Осиёи Марказӣ дар ҳама давру замон нахустмеҳани мардуми ориёӣ-тоҷикон буд. Дар асри VII мелодӣ воридшавии халқҳои туркзабон аз шимоли ин минтақа ба сарзамини Суғду Тахористон оғоз гардид ва ин раванд минбаъд дар муддати қариб ҳазор сол бо воридшавии туркҳои қарахонӣ, салҷуқӣ, қарахитоӣ, муғулҳо ва ахиран узбекҳои бодиянишини Дашти Қипчоқ идома ёфта, дар харитаи этникии Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Новобаста ба воридшавии мардуми турку муғулнажод Осиёи Миёна сарзамини муштараки халқҳои ин минтақа ба ҳисоб рафта, мардум дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳамҷаворӣ зиндагӣ мекарданд.