25.10.2022
Хонумҳо ва ҷанобон,
Бо камоли майл аз баргузории ҷаласаи имрӯза истиқбол менамоям ва онро дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби соли 2023-и Созмони Милали Муттаҳид иқдоми саривақтӣ медонам.
Ба Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Чаба Короши барои ташкили ин чорабинии муҳим ва ба ҳамаи ҳозирин барои иштирок дар он сипоси худро иброз менамоям.
Ҳозирини гиромӣ,
Ҷаҳони имрӯза зери таъсири таҳдиду хатарҳо ва таҳавуллоти амиқ қарор дорад.
Бинобар тағйирёбии иқлим имсол мо шоҳиди зуҳуроти бесобиқаи офатҳои табиӣ гардидем.
Аврупоро гармии шадид фаро гирифт, ки ин боиси сӯхтори бешазорҳо, хушкшавии дарёҳо ва норасоии об гардид.
Ҳамзамон бо ин, қисмати ҷануби сайёра зери таъсири селу обхезиҳои харобиовар қарор гирифт.
Мутаассифона, ин равандҳо чандин сол аст, ки идома доранд ва таъсири онҳо сол то сол фарогиру шадид мегардад.
Ќобили зикр аст, ки меҳвари ин равандҳоро об њамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.