Раванди таъмини амнияти давлат ва миллат дар ҳолати зудтаѓйирёбандаи фазои минтақавї ва олам сурат мегирад. Онро доимо аз нигоҳи илмї ба тарзи системавї наомӯхтан, сарфи назар карда, бо ҷузъиёт ба инобат нагирифтан амнияти миллиро ҷиддан зери суол мебарад. “Дароздастии кутаҳостинҳоро” (Ҳофиз) зиёд мекунад”. 

 

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

 

(давом дорад)

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^