Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дармуттаҳидии миллати тоҷик замина гузошта, минбаъд дар партави он тамоми дастовардҳои дигари кишвар рӯйи кор омаданд. Аз ҳамин нуқтаи назар дар таърихи кишвари мо баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ воқеаи дигари бузурги таърихӣ-сиёсие мебошад, ки мақоми махсусро ишғол менамояд. Агар Истиқлоли давлатӣ ба пайдо шудани номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсӣ асос гузошта бошад, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро мустаҳкаму побарҷо намуд.***
Миллати тамаддунофари тоҷик маҳз тавассути Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тақдири худро равшан намуд, ояндаи некашро бунёд гузошт ва роҳи пурсаодатро ихтиёр намуд. Маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сабаб гардид, ки таърихи навини халқи тоҷик, давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ шуруъ гардад. Яъне, гуфтан мумкин аст, тамоми дастовардҳое, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо соҳиб гардидем, маҳз аз Иҷлосияи сарнавиштсоз маншаъ мегиранд.
9 сентябри соли 1991 эълони Истиқлоли давлатӣ ба кишвари мо заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ шомил ва аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла 2 марти соли 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид, 26 феврали соли 1992 ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва ғайра шомил гардид. Вале мутаассифона Тоҷикистон дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардида, ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашида шуд. Албатта ин ҷанги хонумонсӯз боиси зарарҳои калон гардид, вале ба бахти миллати тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гардиду бо ташаббуси Раиси тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама нофаҳмиҳо ва ноумедиҳо нуқта гузошта шуд ва миллату давлат аз нестшавӣ наҷот ёфт.