Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилооти ҳануз ҳам барраси мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳодисаи зиндони Ваҳдат чанд чизро ба таври возеҳ нишон дод. Аз ҷумла:
1.Ин ҳодиса моҳияти даҳшатноки тафаккури доишию наҳзатиро пурра исбот кард. Дарафтодан ба ҷони ҳамдигар, надоштани заррае таҳаммулпазири нисбати дигарандеши, худсарона ҳукм кардан нисбати мусулмонони дигар, аз мафҳуми раҳму шафақат дур будан, бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани инсон ва ғайра, ки хусусияти ташкилотҳои террористие чун «Ал-Қоида», «Толибон», «ДОИШ», Ҳизби наҳзат ва ғайра мебошад, дар ин ҳодиса бори дигар дар амал дида шуданд. Ифротгароён ҳамон гуна, ки дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон сари мардумро мебуриданд ва ҷасадҳоро таҳқир мекарданд, дар ин ҳодиса низ ҳамон усули худро такрор карданд.
Гарчи дар инъикоси ин ҳодиса баъзе расонаҳо асосан доишиёнро золим ва наҳзатиёнро мазлум нишон додани мешаванд, аммо тафаккур ва тарзи амали наҳзатиҳо низ аз онҳо фарқе надорад. Дар замони ҷанги шаҳрванди, ки наҳзатиҳо муддате дар минтақаи Рашт назоратро дар даст доштанд, ҷиноятҳои даҳшатноке содир намуданд, ки аз ҷиноятҳои ДОИШ ҳам бадтаранд. Ба дор овехтани одамони бегуноҳ, сар буридани асирон, қатли муаллимону духтурон, буридани забони санъаткорон, чок кардани шиками занону духтарон ва ғайра, ки наҳзатиён дар Рашт анҷом доданд, ҳоло ҳам аз ёди ин мардум намеравад.
Ин ҳодиса нишон дод, ки идеологияи ифротгарои, фаҳмиши ҷоҳилонаи дини ва фанатизми мазҳаби чи гуна инсонҳоро ба мавҷуди даҳшатнок ва бераҳм табдил мекунад. Ин аст хатар ва даҳшати асосии ифоротгарои…