Давлат ба ҳайси институти асосию мураккабтарини ҷомеаи сиёсӣ баромад менамояд. Он дар нисбати институтҳои дигари сиёсӣ ва тамоми таркиботи иҷтимоӣ хосияти меҳвариро касб намудааст. Давлат майдони зиддият ва мухолифати неруҳои сиёсӣ баромад намуда, тамоми неруҳои сиёсӣ мекӯшанд, ки онро ҳамчун воситаи пурзӯри амалигардонии мақсадҳои хеш истифода баранд. Давлат дар ҳаёти инсон мақоми заруриро касб намудааст. Он ба ҳайси институти меҳварию сиёсии танзимгари раванду ҳодисаҳо ва муносибатҳои системаи сиёсӣ баромад менамояд.
Давлат маҳсули пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башарист. Раванди пайдоиши давлат дар марҳалаи муайяни тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ба амал омадааст. Ҷамъият як навъ муносибат ва робитаи байниҳамдигарие мебошад, ки одамонро аз лиҳози муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию динӣ муттаҳид намуда, дар доираи он манфиатҳо ва талаботҳо қонеъ мегарданд. Одамон аз раванди муносибатҳои мазкур дар алоҳидагӣ баромада наметавонистанд ва барои идораи соҳаҳои ҷамъиятӣ системаи муайяни қоидаҳои рафторро ба вуҷуд оварданд. Зарурати қонеъ гардонидан ва таъмини ниёзҳо заминаи заруриро барои пайдоиши давлат ба вуҷуд овард.