Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҲАМКОРӢ БО ҶОМЕА » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҲАМКОРӢ БО ҶОМЕА
Информация к новости
  • Просмотров: 785
  • Автор: admin
  • Дата: 3-11-2022, 20:14
3-11-2022, 20:14

ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҲАМКОРӢ БО ҶОМЕА

Бахш: Маълумот

Дар ибтидои фаъолият ба дӯши насли аввалаи милитсия вазифаи ниҳоят душвор афтода буд, ки истодагарию пуртоқатӣ, нерӯ ва матонати хос, муносибати поквичдонаю бенуқсонро талаб мекард. Воқеан ҳам, саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату далерии кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин муборизи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқию кафолати осоиши минбаъдаву суботи ҷомеа пайваста назаррас мебошад. Ин мақомот чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа дар ҷараёни мушкилоти шаҳрвандон ва ҳалли онҳо дар доираи вазифаҳои хизматӣ ва инчунин, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ахлоқи баланд ва ҳисси ватандӯстӣ саҳми намоёнро доро мебошад. Намунаи олии садоқат ба Ватан ва савганди хизматӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки милитсия ба маънии том халқист.

    Кормандони ШВКД дар ноҳияи Балҷувон ҷиҳати пешгирӣ, пас намудани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, дуздии молу амвол ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

    Як нуқтаро мехостам ин ҷо дарҷ намоям, ки давоми соли ҷорӣ бо супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳафтаномаи соҳавии "Қонун ва ҷомеа" аз тарафи роҳбарони аввали ҷузъу томҳои ВКД дар мавзӯи ФОҶ мақолаҳо ба чоп мерасанд. Ба роҳ мондани омӯзиши мақолаҳои мазкур дар байни ҳайати шахсӣ, махсусан кормандони оперативӣ аз манфиат холӣ нест. Зеро кормандони оперативӣ дар ошкор намудани тамоми намуди ҷиноятҳо саҳми арзанда доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Балҷувон оид ба сар задани ҷиноятҳои дуздӣ ба мақомоти милитсия аз чанд нафар аризаи шикоятӣ ворид гардид, ки шахсони номаълум шабона чорвои майдаашонро аз оғилхонаҳо дуздида, ба самти номаълум ғайб мезананд. Бо зиёд гардидани арзи шаҳрвандон бо ин мазмун, оид ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои оперативӣ оғоз карда шуда, барои ҷустуҷӯи ҷинояткорон корҳои фаврӣ шурӯъ гардид. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Балҷувон ҷамъ овардани маълумот ва санҷиши маълумоти фаврӣ бо роҳи оперативӣ маълумот ба даст оварда шуд, ки дуздон шабона ба ҳудуди деҳаҳои ноҳия омада, баъди анҷоми тасарруфи моликияти сокинони маҳаллӣ ҳудуди ноҳияро тарк карда, чорвои дуздидаашонро ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бурда, дар бозор ба фурӯш мегузоранд. Ҳамчунин, дар натиҷаи дуруст ва сари вақт ба роҳ мондани ЧОҶ маълум гардид, ки дуздон ин корро тавассути автомашинаи тамғаи ҶИП, рақами қайди давлатиаш номаълум, анҷом медиҳанд. Кормандони фаврӣ баъди гузаронидани маҷмӯи ЧОҶ муаяйн намуданд, ки автомашинаи мазкур аз тарафи як нафар сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба иҷора гирифта, муваққатан онро истифода мебурдааст. Маълумоти дақиқи оперативӣ оид ба шахсияти ин ронанда гирифта шуд ва маълум гардид, ки ӯ қаблан бо ҷурми дуздии амволи ғайр ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Инчунин, номбурда се нафар шариконашро аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамроҳ гирифта, бо маслиҳати пешакӣ рӯзона аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон раҳсипор мешаванд. Ҳангоми ҳаракат дар шафати ин роҳҳо оғилхонаҳои шаҳрвандонро муайян ва зери мушоҳида қарор дода, шабона чорвоҳои онҳоро тасарруф карда, ба бозори калони чорвои ноҳияи Рӯдакӣ мебурдаанд ва ба шахсе ки ҳамчун фурӯшандаи чорво бо инҳо ҳамкорӣ дошт , дода, пас аз фурӯш маблағҳои бадастовардаашонро байни худ тақсим менамудаанд. 

     Баъди дастгир намудани ин гурӯҳи ҷиноятпеша тафтишоти минбаъда нишон дод, ки номбурдагон мунтазам ба дуздии чорво машғул шуда, дар ҳудуди ноҳияҳои дар боло номбаршуда, дар умум, 21 ҳолати дуздии чорвои шаҳрвандонро содир намудаанд, ки ҷамъи чорвои дуздидаашон 76 сарро ташкил медиҳад. 

    Қайд кардан ба маврид аст, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони милитсия буда, ин мубориза аз шаҳрвандон низ масъулияти баландро тақозо менамояд. Агар мо шаҳрвандонро ба ҳамкории дуруст ҷалб намоем, албатта онҳо ба мо такя менамоянд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки ҳамкории зич бо аҳолӣ дар мадди назари роҳбарият ВКД қарор дошта, бо дастуру супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандон ҳамарӯза бо минтақаи хизматии худ ва вазъи аҳолии он бохабар мебошанд. Фаъолияти шабонарӯзии телефонҳои боварӣ дар мақоми корҳои дохилӣ ва сӯҳбату вохӯриҳои ҳаррӯзаи нозирони минтақавӣ ва дигар кормандон, ташкили нуқтаҳои сайёри милитсия ин аз наздик будани кормандони милитсия ба шаҳрвандон шаҳодат медиҳад. 

    Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Балҷувон дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯриҳои судманд роҷеъ ба мавзӯъҳои терроризм, экстремизм, мубориза бо коррупсия, амалинамоии қонунҳои миллӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар мавзуъхои доғи рӯз, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист мунтазам доир менамоянд. Ҳадафи асосии баргузории сӯҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон аз он иборат аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва милитсия бояд бо ҳам наздик бошанд. Дар ин баробар, дар толори бинои маъмурии Шуъбаи милитсияи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва усулҳои нави корӣ дар байни кормандон, бо иштироки роҳбарият дарсҳои сиёсӣ ва маърифатӣ оид ба таърихи пурғановати халқи тоҷик гузаронида мешаванд. 

    Воқеан ҳам, фаъолияти кормандони милитсия, ки ба таъмини оромии ҷомеа ва амнияти шаҳрвандон нигаронида шудааст, набояд сокинонро дар нигоҳ доштани фазои сулҳу оромии ҷомеа бетараф гузорад. Балки ҳар як шаҳрванд, бояд пайваста бо милитсия дар ҳамкорӣ бошад, то пеши роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ба зудӣ гирифта шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои ҷамъият ва шукуфоии мамлакатамон аз оромиву сулҳу субот вобастагӣ дорад. 

    Борҳо мо худ шоҳиди он гаштем , ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баҳои баланд додаанд. Пас, мо бояд шабонарӯзӣ ва содиқона паи иҷрои вазифаҳои хизматии хеш бошем, то боварӣ ва баҳои додаи Пешвои миллатро сазовор бошем.  

 

                       Ҳабиб Ҷумъазода, 

                      сардори ШВКД дар н. Балҷувон,

                      подполковники милитсия

 

Бознашр аз ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа"  №39 (699), 06.10.2022

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^