Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 16.08.2023 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 1852
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:39
16-08-2023, 22:39

ТЕРРОРИЗМ-ОМИЛИ ХАТАРАФЗОИ ЗАМОНИ МУОСИР

Категория: Хабар

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёд, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил ёфтаанд. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида, дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ба таври равшантар худро ҳамчун шакли хавфноки рафтори шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ зоҳир сохт, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунад, вазъияти тақобули шиддатнокро барпо намуда, рафти ҳаёти ҷомеаро халалдору пуртазод мегардонад. Дар робита бо ин, ҳолати мазкур аз ҷомеаи тоҷик қабули чораҳои амалиро оид ба муқобала ва қаблан огоҳонидани фаъолияти террористӣ исроркорона тақозо менамояд. Ин ҳама парастиши зӯровариро устувор намуда, ба пурзӯр шудани ҳисси нобоварии шаҳрвандон барои амнияти худ мусоидат мекунад.

Терроризми муосир ин системаи истифодаи зӯроварӣ барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ тавассути маҷбурсозии мақомотҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ё гурӯҳҳои алоҳида ба содир кардани амалҳо ба фоидаи террористон мебошад. Мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» ба таркиби луғавии сиёсӣ тақрибан 200 сол пештар ворид гаштаанд, вале чунин зуҳурот дар давраҳои қадим низ арзи вуҷуд доштанд. Зӯроварӣ ҳамаи таърихи инсониятро ҳамроҳӣ мекард, аз он ҷумла дар шаклҳое, ки имрӯз чун терроризм тавсиф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Сабабу омилҳои гароишии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз терроризм бо ниятҳои нопоки худ ва бо хусусиятҳои нави худ бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад.

Дар сурате ки имрӯз вазъи сиёсати кабир мураккаб гардидаасту аз як тараф, бархӯрди манфиатҳои геопалитикӣ қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва аз ҷониби дигар, неруҳои террористӣ амал менамоянду кишварҳои рӯ ба инкишофи оламро ба харобазор табдил медиҳанд, пас мебояд ҳушёрии сиёсиро истифода бурду худро аз ин туфони аср эмин нигоҳ дошт, зеро давлату миллате, ки дар ин раванди мураккаби сиёсӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳад, худро қурбони манфиатҳои дигарон месозад, дар ин раванд оромию амниятро дар давлат ва ҷомеа нигоҳ доштан нишонаи хирадмандӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуби муосир доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Чунки мақсаду мароми худро онҳо бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм, содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ ва дигар амалҳое, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, амалӣ месозанд. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст.

Ҳамин тавр, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин зуҳуроти номатлубро аз маҳкум намуда, ба ҷаҳониён миллату давлати худро ҳамчун як миллати сулҳпарвар, ободкор, меҳнатдӯст ва ҳамчун як миллати дорои абармардони бузург муаррифӣ намоем. Чунки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон кишварҳои ИДМ бояд саҳм гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то ҳудудҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.

Чунончи фоҷеаҳои охире, ки дар моҳи сентябри соли 2015 ва июли соли 2018 дар ҷумҳуриамон ба вуқӯъ пайваст аҳли ҷамоатчигии ҷумҳуриро ба ташвиш овард, аз ҷумла миллати тоҷик бори дигар бовар бар он кард, ки дар паси пардаҳои сиёсӣ ҳастанд гурӯҳҳои ҳасудхӯре, ки тараққиёт ва пешравии баъзе давлату миллатро нахоста, мехоҳанд бо дасти фарзандони бесавод ва камандешаи ҳамон давлату миллат бар иқтисодиёт ва пешрафти он давлат халал ворид карда, бар он миллат доғ оранд ва баъд аз он боз он давлату миллатро ба давлат ё миллати беҳунару бесавод ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1681
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:36
16-08-2023, 22:36

ТЕРРОРИЗМ-ПАДИДАИ ХАТАРНОК ВА МАНФӢ ДАР ҶОМЕАИ КУНУНӢ

Категория: Хабар

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври мӯътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 1663
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:19
16-08-2023, 22:19

ХАТАРҲОИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Категория: Хабар

Интернет фазоест, ки барои муошират ва мубодилаи иттилоот имкониятҳои бепоён фароҳам меорад. Аммо, ин ҷаҳони иттилоотӣ аз хатарҳо, аз ҷумла экстремизм маҳрум нест. Экстремизм дар интернет вақтҳои охир васеъ паҳн шуда, ба амният ва суботи бисёр кишварҳо таҳдид кардааст.

 

Сомонаҳои экстремистӣ, форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо имрӯз фазои асосии электронӣ барои муошират ва ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои экстремистӣ мебошанд. Интернет воситаи муҳим барои таблиғ ва ҷалби аъзои нав гардид. Он махсусан дар байни ҷавононе маъмул аст, ки аксар вақт дар ҷустуҷӯи ҷои худ дар зиндагӣ ҳастанд ва омодаанд ба таблиғ дода шаванд.

 

Яке аз хатарҳои экстремизм дар дар интернет дар он аст, ки он метавонад ба зӯроварӣ оварда расонад. Одамони радикалӣ аксар вақт таҷовузкор, террорист ва аъзои созмонҳои динӣ ё мазҳабӣ мешаванд. Онҳо метавонанд ба муҳити зист зарар расонанд ва инчунин амалҳои террористии оммавӣ ва инфиродиро ба вуҷуд оранд. Хатари дигар, ин шикастани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ғояҳои экстремистӣ метавонанд боиси ихтилофи байни ҷамоатҳои гуногун шаванд ва ҷомеаро ба қисмҳо тақсим кунанд.

 

Баъзе шахсиятҳои ҷамъиятӣ метавонанд кӯшиш кунанд, ки тавассути шабакаи интернет ба ҳукумат таъсир расонанд. Онҳо форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳоро барои паҳн кардани ақидаҳо ва фаъолиятҳои худ истифода мебаранд. Ин метавонад эътирозҳо ё танқиди оммавии ҳукумат бошад. Ҳамин тариқ, экстремизм дар интернет метавонад ба амнияти миллӣ таҳдид кунад ва инчунин боиси ноустуворӣ ва нобоварӣ дар ҷомеа гардад.

 

Чӣ гуна шумо метавонед бо экстремизм дар интернет мубориза баред? Муҳим аст, ки ҳукумат ва дигар муассисаҳо барои таҳлили таҳдидҳо ва таҳияи стратегияи муассири мубориза бо экстремизм дар интернет андеша, таҷриба ва машварати мутахассисонро ҷустуҷӯ кунанд. Барои беҳтар фаҳмидани он, ки экосистемаҳои экстремистӣ дар интернет чӣ гуна кор мекунанд ва усулҳои таблиғ ва ҷалби онҳо кадомҳоянд, таҳқиқот гузаронидан лозим аст.

Инчунин, ҳамкории васоити ахбори иҷтимоӣ барои дастгирии истифодаи бехатар ва самараноки интернет низ муҳим аст. Бисер платформаҳо ва хидматҳо, ба монанди YouTube, Facebook, Twitter ва Instagram, барои пешгирии экстремизм чораҳо меандешанд. Онҳо технология ва алгоритмҳои навро барои ошкор кардани мундариҷаи мустақиман бо экстремизм алоқаманд ва бастани он истифода мебаранд.

 

Дар маҷмӯъ, экстремизм дар интернет таҳдиди ҷиддӣ аст, ки бояд бо кори ҳар як давлати ҷаҳон таъмин карда шавад. Кӯшишҳо бояд якҷоя карда шаванд, стандартҳои умумии мушкилот муқаррар карда шаванд ва нақшаи мубориза бар зидди экстремизм дар интернет омода карда шавад. Ҷаҳон бояд амнияти худро нигоҳ дорад ва инро танҳо тавассути омӯзиши мушкилот ва чораҳои ҳамаҷониба барои таҳкими амнияти ҷаҳонӣ дар интернет ба даст овардан мумкин аст.

  

Информация к новости
  • Просмотров: 1659
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:15
16-08-2023, 22:15

ДУНЁ БЕ ТЕРРОРИЗМ:

Категория: Хабар

Имрӯз, мутаассифона, терроризм яке аз масъалаҳои мубрам ва глобалӣ боқӣ мондааст. Ҳамлаҳо, терактҳо ва қурбониёни марг байни одамони тамоми ҷаҳон тарсу ҳаросро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз олимони ҷаҳон тавонистанд баъзе ғояҳо ва равишҳоро барои ҳалли ин масъала пешниҳод кунанд. 

 

Баъзе одамон боварӣ доранд, ки ҷаҳони бидуни терроризм танҳо орзуст, яъне ҳадафи дастнорас аст. Ин аз он сабаб аст, ки террористон аксар вақт аз давлатҳо кӯмак намегиранд ва аз ин рӯ пешгӯии макон ва вақти амали онҳо душвор аст. Гузашта аз ин, барои созмонҳои террористӣ барои сохтани ҳуҷайраҳои нав дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон монеаи назаррас вуҷуд надорад.

 

Аммо бо вуҷуди ҳама мушкилот, роҳҳои мубориза бо терроризм вуҷуд доранд. Аввалан, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд манфиати шахсии худро ба манфиати амнияти шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қурбон кунад. Давлатҳо бояд кӯшишҳои худро муттаҳид кунанд ва бар зидди терроризм муборизаи мақсаднок баранд.

 

Дуюм, ба баъзе халқҳо беэътиноӣ кардан лозим аст. Ихтилофоти динӣ ва миллӣ яке аз сабабҳои асосии терроризм мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як давлат бояд арзиши баробари ҳамаи халқҳоро эътироф кунад ва инчунин ҳуқуқи онҳоро ба озодии сухан, имон ва фарҳанг эҳтиром кунад.

 

Ғайр аз ин, маориф дар мубориза бо терроризм нақши калон дорад. Дар одамон эҳтиром ба халқҳо ва динҳои гуногунро тарбия кардан ва ба онҳо фаҳмондани он, ки амалҳои террористӣ ба ҳалли мушкилот оварда намерасонанд, зарур аст. 

 

Ниҳоят, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба таъмини суботи ҷаҳонӣ ва устувории минтақаҳои гуногуни ҷаҳон диққати махсус диҳанд. Ин кори самараноки дипломатӣ, расонидани кӯмаки иқтисодӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ва инчунин ҳимояи ҳуқуқии ҷаҳонро дар назар дорад.

 

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф саъю кӯшиши умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ, андешидани чораҳои мушаххас ва қатъият дар мубориза бо ин таҳдид зарур аст. Агар мо ба оянда умед ва боварӣ дошта бошем, пас мо метавонем сулҳро бидуни терроризм ба даст орем.

 

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^