Дар раванди рушди давлатдорӣ марҳилаҳои мушкилу мураккаб ва ихтилофнок хеле зиёданд. Ҳар яки онҳо заминаҳои сиёсию иқтисодӣ, сабабҳо ва омилҳои муайяни худро дошта, ба раванди давлатсозӣ таъсири муайян мерасонанд. Мушкилоту тазодҳо маҳсули эҳтиёҷоти пайдошавандаи иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд. Аз ин нуктаи назар, муайян намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва сари вақт қонеъ намудани онҳо имконият медиҳад, ки ҷомеа ба зинаи болотари рушди худ ворид шавад.
Дар ҳолати сари вақт танзими худро наёфтан, метавонанд дар шакли эътирози иҷтимоӣ зуҳур ёбанд. Чунин ҳолатҳо равандҳои доимо такроршаванда дар таърих буда, интихоби масири мувофиқ аз вазъияти таърихӣ, хиради сиёсӣ, фарҳанг ва арзишҳои сиёсии дар ҷомеаҳо пазируфташуда вобаста мебошад. Аз ин нуктаи назар, марҳилаи таърихӣ сароғози падидаҳои иҷтимоии дорои хусусияти нав буда, ба ташаккули муносибатҳои ҷадиди ҷамъиятӣ замина мегузорад. Дар ин ҷараён рӯйдодҳои таърихие ба амал меоянд, ки ҷараёни равандҳоро комилан дигар карда метавонанд. Ин ҳама натиҷаи фаъолияти шахсиятҳое мебошанд, ки масъулияти таърихии сарварии ҷомеаҳоро бар дӯш доранд. Вобаста ба ин аз нуктаи назари фалсафаи таърих, дар ҳар як ҳодисаю рӯйдоди таърихӣ маҳз инсон дар меҳвари онҳо қарор дошта, моҳияташонро вобаста ба манфиатҳои худ ташаккул медиҳад.