Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии аввалини худ бо боварӣ изҳор доштаанд, ки: “...Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан дар ҳарфҳои худ содиқ монданд ва аз рӯзҳои аввалин ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим - хомуш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналхалқӣ шуруъ намуданд.
Имрӯз мо самараи талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамагӣ дида истодаем. Аз сипарӣ шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 30 сол сипарӣ гардид ва тӯли ин солҳо мо бо сарварии Пешвои муаззами худ тавонистем роҳи пурифтихореро тай намоем. Маҳз сиёсати дурбинона, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо хушбатӣ эҳдо намуда, дар ҳалли масъалаҳои доғи на танҳо кишвар, балки сайёра, аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард.
Ҳар яки мо бояд амиқ дарк созем, ки маҳз бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба сулҳ расидему аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор намоем. Болотар аз ҳама, Ватани азизамон ба ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору фазои озоди бунёдкориву созанда расид, ки имрӯз ҳар яки мо шоду хуррам зиндагӣ дорем.
Саидакрам ИБРОҲИМОВ