Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 02.08.2023 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 306
  • Автор: admin
  • Дата: 2-08-2023, 16:22
2-08-2023, 16:22

Ҷавононро гумроҳӣ ба ифротгароӣ мебарад

Категория: Хабар

Аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир, вақте мегӯем, “ҷомеа”, асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте “мушкилоти ҷавонон” мегӯем, пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст.

Гуфта мешавад, имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ, беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин, воқеан, рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Албатта, мавқеи коршиносон нисбат ба омилҳо ва сабабҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ гуногун мебошад. Аз маъмултарин сабабҳои матраҳ дар муҳокимаи коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ба суръати тез ҷалб гардидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ инҳо мебошанд:

— бекорӣ;

— камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ;

— саводи казоии динӣ ва дунявӣ надоштани як қишри муайяни ҷомеа;

— дур мондани насли хурдсол аз таълиму тарбия;

— ноустувории оилаҳо;

— бетарафии фаъолони ҷомеа;

— фаъолияти сусти муассисаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ…

Албатта, бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ аз ҷумлаи омилҳои ибтидоӣ буда, наметавонандба унвони омили асосӣ истифода шаванд. Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд. Нафароне ҳам, ки ба ин омилҳо ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, бешак, ба онҳо омилҳои минбаъда таъсири асосиро гузоштааст. Вагарна, ба ҳеҷ ваҷҳ он гуруҳҳои ифротӣ барои эшон шароити беҳтару хубтари зиндагӣ пешниҳод карда наметавонанд. Баръакс, эшонро ба сӯи ранҷ ва маргу бадбахтӣ тела медиҳанд.

Вобаста ба ин масъала нахуст як нуктаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гуруҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ шудааст ва ин яке аз роҳҳои осони тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.

Яке аз сабабҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дурии ҷавонон аз фарҳангу тамаддун ва бехабарӣ аз асли дину оин номида мешавад. Чун муҳаққиқон ва соҳибназарон бар ин ҳастанд, ки маҳз дур мондани ҷавонон аз мутолиаи китоб онҳоро ба ҳар гуна иқдом мебарад.

Агар истилоҳи “ифротӣ”–ро шарҳ диҳем, мебинем, ки мафҳуми ифротӣ ё радикал (тундрав) аз вожаи юнонии родикс (radix) гирифта шуда, нахустин бор дар Англия тавассути Чарлз Ҷефер Фокс, аз раҳбарони ҳизби либералӣ (Виг), дар мавриди мухолифони лоиҳаи ислоҳоти соли 1832 ба кор бурда шудааст. Аз ҳамон замон ҷиноҳи муҳофизакори ҳизби либерал ба радикал машҳур шуд. Дар Фаронса низ ҳизби ба ном ҳизби ҷумҳурихоҳи радикал ва радикализми сотсиалист вуҷуд дошт, ки пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз эътибор афтод.

Аммо дар ҷомеаи имрӯз ифротгароӣ”, хусусан дар якчанд даҳсолаи асри 20 ва ибтидои асри 21, хеле вусъат пайдо кардааст. Дар ин солҳо харакатҳои ифротгароии динӣ ва гуруҳҳои тундрав хеле фаъол гаштаанд, ки ҷунбиши “Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизбу-т-таҳрир”ва “Давлати исломии Шом ва Ироқ” аз зумраи ин созмонҳои мамнуъ эълоншуда мебошанд. Ин созмонҳои ифротӣ ва террористие ҳастанд, ки дар атрофи Тоҷикистон низ чарх мезананд. Мутаассифона, яке аз хусусиятҳои манфии созмонҳои ифротӣ дар он мебошад, ки онҳо шиорҳои диниро истифода бурда, аз номи дини мубини ислом баромад мекунанд.

Ин аст, ки гуфта мешавад, имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан байни ҷомеа мебошанд. Ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои арабӣ бори дигар хатарнок будани ин омилро нишон доданд. Яъне, новобаста аз исломӣ будан ва набудани давлат, новобаста аз мусалмон будан ё набудани аксари аҳолии кишвар, агар ихтилоф ангехтан лозим бошад, ҳатман онро аз дидгоҳи бархӯрдҳои диниву мазҳабӣ ва тафриқа байни диндорон роҳандозӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки барои чунин гуруҳҳо аз ислом танҳо номаш лозим аст ва ин ҳам барои гумроҳ сохтани мусалмонон.

Дуруст аст, дар ҳар давру замон тоифае вуҷуд дорад, ки салоҳи ҷомеаро намехоҳад ва баҳри расидан ба манфиатҳои худ аз ҳар васила истифода мекунад.

Бархе аз муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки аъзои гуруҳҳои ифротӣ нишонаҳои хос доранд ва ҷавононро зарур аст, ки онҳоро шиносанд. Дигаргунӣ дар дашному ҳақоратҳо ва сару либос, намозгузорӣ, интихоби мусиқӣ, канораҷӯӣ, мутолиаи пайвастаи китобҳои идеологӣ, муносибат бо ҷинси муқобил, равобити виртуалӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

“Ҷиҳод фарз ва шаҳид шудан дар роҳи Худову дини Худост ва ҳар маврид, агар нафаре туро ба ҷиҳод даъват мекунад, бояд аз зану фарзанд, падару модар ва тамоми пайвандон бигзарӣ ва агар ин корро накунӣ, бидон, ки ту мусалмони ҳақиқӣ нестӣ”… Ба ҳамин мазмун сабтҳое дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ рехтааст, ки солҳои аввали зуҳури давлати ба ном исломӣ фазои маҷозиро пур мекард ва мағзшӯён аз онҳо ҳамчун “василаи таъсирнок” барои ҷалби ҷавонон истифода мекарданд.

Аслан, ба гуфтаи коршиносон, истилоҳи “ҷиҳод”, ки дар даҳсолаи ахир байни ҷомеаи динии Тоҷикистон хеле зиёд, баланд ва бо итминон садо дод, номувофиқ буд. Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки барои суҳбат ва ё амри маъруфҳо дар ин бора байни ҷомеае, ки беш аз 70 сол таҳти таъсири идеологияи зиддидинии шӯравӣ қарор дошту зиёда аз ин, ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, як қадар шитобзадагӣ ва то ҷое хатарзо ба ҳисоб мерафт. Гуфта мешавад, халқи таърихан мусалмони тоҷик, ки дар натиҷаи ин сиёсатҳо ва ин ҷанги шармовар аз ислом то андозае дур гашта буд, ба дарки чунин мавзуҳои мураккаб ва хеле ҳассос омода набуд, балки натиҷаи баръакс оварда метавонист ва то ҷое овард. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи шарҳу тафсири нодурусти “ҷиҳод” аз ҷониби руҳониёни камхонда ва онҳое, ки пинҳонӣ бо гуруҳҳои ифротӣ ҳамкорӣ доштанд, дар зеҳни насли ҷавон, камсавод ва бекор ақидаҳои ғалат дар мавриди ин истилоҳ ба вуҷуд омад.

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудаанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал меоранд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед, ватану миллати худро дӯст доред, ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред. Инчунин, дар муроҷиат ба асолатбохтагону раҳгумзадагон босароҳат таъкид кардаанд, ки ба ватану миллат хиёнат накунед, ба умеди хоҷагони хориҷиатон нашавед. Онҳо бо дасти худамон хонаи моро сӯзонда, моро дар миёни оташ гузошта баромада мераванд.

Аз ин таъкидҳои Сарвари давлат бармеояд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз нуфуз ёфтани гуруҳҳои ифротӣ ин ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардум мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати бохабар шудани ҷомеа аз рукнҳои аслии ислом бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва паҳн карда шуд. Дар ин бобат фаъолони ҷомеаро зарур аст, ҳамвора дар байни мардум, махсусан ҷавонон кор бурда, ба эшон воқеияти арзишҳои динӣ ва муносибати онҳоро ба арзишҳои дунявӣ фаҳмонанд.

Яке аз минбарҳои аслии гуруҳҳои ифротӣ сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мубаллиғон мавзӯъҳои баҳснокро ба муҳокима мегузоранд, нуқтаи назари худро бо истифода аз номи Худо ва аҳодиси Пайғамбар кӯшиш мекунанд то андозае мутобиқ созанд ва дар охир иштирокчиёни баҳсро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Дар ин маврид омили пешгирикунанда ҷавоби сазовор додан ба эшон аст. Ин раванд бетарафиро намепазирад. Фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки фаъол будани худро нишон диҳанд ва дар бахсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ на ба ҳайси тамошобинони бетараф, балки ҳамчун ҳомиёни воқеии ватану миллати худ баромад намоянд ва бо таъсири сухани худ иддаои ифротгароёнро ботил сохта, ҷавононро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.

Солҳои охир дар кишвар як қатор иқдомҳои созанда, аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд рӯи даст гирифта шудаанд. Қонун, воқеан ҳам, созанда аст ва дар сурати аз ҷониби волидайн амалӣ гаштани ҳамаи унсурҳои он фарзандон аз тарбияи оила ба хубӣ бархӯрдор гардида, эҳтимоли ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз байн меравад. Имрӯз падарону модарони зиёд аз доғи фарзандони худ, ки ба чунин гуруҳҳо пайвастаанд, ранҷ мекашанд. Аксаран, ин натиҷаи ҳамон бетафовутӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва беаҳамиятӣ нисбат ба солимии муҳити атрофи кӯдакон мебошад. Пас ин ҷо низ аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ҷиҳати механизми иҷрои ин қонуни стратегӣ ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.

Дар охир такя ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям, ки “Ваҳшонияте, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ инсониятро фаро гирифтааст, дар таърих назир надорад. Амалҳои бераҳмонаи ифротиён, бахусус созмони террористии ДИИШ, ки на ба кӯдакону занон ва на ба пиру ҷавон заррае раҳм надошта, боиси марги ҳазорҳо афроди бегуноҳ гаштаанд. Манзараи қатлу кушторҳои бераҳмона, овораю сарсон ва гуреза гардидани мардуми бегуноҳ аз ҷумла модарону кӯдакон ҷигари инсонро реш-реш мекунад”.

Ин аст, ки Президенти кишвар вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои мулумонии Шарқро, ки ғарқи гирдоби терроризму экстремизм гардидааст, дар Паёми худ баррасӣ намуда, қайд намуданд, ки афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Мушкил ҳамеша домангири ҷомеаи ҷаҳон ва бахусус, Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз ин мараз талошу заҳамоти намояндагони тамоми соҳаҳоро талаб дорад. Бояд ҷомеа, муҳит ва мактабу коргоҳ барои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои номатлуби ифротгароӣ масъул бошанд ва бикушанд, то ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ободу озод ва суботу амнияти Тоҷикистони азизро доғдор насозад.

 

Хуршед АНДАМОВ

ходими илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АИ ҶТ,

номзади илмҳои филологӣ

 

Бознашр аз рӯзномаи «ИмрӯзNews» №104

Информация к новости
  • Просмотров: 306
  • Автор: admin
  • Дата: 2-08-2023, 14:35
2-08-2023, 14:35

Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Категория: ---

Информация к новости
  • Просмотров: 299
  • Автор: admin
  • Дата: 2-08-2023, 14:13
2-08-2023, 14:13

Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст

Категория: ---

Инсони тассубзадаву хурофотӣ

аз дарки озодӣ бебаҳра аст

 

Дар ҳар кишваре ки тассубу хурофот, нодонӣ, ҷаҳл ва бовармандӣ ба шаклҳои мухталифи истибдод зуҳур мекунанд, дар он сарзамин ҳеҷ ҳаққи озодӣ лабханд нахоҳад зад. Ин ба он маънист, ки озодиро танҳо инсонҳои соҳибдонишу вораста, ки бо кушишу талош ва ҷӯёӣ аз роҳи хираду андеша тавонистаанд худу ҷаҳонро шиносанд дарк карда метавонанд. Миллате, ки барои ӯ вақт ва умр арзише надорад, ӯ наметавонад моҳияти вуҷуди худро дар олами ҳастӣ ташхис бидиҳад. Ҳамчунин ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ намедиҳад, то ҷойгоҳи худ ва ҷаҳони мавҷудро аз диди арзишӣ баррасӣ намояд, ӯ ҳеҷ замон тан ба фаҳми ҳақиқат нахоҳад дод. Қамве,  ки афкори баста ва наандешидану бовармандиро бар шууру  андеша тарҷеҳ медиҳад, ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқати олами ҳастӣ даст нахоҳад ёфт, зеро ӯ хислати пӯёиву ҷӯёиро, ки асли моҳиятии инсонанд, маҳдуд карда ё аз он даст кашидааст.Инсон будан ин соҳиби хираду андеша ва тафаккури таҳлилӣ будан ва дар ин роҳ ҳамеша ҷӯёву пӯё будан аст. Вақте инсон хираду андеша тафаккури таҳлилиро аз даст дод, ё аз онҳо даст кашид, шояд махлуқи инсонмонанд аст, вале он чун бардае дар ихтиёри касон қарор хоҳад гирифт. Инсоне, ки наметавонад фаҳму дарки айнӣ аз ҷаҳон дошта бошад, ба тарзи табиӣ он аз кистӣ ва чистии худ, моҳияти вуҷуд ва ҷойгоҳашро низ дар ин олами нопайдоканор дарку фаҳм карда наметавонад. Ҳама чизро бо соддабоварӣ ва балоҳат қабул мекунад,  Нодонию балоҳати худро аз рӯи таассуб ҳамчун ҳақиқати бебаҳси олами ҳастӣ баррасӣ мекунад, ки чунин тарзи рафтору муносибат боиси дар тафаккури мардумони огоҳу донишманд мавриди нописандӣ ва хандахаришу беэътибор шуморидани фард, гуруҳи иҷтимоӣ ё халқият мегардад.

Қобили зикр аст, ки дарку фаҳми дуруст ва баробар ба айнияту воқеияти олам аз сатҳи омӯзишу парвариш маншаъ мегирад. Ҳар қадар дар барномаи таълимии омӯзишу парвариш, дарки ҳақиқату воқеияти ҷаҳон дуруст инъикос ёфта бошанд ва онон мавриди дарки дурусти хонанда қарор бигиранд, ҳамон андоза ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва сатҳи тафаккуру хирадандешӣ аҳли ҷомеа боло меравад ва тағйир меёбад. Баръакс дар ҳар ҷомеае ки омузишу парвариш на дар чорчубаҳои илмӣ ва маъруфу шинохта шудаи умумибашарӣ ба роҳ монда шуда бошанд, дар он ҷо фаҳм ва дарки ғалат аз ҳаводиси табиию иҷтимоӣ берун омада, бовармандиву хурофаандешӣ авлаият пайдо мекунад.

Фард ва ё гуруҳи иҷтимоие, ки пайваста дар ҷустуҷӯи чунию чароии ҳаводис аст, ҳамеша метавонад ба дурустии падидаҳо, чи тавр сурат гирифтани онҳо ва қонунмандии дохилии тағйирпазирии онҳо пай мебарад. Ҳар қадар зеҳни фард дорои пурсишҳои бештар бошад, ҳамеша барои дарёфти маълумоти бештар худро ва неруҳои инсонӣ ё хирадии худро сафарбар месозад. Баръакс ҳар қадар инсон ҷустуҷӯгариро аз даст диҳад, ҳамон қадар ҷаҳони маънавиаш хурду кучак мешавад. Танҳо инсони ҷӯстугар аст, ки аз неруи зеҳнию хирадии худ ба тарзи аҳсан истифода мекунад. Посухҷӯиҳо фардро маҷбур месозад, то ҷиҳати дарёфти ҳақиқати падидаю ашёҳо неруҳои инсонии худро сафарбар созад. Баръакс нафароне, ки зеҳнияти ҷустуҷӯгарро саркӯб месозанд, онҳо дар маҳдудуаи фикрӣ боқӣ мемонанд ва ниҳоятан соддабовар ва тааассубзадаву хурофотӣ мешаванд. инсоне, ки ҷустуҷугариро аз даст медиҳад дар назараш ҳамеша бутҳои зеҳние месозад, ки тамоми бузургиву шаҳоматро ба онҳо бахшида ба ибораи дигар мадюну мафтуни сохтаҳои зеҳниаш мешавад ва аз худ неруҳои инсонӣ ва моҳияти инсониаш бехабар мегардад.

Қарнҳост, ки мардумони сарзамини мо бо чунин навъи тафаккур худӣ ва ҳувийяташро аз даст додааст. Чунин навъи биниш дар тули қарнҳо ҷомеаро дучори сардаргумии ҳувийятӣ ва фарҳангӣ намудааст. Ин гуна тафаккур боиси он мешавад, ки ҳамеша байни ҷомеа ва раҳбарияти сиёсии вақт тафовути зеҳнӣ ба амал ояд.

Дар дарозои таърих (дар назар аст то омадани инқилоби Бухоро) тамоми низомҳои сиёсие, ки сари қудрат омадаанд, онҳо бештар аз маҳдуд кардани тафаккури ҷустуҷӯгар шуруъ намудаанд. Кушиш ба харҷ додаанд, то худро ҳамчун нафарони бартар ва то андозае қудсию фарозаминӣ ҷилва диҳанд ва дар чашми мардумон ҳамчун як муъҷизаи осмонӣ ҷилва кунанд. Чунин навъи ҳокимиятҳо бештар аз нодонӣ, соддабоварӣ ва яксонандешӣ суд ҷӯстаанд ва аз ин рӯ ҳеҷ гоҳ кушиш ба харҷ надодаанд, то мардумон дорои зеҳнияти ҷустуҷӯгар ва хирадандеш шаванд. Дар бунёд ҳар гуна ҳокимияте, ки мустақар мешавад, он аз номи мардум баромад мекунад, вале бо гузашти вақт онҳо чун дарк менамоянд, ки бедонишию соддабоварӣ ва тафаккури баставу хурофотӣ барояшон манфиатовар аст, ҳамин масирро думболагирӣ мекунанд ва на ба хотири боло бурдани тафаккури иҷтимоӣ, ки он пеш аз ҳама марбут ба абзори ҳувийятсозии миллӣ аст, кор мегиранд, балки баръакс манфиатҳои кучаки замонии худро бар дурнамои рушду таҳкими миллӣ тақвият медиҳанд.

Агар ба ташаккулёбии давлатҳои миллии аврупоӣ назар афканем хоҳем дарёфт, ки онҳо низ то замони мавҷудияти ҳокимиятҳои теократӣ, бахусус то давроне, ки ҳокимияти сиёсӣ бар дасти руҳониён буд, чунин навъи андешаи баста ва соддабоварию камдонишӣ тарҷеҳ дода мешуд. Аврупоиён низ бо дарки ин нукта ки илму дониш ва дарки ҳақиқати табиат ба онҳо имконияти бештари рушдро муҳаё месозад, тасмим гирифтан, ки бештар ба сатҳу сифати омузишу парвариш таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва онро ба василаи асосии пшбурди миллатҳои худ табдил диҳанд. Як нуқта қобили зикр аст, ки пас аз заволи императории Рим аврупоиён навъи давлатдории миллӣ ва дунявиро рушду такомул доданд. Бадин восита онҳо ба натиҷае расидаанд, ки ҳар қадар афроди миллат донишмандтар, огоҳтар, ҷӯётар ва пӯётар бошад ҳамон андоза миллат шукуфо мешавад ва пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, иқтидори давлат ҳамчун ниҳоди асосии сиёсӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар муносибати байналхалқӣ дорои иқтидори бузург мешавад. Пазируфтани низоми демократӣ ва интихобӣ будани роҳбарияти сиёсӣ низ маҳз ба ҳамин тафаккур алоқамандӣ дорад, ки зеҳниятсозии бутпарастона дар ҷомеа барҳам дода шавад. Ҳар фард бояд дарк намояд, ки ӯ дорои иқтидори бузурги инсонӣ аст ва бо истифодаи дуруст аз ин неруҳои инсониаш метавонад ба бузургтарин шахсият табдил ёбад. Яъне набояд ӯ комилан мадюну мафтуни дигарҳо шуда, асолату моҳияти худро аз даст бидиҳад. Чунин тарзи тафаккур ки аз донишмандони бузурги асри рушангарӣ шуруъ мешавад, тавонистааст дар Аврупо як инқилоби фикриро ба миён оварад ки онҳо бештар ба худ такя кунанд ва ҳар кадоме дарк намояд, ки ӯ дорои тамоми неруҳои бузурги инсонӣ аст, ё ба фармудаи Фридрих Нитше ӯ на як инсони оддӣ, балки “абаринсон” ё “фароинсон” аст. Ҳамин навъи зеҳниятсозӣ сабаби он гардидааст, ки мавҷ мавҷи донишмандон ва ихтироъкорон ва нухбагони фарҳангие зуҳур намоянд, ки аз як тараф мушкили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи худро камтар намуда, аз тарафи дигар барои онҳо саодатмандӣ ва ҳамзистии осоиштаро ба миён оваранд.

Баръакс иддае аз ҷомеаҳои шарқӣ ҳамеша мехоҳанд муқаддассозӣ кунанд ва ҳам чизро аз диду тафаккури “муъҷизасон” ҷилва диҳанд. Онҳо ба ҷойи ҳувйияти миллӣ ҳувйияти динию бовармандиро тарҷеҳ медиҳанд. Дар чунин навъи ҷомеа аввалан наметавон аз ҳақиқати табиату ҷаҳон огоҳии дуруст дарёфт. Инсони орӣ аз дарки дурусти табиату ҷаҳон наметавонад фарди офаринанда бошад ва чизи наверо ба миён овард. Ҳамчунин фарди нооогоҳ, ки худро нашнохтааст ба дарки миллияту манофеъи миллӣ расида наметавонад. Аз ҷониби дигар худи дарку фаҳми миллият низ на ба он фаҳмест, ки бардошти воқеӣ аз миллат онро талаб мекунад. Давлатмардони навъи ҷомеаи тассубиву хурофотӣ бештар кушиш ба харҷ медиҳанд, ки манофеи маҳдуди замонии хешро ҳимоят кунанд ва онро тақвият бахшанд. Зеро онҳо чунин меандешанд, ки ҳар замон агар мардум огоҳу донишманд шавад, метавонад бо тавтеае онҳоро аз қудрати сиёсӣ ба поён биёравад ва дар як маҳдудаи замон тамоми ҳашмату бузургии худро онҳо аз даст диҳанд, чунин навъи рафтор ва тарсу ваҳшат дар зеҳнияти элитаҳоии ҳукмрони сиёсии баъзе аз кишварҳои шарқӣ чунин хулосаеро ба вуҷуд меорад, ки боястӣ мардум дар нодонӣ, нотавонӣ ва хурофот гирифтор бошанд.

 

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳоифалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии

Донишгоҳитехнологии Тоҷикистон

 

Бознашр аз рӯзномаи

“Минбари халқ”, №29 аз 26 июли соли 2023

 

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^