Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва амали ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чи дар давлатҳои рӯ ба инкишоф коррупсия пурра аз байн нарафтааст. Коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум месозад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор ҳам мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад.
Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гуза-штагони тамаддунофари мо, дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад.
Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад. Хавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории аҳли ҷомеаро коста гардонда, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.
Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин то замоне рафта мерасад, ки ва-зифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин бо шеваи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузарондаанд.