14 сентябри соли ҷорӣ Суди олии Федератсияи Россия дархости Прокурори генералии ин кишварро қонеъ карда, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломро созмони мамнуъ ва террористӣ эътироф намуд. Чун ҳамешагӣ, роҳбарияти ин ҳизби террористӣ, ки чанд соли ахир дар хориҷа таҳти пуштибонии мафкуравию молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ ба паҳнкунии иғвою даъво ва ҳангомаю воҳимаҳо машғул аст, пас аз судури қарори Суди олӣ дасту по хӯрда, изҳоротеро нашр кард, ки худсафедкуние беш нест.
Дар изҳороти саркардагони наҳзатӣ бо густохии ба худ хос қарори Суди Олии Федератсияи Россияро дар бораи террористӣ шинохтани ТТЭ ҲНИ ва мамнуъ донистани фаъолияти онро беасос, сирф сиёсӣ ва бемасъулиятона арзёбӣ кардаанд, ки амалест манфур. Албатта, аламу ғуссаи ташкилоти террористии наҳзатиро фаҳмидан мумкин аст, чаро ки ба ном нухбагони наҳзатӣ дар нишасту маҳфилҳо ва диду боздидҳояшон аз он изҳори ифтихор мекарданд, ки фаъолияти нарму муътадили созмони ифротгаро ва террористии онҳо мадди назари созмонҳо ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорад.