Саркардагону пайравони ТЭТ наҳзат ва тӯдаи шаурмахӯрҳои дигар бо номи “Гурӯҳи 24” тайи чанд рӯз аст, ки дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава иштирок доранд. Ин нишаст, тайи ду сол бо сабаби бемории коронавирус баргузор намегашт ва имсол ҳамон анъанаи солонаро идома хоҳанд дод. Дар ин нишаст, бештар ба мавзӯҳои ҳифзи арзишҳои демократӣ таваҷҷӯҳ мешавад. Аз сабабе, ки ҷаҳони Ғарб худро пуштибону ҳомии арзишҳои демокративу либералӣ метарошад, ҳар як нафари ҷоҳилу бесаводро, ки демократияро ҳамчун шиор истифода мебарад, қабулу пазироӣ карда истодааст. Хусусан, авлоду пайвандҳои наҳзатиҳои толибонисифати асримиёнагӣ ва тӯдаи шаурмахӯрҳои бесаводу радимаъракаро қабул кардаву паноҳгоҳ додаву грантҳо ҷудо кардаву бисёр олиҷаноб истифодаи ҷинсиву моддӣ карда истодааст.
Ҳамин аст, ки тайи чанд рӯз саркардаи наҳзатиҳо Кабирӣ дар ин конфронси САҲА иштирок ва суханронӣ карда, барои ба даст овардани кӯмакҳои навбативу грантҳои бебозгашт кишвари моро танқиду таҳқир карда истодааст. Кабирӣ чӣ қадаре, ки дурӯғу тӯҳмат дар ҳаққи кишвари моро зиёд намояд, ҳамон қадар пулу моли зиёдро ба даст хоҳад овард.