Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 110 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 724
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 20:25
21-10-2018, 20:25

Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ

Категория: Хабар

Фаъолияти ҳар васоити ахбори омма бояд ба манфиатҳои халқияту миллатҳои гуногун созгор бошад ва барои рушди ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад. Намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ашхоси боваринок, баобрӯ ва ҳақиқатнигор бошанд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи манбаъҳои хабарӣ ба нафъи башарият ва халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Сомонаи «Payom.net» бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи кишварҳои хориҷаи маълум арзи ҳастӣ намуда, мақсади ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита, расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худро ба бедор кардани ҳисси бадбинӣ миёни мардумон табдил додааст. Роҳбарони чунин торномаҳо бо ҳидоят ва дастгирии аҷнабиён мардуми одиро бо ҳар иғвою хабарҳои бардурӯғ зидди якдигар равона месозанд.

Дар сомонаи «Payom.net»-и ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти унвони «Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче» рӯзноманигори бе ному нишон матлабе интишор дода, дар бораи охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотинӣ нақл мекунад. Вай  ба онҳо баҳои нисбӣ ва гуногунмазмун медиҳад. Муаллиф дар ин мавод чӣ гуфтан ва чӣ хостани худро намедонад ва танҳо мисли мусоҳибаву гуфторҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дурӯғ даъвоҳои бофта мекунад. Рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва таърихии ин қабилаи муборизро зери шубҳа гузошта, онро қавми як умр мубориз ва то ҷое хашину тунд, як қавми зоҳиран сархам ва тобеъ нишон медиҳад.

Сомонаи тахрибкор чандин воқеаҳоро аз нигоҳи худ баҳо дода, болои ин қабила бори маломатро мерезад: «Қаблан ин кавм нисбати бегонаҳо тунду хашин буда, вале дар рафторҳои дохилиқабилаӣ яке аз беҳтарин фарҳанги  ҳамзистӣ ва ҳамкориро дошт. Дар мубориза алайҳи душманон ҷасорат, зиракӣ ва оштинопазирии хос нишон медод, аммо дар баробари ҳамқабилаи худ вафодор ва ҷавонмардона рафтор мекард». Пас,  ба кадоме аз ин ҳарфҳои «нохонда мулло» метавон бовар кард. Дар ҳоле, ки дар ҳар ибора афкори зиддунақиз ҷой дорад.

Маҳз чунин рафтор моҳияти таърихии ачеҳоро гуногун нишон медиҳад: «Бо тағйири ҳадаф рафтори қабила ҳам тағйир кард. Тундӣ ва хушунат  аз берун ба дохили қабила кӯчид. Ваҳдат ва ҳамбастагии ачиҳо сол ба сол заъифтар мегашт». Агар нигоранда ҳамчун муаррих шинохта мешуд ва ё ҳамчун мутахассиси соҳаи таърихшиносӣ баромад мекард, шояд ба андешаи ӯ бовар кардан мумкин буд, вале ин нафар на аз илми таърих огаҳ асту на ба он наздикӣ дорад.

Муаллиф барои исботи андешаҳои худ, ки гӯё аз воқеияти таърихии ин қабилаи куҳан огаҳ асту, онро медонад, кирдори онҳоро мавриди тафтишу санҷиши ҳамешагӣ қарор додааст. Аммо, ҳайҳот, ки ин тавр нест.  Манзараи ачеҳоро он қадар норавшан тасвир кардааст, ки дар шуури мардуми бо воқеияти онрӯза шиноснабуда чун макони номуайян инъикос меёбад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳоро бо мардуми тоҷик муқоиса намуданӣ мешавад ва мегӯяд: «Вазъи озодихоҳони тоҷикро  ман тақрибан ба вазъи солҳои ахири зиндагии қабилаи Аче  монанд мебинам. Ҳади ақал, қисме аз онҳоро». Торнома ба сари ҳар воқеаи таърихӣ он қадар бори маломат бор мекунаду туҳмат мезанад, ки хонандаро ба ҳайрат меорад. Андеша ва муносибати мардуми ошною  ноошноро ба ин қазия дигар карданӣ мешавад ва ҳолатҳои таърихиро  нодида мегирад.

 

Баҳром Қодир,

муаррих   

Информация к новости
  • Просмотров: 665
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 20:24
21-10-2018, 20:24

Андешаи муғризонаи сомонаи ифротӣ

Категория: Хабар

Фаъолияти ҳар васоити ахбори омма бояд ба манфиатҳои халқияту миллатҳои гуногун созгор бошад ва барои рушди ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварад. Намояндагони расонаҳои иттилоотӣ ашхоси боваринок, баобрӯ ва ҳақиқатнигор бошанд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи манбаъҳои хабарӣ ба нафъи башарият ва халқу миллатҳо хизмат мекунанд. Сомонаи «Payom.net» бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи кишварҳои хориҷаи маълум арзи ҳастӣ намуда, мақсади ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита, расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худро ба бедор кардани ҳисси бадбинӣ миёни мардумон табдил додааст. Роҳбарони чунин торномаҳо бо ҳидоят ва дастгирии аҷнабиён мардуми одиро бо ҳар иғвою хабарҳои бардурӯғ зидди якдигар равона месозанд.

Дар сомонаи «Payom.net»-и ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ таҳти унвони «Озодихоҳони тоҷик ва қабилаи Аче» рӯзноманигори бе ному нишон матлабе интишор дода, дар бораи охирин намояндагони қабилаи Аче, яке аз қабилаҳои бумии Амрикои лотинӣ нақл мекунад. Вай  ба онҳо баҳои нисбӣ ва гуногунмазмун медиҳад. Муаллиф дар ин мавод чӣ гуфтан ва чӣ хостани худро намедонад ва танҳо мисли мусоҳибаву гуфторҳои аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дурӯғ даъвоҳои бофта мекунад. Рӯҳияи истиқлолхоҳӣ ва таърихии ин қабилаи муборизро зери шубҳа гузошта, онро қавми як умр мубориз ва то ҷое хашину тунд, як қавми зоҳиран сархам ва тобеъ нишон медиҳад.

Сомонаи тахрибкор чандин воқеаҳоро аз нигоҳи худ баҳо дода, болои ин қабила бори маломатро мерезад: «Қаблан ин кавм нисбати бегонаҳо тунду хашин буда, вале дар рафторҳои дохилиқабилаӣ яке аз беҳтарин фарҳанги  ҳамзистӣ ва ҳамкориро дошт. Дар мубориза алайҳи душманон ҷасорат, зиракӣ ва оштинопазирии хос нишон медод, аммо дар баробари ҳамқабилаи худ вафодор ва ҷавонмардона рафтор мекард». Пас,  ба кадоме аз ин ҳарфҳои «нохонда мулло» метавон бовар кард. Дар ҳоле, ки дар ҳар ибора афкори зиддунақиз ҷой дорад.

Маҳз чунин рафтор моҳияти таърихии ачеҳоро гуногун нишон медиҳад: «Бо тағйири ҳадаф рафтори қабила ҳам тағйир кард. Тундӣ ва хушунат  аз берун ба дохили қабила кӯчид. Ваҳдат ва ҳамбастагии ачиҳо сол ба сол заъифтар мегашт». Агар нигоранда ҳамчун муаррих шинохта мешуд ва ё ҳамчун мутахассиси соҳаи таърихшиносӣ баромад мекард, шояд ба андешаи ӯ бовар кардан мумкин буд, вале ин нафар на аз илми таърих огаҳ асту на ба он наздикӣ дорад.

Муаллиф барои исботи андешаҳои худ, ки гӯё аз воқеияти таърихии ин қабилаи куҳан огаҳ асту, онро медонад, кирдори онҳоро мавриди тафтишу санҷиши ҳамешагӣ қарор додааст. Аммо, ҳайҳот, ки ин тавр нест.  Манзараи ачеҳоро он қадар норавшан тасвир кардааст, ки дар шуури мардуми бо воқеияти онрӯза шиноснабуда чун макони номуайян инъикос меёбад. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки онҳоро бо мардуми тоҷик муқоиса намуданӣ мешавад ва мегӯяд: «Вазъи озодихоҳони тоҷикро  ман тақрибан ба вазъи солҳои ахири зиндагии қабилаи Аче  монанд мебинам. Ҳади ақал, қисме аз онҳоро». Торнома ба сари ҳар воқеаи таърихӣ он қадар бори маломат бор мекунаду туҳмат мезанад, ки хонандаро ба ҳайрат меорад. Андеша ва муносибати мардуми ошною  ноошноро ба ин қазия дигар карданӣ мешавад ва ҳолатҳои таърихиро  нодида мегирад.

 

Баҳром Қодир,

муаррих   

Информация к новости
  • Просмотров: 700
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 20:24
21-10-2018, 20:24

Амалҳои зишти ТТЭ ҲНИ

Категория: Хабар

Бояд ба хуби дарк намоем, ки Ватани азизи мо ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст ва ин боиси фахри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вале мафҳуми дигаре боиси ин хушбахтӣ ва ташвиши тоҷикону ҷаҳониён гаштааст, терроризми байналмилалӣ ва таҳмили ақидаҳои ғайрианаъанавӣ, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилоби ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳо дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон аст.

Агар ба ҷаҳони имрӯза назар андозем, қалам ҷойи шамшерро гирифтааст ва халал расонидани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ миёни ҳама гуна низоъҳо гардидааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, мо бояд, роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорӯи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеан ҳам, ин ягона роҳест, ки ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Яке аз сиёсатмадори рус Пиётр Столипин фармуда буд, «Халқе, ки дорои рӯҳия ва худогоҳии миллӣ нест, порӯеро меноманд, ки дар он решаи миллатҳои дигар сабз хоҳад шуд». Дар ҷомеаи мо қувваҳое ҷой дорад, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки ба манфиатҳои гурӯҳияшон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳонбинии аз эшон фарқкунанда ба мардум маҷбуран таҳмил намоянд. Одатан се навъи ин гурӯҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, ки гурӯҳи аввалӣ ҷонибдори ақоиде, ки бар исломи радикал наздикии бештаре дорад. Дувуми ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар ва сеюмӣ ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар бештари мамлакатҳои пас аз шӯравӣ барои фаъолияти диниву мазҳабӣ ва озодии эътиқод заминаҳои мусоид фароҳам омад, вале, мутаассифона, дар радифи ин озодиҳо дар кишвари мо гурӯҳи аввале, ки дар боло зикр кардем, яъне қувваҳои муртакиби арзишҳои иҷтимоии динӣ низ ҷон гирифтанд ва фаъол гардидани онҳо дар ҳаёти ҷомеа боиси дигаргуниҳои бемантиқ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Имрӯз ҷомеаи  ҷаҳони талош меварзад, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигирад. Аммо чуноне ки шоҳидем, вазъият рӯз аз рӯз вазнинтар шудаистодааст ва сӯистифода аз исломи сиёсӣ мамлакатҳои зиёдро ба ҳоли табоҳ расонидааст. Таъсири ин аз ҷумла ба Тоҷикистони азизи мо расид. Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-ум масъулини ин ҳизб мақсади ба сари ҳокимият омаданро дошт ва табдили давлати дунявиро ба давлати динӣ ба ҷомеа матраҳ мекард. Баъди муноқишаҳои дохилӣ ин ҳизб парлумонӣ гашт, аммо набудани имконияти сари қудрат омадан таввасути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии мақсуди онҳо кушод. Охирин мақсади онҳо табадулот буд, ки  дар охир шикаст хӯрданд. Албатта мубориза бар зидди ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

 

Фирдавси Кабир

 

Информация к новости
  • Просмотров: 693
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 20:23
21-10-2018, 20:23

Истаравшанӣ ва тарҳи назари «ифтироқӣ ва иштирокӣ»

Категория: Хабар

 

 

     Матлаби Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурда бо мардуму давлати Тоҷикистон душманӣ меварзад, таҳти унвони пурвоҳимаи «Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок»  дар пойгоҳи ифротии иттилоотиаш интишор ёфт. Сайидюнус дар ду банд қазияи марги рўзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчиро бо қатли раҳбари собиқи «Гурўҳи 24» Умаралӣ Қувват рўшан карда, ба қавли худаш дар қолаби «ифтироқу иштирок» (фарқият ва шабеҳият) мавриди «таҳлил» қарор додааст. Сайидюнус, одатан бозӣ кардан бо калимотро, ки дар сабки ҳиндӣ аз мушаххасоти калидӣ маҳсуб меёфт (манзур назарияпардозиҳои «ифтироқию иштирокӣ»-и вай аст), хеле дўст медорад ва бар ин асос матолибашро ҷур месозад, то дигарон ба қудрати эҷодӣ ва тафаккури таҳлилиаш ҳамду сано хонанд. Мо ҳам ба фантазияи ў ҳамду сано мехонем. Ва аммо масъалаи мазкурро дар бастагӣ бо назароти вай пайгирӣ намуда, дар се банд натиҷагирӣ кардем. Инак:   

       1. Мавриди аввали баҳси Сайидюнус ин аст, ки марги мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувват бо қатли рўзноманигори варзида ва мунтақиди режими Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ  дар як сатҳ қарор доранд, вале аввалӣ дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор нагирифт. Посух ин аст, ки Ҷамол Хошуқчиро, воқеан, наметавон бо Умаралӣ Қувват, ки як соҳибкори номуваффақ будааст, дар як мақом ҷой дод. Ҷамол Хошуқчӣ рўзноманигори варзидае мебошад, ки мақолоташ дар нашрияи бонуфузтарини ҷаҳонӣ – Вашингтон-пост интишор меёфт ва аз зумраи таҳлилгарони забардасти сиёсӣ ба шумор мерафт. Аммо Умаралӣ Қувват (Худо раҳматаш кунад)-ро танҳо дар доираҳои маҳдуди бизнеси дохилӣ мешинохтанду халос ва замони ҳангомасозиҳояш баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ аз ў ба унвони абзори таъсиррасонӣ истифода карданд. Ин буд, ки дар хориҷ аз кишвар чанде ҳангома барпо кард ва ин ҳангомасозиҳояш ба хотири ба қудрати сиёсӣ расидан ва афзудани бизнеси хонаводагиаш иттифоқ афтода буду бас. Хошуқчӣ бошад, баръакс, рўзноманигори ҳирфаӣ буд ва агар версияи қатли ў собит шавад, аз ҷониби гурўҳҳои манфиатхоҳ сурат гирифтааст, то дар муҳитҳои сиёсии Арабистони Саудӣ ҷави нави сиёсӣ ва ҳангомаҳои тозаи геополитикӣ арзи вуҷуд намоянд ва хостҳои гурўҳҳои манфиатхоҳ бароварда шаванд.

     2. Бояд гуфт, ки мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ ва Туркия қазияро дар ҳамбастагӣ таҳқиқ ва бозҷўйӣ мекунанд. Ин нуктаро дар рўзҳои аввали пахши қазия мақомдорони Саудӣ иброз доштанд ва масъулини ситодҳои бозҷўйӣ дар ҳамкории танготанг макон ва авомили ҳодисаро пайгирӣ карда истодаанд. Аммо, он чи ки Сайидюнус ба унвони санаду далел манзур месозад ва бар ҳамсў шудани ду тараф – Туркия ва Саудӣ дар ҳалли қазияи Хошукчӣ таъкид меварзад, танҳо як назари инфиродӣ  аст. Бигзор бошад, вале баррасӣ ва бозбинии мунсифонаи парвандаи нобудии Ҷамол Хошуқчӣ ба манфиати Саудӣ мебошади Ин аст, ки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бен Салмон гурўҳи кории вежа тартиб дода, қазияи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дигар ин ки нуфуз ва обрўйи сиёсӣ ва давлатии Саудӣ васати моҷаро қарор дорад, аз ин лиҳоз, гурўҳи вежаи таҳлилӣ ва бозҷўйии Саудӣ дар ҳамбастагӣ бо хадамоти ташхисии Туркия масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ менамоянд, то ҳадсу гумонҳоро дар робита бо даст доштани давлати Саудӣ дар қатли Хошуқчӣ аз миён бардорад. Дар ин миён Туркия ҳам, барои он ки нуфузи сиёсиашро дар минтақа аз даст надиҳад, ҳеҷ кадом бозиеро (ки Сайидюнус ҳадс мезанад) эҷод намекунад, то латмаи ҷиддие дар пайкари сиёсию  давлатиаш ворид нагардад. Афзун бар ин, ИМА ва шахси Раисҷумҳур қазияро ҷиддӣ пайгирӣ менамоянд ва, фаразан, агар Туркия дар сўйистифодаи масъалаи қатли Хошуқчӣ ҷойе ба иштибоҳ биравад, танишу шикофҳо миёни Саудӣ, ИМА ва Туркия амиқтар мегарданд. Ин аст, ки Туркия манфиатдор нест қазияро ѓайримунсифона бозҷўйӣ намояд ва Саудиро ба иҷбор тарафи худ бикашад, то ниёзҳои сиёсию геополитикиашро дар минтақа бароварда созад. Албатта, изҳорназарҳое, ки  таҳлилгарони сиёсии туркӣ устоди донишгоҳи равобити байналмилали ТуркияҚадир Хосс ва генерали бознишастаи турк Аҳмад Ёвуз дар шабакаи «Алҷазира» ироа доштаанд, барои радду бадали қазия ва шинохтани авомили зарурӣ заруранд, аммо онҳоро дар натиҷагирӣ минҳайси эталон наметавон пазируфт, иттифоқан, навиштаи Сайидюнус ҳам як мавқеъгирии мунҳасир ба фард ва доираҳои фармоишӣ асту бас.

       3. Сайидюнус, тавре ки қаблан ишора рафт, парвандаи қатли Умаралӣ Қувватро бо нобудии Хошуқчӣ дар як тарозу санҷидан мехоҳад ва Туркияро дар додуситадҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия муқассир мешуморад. Мавқеъгирии Сайидюнус маълум аст. Фаразан, агар дар куштори У. Қувват Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои амниятӣ муқассир мебуданд (ки ин танҳо фарзияи Сайидюнус ва ҳаммаслаконаш асту бас), Туркия кайҳо ин қазияро рўшан мекард ва дар сархатти ахбори расонаҳои минтақавӣ қарор медод. Ин имкониятро Туркия дорад, аммо  чун дар он ангезаи сиёсиро надид, муҷримро пайдо ва ҳабс намуда, парвандаро ба итмом расонид. Илова бар ин, Туркия аз пинҳон кардани далоили даст доштани тими амниятӣ дар куштори У. Қувват чӣ манфиати молию сиёсӣ медид ва ё ба истилоҳи ирониён, чӣ гираш меомад? Ҳеҷ ва фикр накунам, ки барои манфиати ночизе Туркия маводи тафтишотиро пинҳон дорад ва бо обрў ва нуфузи минтақавиаш саҳлу осон бозӣ кунад. Бигзарем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатли Умаралӣ Қувват, аслан даст надорад, чунки ў шахсияти харизматике набуд, ки атрофаш миллатро ҷамъ карда тавонад ва тарҳи инқилоберо роҳандозӣ созад. Ҳатто дар миқёси маҳал У. Қувватро намешинохтанд, чи расад ба сатҳи ҷумҳурӣ. Аз ин ҷост, ки ду нафар – У. Қувват ва Ҷамол Хошуқчӣ, чи аз лиҳози нуфузу мартабаи сиёсию иҷтимоӣ ва чи аз ҷиҳати донишу фазилат шабеҳи ҳам нестанд ва наметавон ҳар дуро дар як мизони фикрӣ ва сиёсӣ андозагирӣ кард.  

 

   Фаридун Ориёӣ

  

 

Информация к новости
  • Просмотров: 628
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:52
21-10-2018, 17:52

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Категория: Хабар

 Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї  аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ  ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае  интишор дода шуд.  Дар ин мавод рӯзноманигор  бидуни эътибор ба муқаррароту меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто бидуни риояи ҳадди одоби инсонӣ аз камоли баддиливу бадниятӣ иттилоотро оид ба садамаи як мошини корвон (кортеж)-и мошинҳои Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токио куллан таҳриф дода онро хушхабар унвон додааст ва дар зимн гуфтааст, ки гӯё мардуми  Тоҷикистон бо шунидани хабари ба садамаи фоҷеабор дучор шудани сарвари худ хушҳол шудаанд. Баъдан ин рӯзноманигор, ки бо интишори ин ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл  будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ дар ҳаққи раҳбари кишвари мо носазо гуфта талош кардааст, ки нақши Пешворо дар ҷомеаи мо манфӣ арзёбӣ кунад. Аммо ин рӯзноманигори ҳарзагӯ, ки барои таҳқиру тавҳинаш нисбат ба Пешвою Қаҳрамони миллат ва Президенти кишвар ҳатман бояд муҷозот шавад, фаромӯш кардааст, ки Пешвои  миллї будани Эмомалї Рањмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як љойгоњ ва мақоми волоест, ки онро мардум ба раҳбари қаҳрамони хеш сазовор донистааст. 

Инхабарнигори бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад, ки маҳз Эмомалї  Рањмон њамчун мубаллиғ ва пуштибони сулњу вањдати  миллї дар он замони бисёр ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣдавлатдории  миллии тољиконро  аз вартаи нобудї наљот дод,  тамомияти арзии Тољикистонро  њамчун давлати ягона њифз кард, аркони  асосии сиёсї, идорї ва ќудратии давлатдории миллии моро барќарор намуд,  миллати тољикро  њамчун воњиди ягонаи сиёсию этнофарњангї эњё ва њифз кард, вањдати  миллиро дар Тољикистон бунёд гузошт ва  зерсохторњои зарурии  онро барќарор  намуд, сохти давлатї ва самти  сиёсии  давлатдории  тољиконро  дар замони муосир мушаххас кард, ба  барќарор   шудани  соњањои  асосии хољагии халќи мамлакат шароит  фароњам овард, Тољикистонро  њамчун давлати соњибистиќлол  дар арсаи  байналмилалї  муаррифї  намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тољиконро њамчун  омили  кафолатдињандаи  рушд, амну субот ва љовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарњангу арзишњои миллї ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарњанги миллатро эњё карда ба ташаккули рўњияи ягонаи миллї ва таќвияти хештаншиносиву ватанпарастї заминаи устувор гузошт.

         Ин хидматҳои Пешвои мо хидматҳои бисёр арзишманди таърихиест, ки онро миллати тоҷик ва таърихи миллати мо ҳамеша дар ёд хоҳад дошт. Ин нақши таърихиро ҳар хабарнигори бехабари ҳангомаҷӯвафурӯхташудаву хоинҳаргиз наметавонад бо ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои пӯчи худ таҳриф кунад.

 

Хусрави Шерзод

 

 

Информация к новости
  • Просмотров: 655
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:51
21-10-2018, 17:51

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Категория: Хабар

 Чанд рӯзе қабл тавассути хабаргузории сомонањои нањзатї  аз ҷониби муаллифи гумном Сиддиқи Акбар роҷеъ  ба як ҷузъиёти сафари давлатии Роњбари кишварамон ба Ҷопон маводи муғризона ва бадхоҳонае  интишор дода шуд.  Дар ин мавод рӯзноманигор  бидуни эътибор ба муқаррароту меъёрҳои одоби рӯзноманигорӣ ва ҳатто бидуни риояи ҳадди одоби инсонӣ аз камоли баддиливу бадниятӣ иттилоотро оид ба садамаи як мошини корвон (кортеж)-и мошинҳои Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Токио куллан таҳриф дода онро хушхабар унвон додааст ва дар зимн гуфтааст, ки гӯё мардуми  Тоҷикистон бо шунидани хабари ба садамаи фоҷеабор дучор шудани сарвари худ хушҳол шудаанд. Баъдан ин рӯзноманигор, ки бо интишори ин ахбори дурӯғу ғайриинсонии худ солимақл  будани хешро зери суол бурдааст, бо камоли беадабӣ дар ҳаққи раҳбари кишвари мо носазо гуфта талош кардааст, ки нақши Пешворо дар ҷомеаи мо манфӣ арзёбӣ кунад. Аммо ин рӯзноманигори ҳарзагӯ, ки барои таҳқиру тавҳинаш нисбат ба Пешвою Қаҳрамони миллат ва Президенти кишвар ҳатман бояд муҷозот шавад, фаромӯш кардааст, ки Пешвои  миллї будани Эмомалї Рањмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як љойгоњ ва мақоми волоест, ки онро мардум ба раҳбари қаҳрамони хеш сазовор донистааст. 

Инхабарнигори бехабар аз ҳақиқати таърихи муосири тоҷикон бояд бидонад, ки маҳз Эмомалї  Рањмон њамчун мубаллиғ ва пуштибони сулњу вањдати  миллї дар он замони бисёр ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣдавлатдории  миллии тољиконро  аз вартаи нобудї наљот дод,  тамомияти арзии Тољикистонро  њамчун давлати ягона њифз кард, аркони  асосии сиёсї, идорї ва ќудратии давлатдории миллии моро барќарор намуд,  миллати тољикро  њамчун воњиди ягонаи сиёсию этнофарњангї эњё ва њифз кард, вањдати  миллиро дар Тољикистон бунёд гузошт ва  зерсохторњои зарурии  онро барќарор  намуд, сохти давлатї ва самти  сиёсии  давлатдории  тољиконро  дар замони муосир мушаххас кард, ба  барќарор   шудани  соњањои  асосии хољагии халќи мамлакат шароит  фароњам овард, Тољикистонро  њамчун давлати соњибистиќлол  дар арсаи  байналмилалї  муаррифї  намуд, мактаби давлатдории миллии муосири тољиконро њамчун  омили  кафолатдињандаи  рушд, амну субот ва љовидонагии давлатдории мо бунёд гузошт ва фарњангу арзишњои миллї ва симои як силсила абармардони арсаи таъриху сиёсат ва фарњанги миллатро эњё карда ба ташаккули рўњияи ягонаи миллї ва таќвияти хештаншиносиву ватанпарастї заминаи устувор гузошт.

         Ин хидматҳои Пешвои мо хидматҳои бисёр арзишманди таърихиест, ки онро миллати тоҷик ва таърихи миллати мо ҳамеша дар ёд хоҳад дошт. Ин нақши таърихиро ҳар хабарнигори бехабари ҳангомаҷӯвафурӯхташудаву хоинҳаргиз наметавонад бо ҳарзагӯӣ ва ҳарфҳои пӯчи худ таҳриф кунад.

 

Хусрави Шерзод

 

 

Информация к новости
  • Просмотров: 715
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:50
21-10-2018, 17:50

Мусоҳибаи Мавҷуда Соҳибназарова бар зарари бадахшониҳост

Категория: Хабар

Дар сомонаи интернетии ифротии “Кимиёи саодат”, ки дар хизмати охундҳо ва ТТЭ ҲНИ мебошад, мусоҳибае бо Мавҷуда Соҳибназарова дар мавзуи Бадахшони Тоҷикистон нашр шудааст. Албатта наҳзатиҳо душманона мехостанд, ки дар ВМКБ ягон нооромие ба вуқуъ пайвандад. Чундиданд, ки инхоҳишашон нашуд, ба амалҳои  иғвобарангезо надаст мезананд. Мусоҳибаи мазкур яке аз чунин амалҳои душманонаи наҳзатиҳост. Мавҷуда Соҳибназарова, ки худро журналист меҳисобад, дар асл бо амалаш нишон дод, ки як шахси тангназар ва манфиатҷуест. Зеро дар Аврупо рафта, бо мақсади дарёфти қути лоямуте ба хизмати наҳзатиҳо камар бастааст ва имрӯз он чи ки мегуяду менависад танҳо баманфиати ҳамон террористонаст ва бар зарари мардуми кишвар, хусусан сокинони Бадахшон.

Дар аввали мусоҳиба ба таври сохтакорона саволҳое гузоштаанд, ки гуё расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣнадошта бошанд. Мавҷуда Соҳибназарова изҳори ҳайронӣмекунад, ки чаро вазъият ва мушкилиҳои ВМКБ то инвақт дар ВАО инъикос наёфтааст. Чунин ҳайронии вай нишонди ҳандаи онаст, ки худаш аз вазъияти Тоҷикистон ва хусусан Бадахшон тамоман бехабар аст ва ҳар чизе ки нахзатиҳо дар гушаш хонданд, ҳамонро мисли тутӣ такрор мекунад.  Зеро ба ҳама маълум аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаҳо ва дигар васоити ахбори умум вазъияти тамоми минтакаҳои кишварамон, азҷумла ВМКБ мунтазам инъикос меёбад. Дар хусуси мушкилиҳои ин минтақа, фаъолияти сохторҳоиқудратӣбарои пешгирии амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор ваҳифзи сарҳади давлатӣ мунтазам гузоришҳо ба воситаи телевизион намоиш дода мешаванд.Сабаби ҳами “хуфту хези” муллоҳоро хурдани Мавҷуда низ дарон аст, ки имрӯз резахури дастархони наҳзатиҳост.  

Чунин ба назар мерасад, ки Мавҷуда Соҳибназарова бо супориши роҳбарони ҲНИ ва ба таври махсус мардуми Бадахшонро ба шур овардан аст. Ё мумкин мусоҳибаро худи Сайидюнус таҳия карда аз номи вай нашр карда аст. Ба ҳар ҳол вай хонандагонро баиштибоҳ андохтанӣшуда, дар мусоҳиба фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккилро ба ҳодисаҳо ва амалҳои майдаавбошӣбаробар мекунад. Амалҳои ҷиноятиро, ки ҷинояткорон анҷом медиҳ

Информация к новости
  • Просмотров: 742
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:50
21-10-2018, 17:50

Расми хуби тоҷиконро гум макун

Категория: Хабар

            Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ  ва  арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст. Аксари адибони мо дар бораи одоби меҳмоннавозӣ, усули пазироии меҳмон, рисолату масъулияти мизбон ва аҳамияти ин аъмол нуктаҳои ҷолиб ва ақволи муассире ироа доштаанд, ки дар воқеъ қобили мулоҳиза ва пазириш мебошанд. Абёту ақволе аз қабили:

                                      Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,

Кӯшише    дар   некномӣ   мекунад”.  

Ё:

         “Дӯст  ояд,  гарм  дар  оғӯш  гир,

         Расми хуби тоҷиконро гум макун”.                                             Ё:                                                                          

“Меҳмон атои Худост”  ва суханҳои дигаре аз ин қабил  дер боз  дар байни мардуми тоҷик машҳуру маъруф аст ва дар воқеъ аҳли ҷомеаи мо аксарият то ҳанӯз ин гуна ақволро дар мавриди пазироӣ аз меҳмон ҳамчун роҳкори худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Чунин роҳкор ба анъанаву қолаби рафтор ва ҳатто метавон гуфт ба менталитети миллии мо мубаддал шудааст. Ин қолаби рафтори миллии мо имиҷи мардуми мо низ ҳаст. Яке аз умдатарин ва беҳтарин сифату хислате, ки хориҷиён дар мавриди будубоши хеш дар Тоҷикистон дар симои мардуми мо мебинанд, маҳз ҳамин хислати меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст. Ин сифату хислат миллати моро на фақат машҳуру маъруф, балки маҳбуб низ гардонидааст. Расму таомули меҳмоннавозӣ ва анъанаву одоби меҳмондорӣ аз қабили қолабҳои шоистаи рафтори миллиест, ки ба хотири густариши нуфузу обрӯи миллат  аз ҷониби хосу оми ҷомеаи мо бояд мавриди пазириш ва корбурд қарор гирад, ба вижа дар мавриди муносибат ва муоширати мо бо  меҳмонони хориҷӣ.

         Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди тангназаре ҳастанд, ки ҳатто ба ин вижагии миллӣ ва сифату хислати неки суннатии мардуми мо, ҳамчунин риоя шудани он аз тарафи намояндагони миллат ва ба хусус роҳбарияти давлат бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле нуктагириҳои бемаврид ва муғризона мекунанд.

Имрӯз  дар сомонаи  risolat tj.com  маводе интишор дода шуд, ки дар он  аз  маросими истиқболи расмии Сарвари давлат аз Президенти Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе ва  бар сари меҳмони худ чатр гирифтани Роҳбари кишвари мо ёд шудааст.

Дар воқеъ рӯзи 8 октябр дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд баргузор гардида буд. Ба ифтихори пазироии мењмони олиќадр майдони Қасри миллат мутобиқи расмиёти маъмулӣ ороста шуда Горди фахрї ва оркестр саф ороста буданд.

Дар маросими пазироии меҳмони олиқадр, ки зери бориши борон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳамчун мизбон барои ҳифзи меҳмони олирутбаи худ аз борон чатр дар даст доштанд.

Маҳз ҳамин илтифот ва риояи таомулу одоби меҳмоннавозӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон, ки як амали бисёр бамаврид ва саршори муҳаббату эҳтиром буд,  мавриди интиқоди шадиди нуктагирону айбҷӯёни  наҳзатӣқарор гирифт. Бубинед, ки ин каҷкорони каҷандеш дар оинаи каҷнамои пиндори хеш ҳатто амали ростини бузургворонаеро ҳам каҷ тасвир кардан мехоҳанд. Ин баддилон бо чунин нуктагирии бемавриди хеш нохудогоҳона аслан худро расво кардаанд. Онҳо чун пистаи бемағзеянд, ки бо лаб во кардани хеш аз пуч будани худ дарак додаанд.

Бубинед, ки онҳо дар иртибот ба истифодаи чатр аз тарафи Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ  ҳангоми қадам задан бо Президенти Ҳиндустон  дар ҳавои боронӣ чӣ гуфтаанд: “Таҳияи  чатр аз пули шаҳрвандони маҳрум ва гирифтани он дар болои сари раисҷумҳури кишвари қудратманд ва сарватманд саволҳои зиёдеро дар зеҳни шаҳрвандоне, ки аз ин чатр маҳруманд, ба вуҷуд меоварад”. Айбҷӯӣ ва нуктагирие наметавонад музҳиктар ва ҳамзамон аблаҳонатар аз ин бошад.

Ин нуктагирон бо сӯиистифода аз ин маврид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахолат карда, бар набуди чатри ҳимоятӣ дар ин росто ишора кардаанд, ҳол он ки муҳоҷират ва ба вижа муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити кунунӣ на фақат дар сатҳи кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷ

Информация к новости
  • Просмотров: 656
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:49
21-10-2018, 17:49

Усули тарси наҳзатӣ дар матлаби навбатӣ

Категория: Хабар

        Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар робита бо тавтеаю дасисаҳои ТТЭ ҲНИ ироа гардидааст, боиси сарусадоҳои расонаии ҳаводорони наҳзатӣ гардидааст. Дар ин замина сомонаи наҳзатӣ матлабе таҳти унвони «“Шўрои уламо” аз Худо тарсад!» интишор додааст. Наҳзатиёни мутаассиб аз ин усул – аз Худо тарсонидани мардум ҳамеша кор мегиранд. Ин усул ва равиши таърихии рўҳониёни мутаассибу ҷоҳил дар тўли таърих буда ва ҳаст. Мутаассифона, ин равиш, бо назардошти ҳузуру нуфузи хурофоту ҷаҳолат дар ҷомеа дар бисёр маворид корсоз ҳам буда ва ҳаст. Аммо барои ҷомеаи муосири тоҷик ин усули «ҳидоят» аз муд афтидааст. Ба таври куллӣ,  чанд воқеяитро вобаста ба матлаб бозгў мекунем: 

       Якум. Албатта, наҳзатиёни фирорӣ, ки аз ҳисоби як идда ҷавонони гумроҳ сафҳояшонро  пурра карданианд, саъй мекунанд, алайҳи назароти мардумӣқад алам намоянд ва воқеиятҳоро таҳриф созанд. Дар ин амр хеле кўшиш мекунанд ва музахраф мебофанд. Чунин навъи муҳокимаи музахрафро дар матлаби ахирӣ, ки дар ҳошияи Муроҷиатномаи Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ироа гардидааст, метавон мутолиа кард. Муддаӣ бе ҳеҷ гуна далели мувассақ ба домони ин ташкилаи динӣ-мазҳабӣ мечаспад ва наҳзатиёнро пуштибонӣ мекунад. Магар далоили ихтилофоти мазҳабӣ, паҳну мунташир кардани ҳар гуна иттилооти зиддидавлатӣ, аз марзи ислом ва минҷумла исломи суннатӣ (мазҳаби тасаннуни ҳанафӣ) фаро рафтан ва билохира ҳадафи султахоҳиро дунболагирӣ намудан басанда нест? Кору фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар ва пуштибонии баъзе созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ин ташкилоти экстремистию террористӣ бозгўкунандаи онанд, ки ТТЭ ҲНИ мақсади ихтилоф андохтан ва ба қудрат расиданро дунбол мекунад ва дар ин роҳ аз ҳар василаи машрўъ ва номашрўъ истифода мебарад. Шиорпароканӣ ва фазлфурўшиҳое, ки тайи ду-се соли ахир раҳбарияти фирории наҳзатӣ дар хориҷ аз кишвар сари минбарҳои аврупоӣ анҷом медиҳанд, ҳадафманданд ва пушти қазияи наҳзатӣ, бидуни шубҳа, созмонҳои вижа қарор доранд.

        Дуюм. Муаллифи матлаб кўшидааст, ки уламои суннатиро алайҳи Шўрои уламо шўронад ва аз ин роҳ оташи фитнаву кина ва адоватро миёни рўҳонияти исломии дохил доман занад.
Чанд исми ба истилоҳ, уламое, ки муаллифи матлаб мисол задааст, аз чумлаи рўҳониене буда ва мебошанд, ки ҳаргиз ѓами мардуми мусулмонро нахўрдаанд ва намехўранд ва агар ба ҳаводиси солҳои навадуми садаи бист ва фазои мазҳабии ибтидои асри бисту як ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоем, пай хоҳем бурд, ки як гурўҳи рўҳонияти суннатӣ, ислоҳотхоҳ ва муҳофизакор, ки бо наҳзат иртиботи бевосита ва бавосита доштанд, дар зери суол рафтани низоми давлатдории дунявӣ ва пахшу интишори ақоиди ифротии динӣ-мазҳабӣ саҳми бевосита доштанд. Онҳо на танҳо роҳи ихтилофоти мазҳабиро нагирифтанд, балки бо мавъизоти хушк ва матолиби хурофотии худ  монеи озодандешӣ ва рушди тафаккури дунявӣ, ки низоми қонунии сиёсӣ ва давлатӣ буд, гардиданд. Аз ин ҷост, ки ҷонибдорони ин навъ рўҳониён имрўз низ талош мекунанд, ки ТТЭ ҲНИ-ро дар симои фаришта бинамоёнанд ва мардумро дубора гул бизананд.

        Сеюм. Мақомоти зиддахли давлатӣ (агар манзур КДАМ, ВКД бошад) ҳеҷ гоҳ алайҳи дину мазҳаб нашўридааст, баръакс, онҳо бар муқобили нафарон ва ташкилоте мубориза бурда ва мебаранд, ки дину мазҳабро василаи касби қудрат ва фиреби мардум карда, аз ин ҳисоб нони муфт мехўранд. Магар ин кор, ки вазифаи аслӣ ва ҳирфаии масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, гуноҳ аст? Дар кадом давлати дунё дидаед, ки мақомоти марбутаи давлатӣ алайҳи муфтхўрони мазҳабӣ ва динӣ, ки дину мазҳабро абзори сиёсӣ ва иҷтимоӣ кардаанд, мубориза набурдааст? Дар ҳеҷ ҷойи дунё ин тур нест. Ин наҳзат аст, ки ҳамеша тавтеа, дасиса, иѓво дуруст мекунад ва аз пайи сиёсӣ кардани дину мазҳаб мегардад. Агар чунин аст, мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки алайҳи бедодиҳои наҳзатӣ, ки ҳосили шуми онро ибтидои солҳои навадуми асри бист дидаем,  мубориза бубаранд, дар акси ҳол, ин гуна мақомот ба кӣ даркор аст?!

      Ва ниҳоят, он чи ки дар Муроҷиатномаи Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, баёни вазъи мавҷуда аст ва дар ноҷурии авзои мазҳабӣ ТТЭ ҲНИ муқассир мебошад ва ин нуктаи калидиро ниҳоди мазҳабӣ бо далелҳо манзур сохтааст. Воқеият ҳамин аст, он ба пазируфтан ва напазируфтани ТТЭ ҲНИ бастагӣ надорад, чунки пушташ таърихи зиндаи мардум қарор гирифтааст.

          

Фаридун Ориёӣ

 

    

 

Информация к новости
  • Просмотров: 768
  • Автор: admin
  • Дата: 21-10-2018, 17:48
21-10-2018, 17:48

Масъалаи Бадахшон ва ҳассосиятбахшиҳои сунъӣ

Категория: Хабар

       Мусоҳибаи хизматгори наҳзатиҳо Алим Шерзамонов бо хабарнигори сомонаи ифротии «Тасним» дар робита бо масъалаи  Бадахшон  маротибаи дигар собит месозад, ки гурўҳҳои манфиатхоҳи берунӣ бо ҳар роҳу васила мехоҳанд вазъи Тоҷикистон, бахусус Бадахшон ноҷур гардад ва нақшаҳои ғаразноки онҳо тадриҷан пиёда шаванд. Бо ин ҳадаф Алим Шерзамонов, як тан аз ҳавохоҳони нооромиҳо дар Тоҷикистон ба истилоҳ, суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Дар ин замина, чанд мулоҳизаи худро манзур месозам:

     1.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон кори дасти душманони миллат ба мисли Шерзамонов мебошад. Дар  як моҳи ахир доираҳои наҳзатӣ, ки имрўз дар пардаи ба ном Паймони миллии Тоҷикистон аз худ дарак медиҳанд, матолиби зиёде навишта, дар расонаҳо интишор додаанд ва аз сўи хоҷагонашон муваззафанд, масъаларо ҳассостар намоянд. Дар атрофи Бадахшон ва таҳаввулоти ахир интишор намудани матолиби гуногунмуҳтаво ҳоқӣ аз он аст, ки бозигарони хориҷӣ даст ба тарҳи  наве заданианд ва  ҷиҳати буғранҷ кардани авзоъ аз сели иттилооти дурўғин корбаст менамоянд. Аз силсилаи сели иттилоот ва таҳлилоти дурўғин мусоҳибаи ахири А. Шерзамонов маҳсуб меёбад.

       2.Шерзамонов, ки аз сиёсат ва таҳлилҳои сиёсии аслӣ фарсахҳо дур аст, бар мабнои нишондодҳои гурўҳи наҳзатии зиддиҳукуматӣ мусоҳибаҳо меорояд, матолиби иғвоангез нашр мекунад, садо мепароканад ва аз ин тариқ худро реклама ҳам менамояд. Иддаои ў бар мабнии ин ки Роҳбарияти давлат бо набард ба сари қудрат расидааст, сухани наву тоза нест. Албатта, Ҳукумати имрўзӣ дар шароите сари қудрат расид, ки наҳзатиён дар қаламрави ҷумҳурӣ ба бедодгарӣ машғул буданд ва сокит шудан ва хомўшӣ ихтиёр кардан дар он вазъият бетарафию тарсуие беш набуд. Чӣ, Роҳбари кишвар бояд  сукут меварзид ва мегузошт, ки Тоҷикистон ба хоку хун оғушта гашта,  Шерзамонҳои вақт дар мамлакат ҷавлон кунанд?!  Манзараи даҳшатноки ибтидои солҳои навадуми садаи бистумро, ки дар қолаби наворҳо дар васоити ахбори умум мавҷуд аст, як тамошо намоед ва ба кайфияти ҳаводис бадиққат таваҷҷуҳ фармоед, то тоифаи нохалафро, ки зери парчами исломи сиёсӣ ба чӣ корҳое даст задаанд бинед.  Шерзамонов ё аз ҳаводиси вақт бехабар аст ва ё дидаву дониста худро ба нодонӣ мезанад.

        3.Шерзамонов мисли ин ки ҳарфҳои пуштибонони хориҷиашро такрор мекунад ва масъалаи Бадахшонро бузург ҷилва медиҳад, чун медонад, ки бузург ҷилва додани масъала ва обуранги сиёсӣ бахшидани он, ҳам ба манфиати дориаҳои махсуси хориҷӣ ҳаст ва ҳам ниёзҳои сиёсию иқтисодии наҳзатиҳоро. «Паймонсозон» аз шахсиятҳои калидии Ҳукумат ҳарос доранд? Чаро? Чунки ин шахсиятҳо найрангҳои сиёсӣ ва дасисаю иғвоҳои наҳзатиро рўйирост фош сохтанд ва пеши роҳи тавтеаҳои онҳоро гирифтанд.  Пеши роҳи балвои Назарзодаро гирифтан ва бо далоили муътамад собит кардани ҷурми элитаи сиёсии наҳзатӣ дар пиёда намудани барномаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон роҳкорҳоеанд, ки сохторҳои қудратӣ муваффақона анҷом доданд.   Зимнан, наҳзатиён тавассути матолиби иғвогарона мекўшанд, ки симои роҳбарони сохторҳои давлатиро бад нишон бидиҳанд ва дар ҳар бадбахтие, ки сарашон омадааст, изи онҳоро биҷўянд.

      4.Маълум аст, ки Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз минтақаҳои муҳиммест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад кардааст. Авзои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистони ҳамсоя ба ҳама маълум аст. Ба буғранҷии авзоъ, хариду фурўши аслиҳа ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зам мешавад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастагӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ масъалаи халъи силоҳро дар Бадахшон, ки солҳост миёни гурўҳҳои ҷинояткор радду бадал мешавад, мавриди бозбинӣ қарор медиҳанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда аз имконоти қудратӣ, фаннӣ-техникӣ, интизомӣ ва ҳуқуқӣ истифода мебаранд. Аз тарафи дигар, таъмини амнияти дохилӣ ва оромиши сиёсӣ, ки аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, вазифаи сохторҳои қудратӣ мебошад. Солҳост, ки дар Бадахшон гурўҳҳои ҷиноятпеша ва тоҷирони маводи мухаддир  авзоъро ноҷур месозанд ва ҷомеаро ба ҳолати осебпазирӣ расонидаанд. Аз ин лиҳоз, ислоҳи вазъ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти зиддахли давлатӣ мебошад. Агар, мо гапи Шерзамонов ва «дастуру нишондодҳо»-и ўро, ки аслан парвои миллату давлат надорад (ба ҷуз сармояи худ) бигирем, давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ ба масхара кашида мешавад.

     5.Аҷиб ин аст, ки Шерзамонов аз созмонҳои байналмилалӣ хоҳони он аст, ки ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намоянд ва масъаларо, ки марбути Тоҷикистон аст, ҳаллу фасл намоянд. Дахолат дар умури давлат магар аз ҷумлаи иқдомоти созмонҳои байналмилалӣ аст? Давлати мо дар умури двлатҳои дигар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳаққи дахолат надорад. Ҳар гуна дахолатро дар умури дигар кишварҳо ва давлатҳо қонунҳои байналмилалӣ манъ намудаанд. Масъулини созмонҳои байналмилалӣ масъаларо мефаҳманд, аммо  чаро Шерзамонов ва ҳампаймононаш масъаларо фаҳмидан намехоҳанд ва саъй мекунанд қазияро бузург нишон бидиҳанд?!

     6.Ҳассосият бахшидан ба масъалаи Бадахшон барои ТТЭ ҲНИ чун обу ҳаво зарур аст ва ҳоло ки дигар масоили доғ вуҷуд надорад,  наҳзатиён аз Шерзамонови Бадахшӣ истифода мебаранд, то ба ҳадафҳои худ бирасанд. Тамоми қазия ва дар гирди он моҷаро ҳамин асту бас.

 

   Фаридун Ориёӣ

 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^