(Қисми 2)
Руҳоният ва даврони Эҳё
Тавре таъкид гардид, яке аз масъалаҳои марказии даврони Эҳё азнавсозӣ ва б а м а н ф и а т ҳ о и м и л л ӣ м у в о ф и қ гардонидани т а ъ и н о т, н а з а р и я ва а м а л и я и д и н буд. Ташаббускорони ҳаракат муътақид буданд, ки бидуни мутобиқкунонии таълимот, ташвиқот ва таҷрибаи кори ходимони дин, фаъолияти калисоҳо ба мақсадҳои истиқлоли миллӣ эҳёи миллӣ ва рушду тараққии он ҳамчун зуҳуроти ормонӣ ва шиори хушку холӣ боқӣ хоҳад монд.
Яке аз намояндагони Даврони Эҳё Сервантес таъкид мекард, ки мардуми зери асорати зеҳнии миллатҳои бегона қароргирифта мисли лойи кулолест дар дасти аҷнабиён, ки ҳар асбобе хоҳанд аз он месозанд ва истифода мекунанд. Миллат бояд ҷаҳонбинӣ, дидгоҳ, маънавиёти ягонаи худро дошта бошад. Онро эҳсоси ягонаи умумияти таърихӣ – ирсият, урфу одат ва мафкураи ягонаи миллӣ муттаҳид намояд, на ташвиқи бепояи фарҳанги аҷнабӣ.
Маҳз ба ҳамин хотир Эҳёгарон интихобан бо беҳтарин ходимони дин, роҳибон, диншиносон, донандагони Инҷил, ки аз мардуми соҳибмаърифат буданду ҳиссиёти баланди ватанпарастӣ ва миллатдӯстӣ доштанд, ба ҳам омаданд. Хулосабардорӣ карданд, ки муддати садсолаҳо муллоҳои манфиатҷӯ ба Инҷил ва дигар адабиёти тафсири он нуктаҳоеро худсарона илова кардаанд, ки танҳо ба манфиат ва манзалати шахсии табақаи руҳонӣ хизмат мекунанд.
Бисёре аз чунин иловаҳои сохта ва тафсирҳои бофта ба сарчашмаи хурофоту таассуб ва манбаи даромади ходимони дин мубаддал гаштаанд. Ба эҳсос ва ташаккули бегонапарастӣ, ҷаҳонватанӣ (беватанӣ)-и боис гардидаанд.
Ба ҳамин хотир, яке аз шахсиятҳои маъруфи дини католикӣ Эразм Роттердамский (1466-1536) ташаббускорона китоби Инҷилро аз рӯйи матни интиқодии забони юнонӣ ба забони лотинӣ тарҷума карда, бисёре аз таҳрифу каҷнависии матнҳои пешинаро ошкор ва ислоҳ кард.
Ҳамзамон бо ин, қисмате аз нуктаҳои ҳассоси ин китоби муқаддасро ба манфиати инсонҳо одилона тафсир намуд ва дар доираи руҳи Даврони Эҳё, ки пешрафт ва зиндагии шоистаи Одамро дар назар дошт, шарҳ дод. Бо ин амали инсонпарварона, барои тараққии ҷомеа дар доираи ҳадафҳои ин инқилоби бузурги маънавӣ хизмати сазовору мондагор кард.
Бузургтарин намояндаи ин равия руҳонии машҳури немис Мартин Лютер (1483-1546) буд. Ӯ ба мардуми худ, ба ибодаткунандагон эълон дошт: «Оғоз аз ин лаҳза баромадан аз зери султаи бегонагон, Папаи Рим вазифаи ҷонии ҳар як немис аст!».
Мартин ба ҳамватанони худ чунин муроҷиат кард: «Ман қарори қатъӣ қабул кардам: зери роҳбарии ман китоби муқаддаси мо, Инҷил ҳарчи тезтар ба забони немисӣ тарҷума карда шавад. Ва минбаъд намоз гузоштан, ибодат кардан, тамоми маърака ва маросимҳои динӣ танҳо ба забони модарии мо – ба забони немисӣ сурат мегирад!».
Таърихчиён бар ин ақидаанд, ки Мартин Лютери руҳонӣ яке аз ташаббускорони сохтани давлати миллии немисҳо мебошад. Дар он манзалати миллати немис аз ҷумлаи муқадасоти аввалиндараҷа ҳисобида мешавад.
Ба ақидаи ин донишманди руҳонӣ: «Дар дунё ҳама чиз тағйир меёбад. Иваз мешавад. Инсон метавонад, ҳатто дини худро табдил диҳад. Аммо ягона чизе, ки аз рӯзи тавлид то дами марг тағйирнаёбанда аст ва абадӣ мемонад, Миллат аст».
Ба ҳамин хотир, ҳанӯз ҳафтсад сол қабл аз байни ходимони соҳибмаърифати калисо олимон, шахсони донишманд, муассир ва бонуфуз ва ҳамзамон бо ин, миллатпараст ва ватандӯсте рӯйи саҳна омаданд, ки аз мавқеи зиёиёни миллӣ, бо роҳу воситаи худ ҷонибдорӣ намуданд. Ба сафи онҳо гузаштанд. Фаъолияти калисоро ба шароити талаботи Даврони Эҳё мувофиқ гардониданд. Аз манфиатҳои миллии худ қотеона ҳимоя намуданд. Нуктае, ки таваҷҷуҳи ходимони динии баномуси асримиёнагиро ба худ ҷалб кард, эҳёи ғурури миллии онҳо дар муқобили бегонагон, урфу одати ба таърихи миллати эшон носозгор ва принсипи иҷбории саҷда овардан ба забон ва расму русуми миллии аҷнабиён буд.
Яке аз муҳимтарин тағйироти Даврони Эҳё дар байни ходимони дин, ғолибияти эҳсоси бузурги ватанпарастӣ ва миллатдӯстии хизматгорони калисо буд.
Ин вазъият ба раванди бузурги таърихӣ ҳамоҳанг шуд ва ба мақсади манфиатҳои миллӣ хизмати шоиста кард.
Он тараққиёту таҳаввулот, зиндагии шоистаеро, ки мо имрӯз дар Аврупо мебинем ва мутаассифона, дар ҳолати вобастагии ақлонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва геополитикии он қарор дорем, аз ҷумлаи натиҷаи ҳамин Даврони Эҳё аст.
Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ
Аз кӯшиши таҳлили ниҳоят мухтасари даврони Эҳё, боз ҳам зарурати ба хотир овардани назарияи моҳият ва қонунмандии шаклҳои дарки олами ҳастӣ бармеояд.
Дар ин маврид таҳаввулоти ҳаёт ва сарчашмаҳои рушди он барои зиндагии шоистаи инсон мавзуи асосӣ мебошад.
Дар вобастагӣ ба масъала, муҳим аст дарк гардад, ки роҳу воситаи асосии аз худ кардани ҷавҳари ҳастӣ аз чӣ иборат аст? Манбаъ ва қувваҳои воқеии ҳаракатдиҳандаи он кадомҳоанд? Инсон кай, дар кадом шароит метавонад аз як зина ба зинаи дигари зиндагии сазовор қадам гузорад? Ҳақиқати маънавӣ чист? Таносуби донишҳои дунявӣ бо эътиқоду боварӣ, мавҳум, хурофотӣ, таассуб дар муносибат бо таҷрибаи зиндагӣ, ки асоси ҳама гуна фаҳмиши ҳақиқати заминиву осмонӣ дар доираи дарки манфиат аст, дар чӣ зуҳур меёбад? Чӣ тавр оммаи мардуми дар завлонаи ихтиёрӣ ва ифтихоримонда аз он як навъ лаззати маънавӣ мебаранд ва бо қаноатмандӣ ҳазорҳо қурбониҳои ҷониву молӣ, руҳиву равонӣ медиҳанд, аз ин мурдоб ё ботлоқи ҳалокатбор халос шаванд? Иҷрои чунин вазифаро мисли Даврони Эҳё кӣ ба дӯши худ мегирад?
Аз даврони Эҳёи Дунёи Куҳан, ки мардуми Аврупоро ба рӯзгори имрӯза овард ва ҷаҳонро бо илму маърифат тасхир кард, чанд аср гузашт.
Аммо бедории воқеии миллии хосияти умумихалқидошта бар пояи А қ л, Х и р а д, М а н т и қ, маънавиёт ва манфиатҳои миллии мо кай оғоз мешавад, ки мисли имрӯз фақат зоҳирӣ ва намоишкорона набошад? Х и р а д г а р о ӣ ва А қ л с о л о р ӣ аз хурд то бузург, фарогири кулли табақаҳои ҷамъиятӣ ва мояи ифтихори мардум – Миллат ва саҷдагоҳаш Ватан гардад.
Даврони Эҳёи миллати тоҷик
Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз аввалин суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид.
Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, Паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ, бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд.
Бо ҷашн гирифтани 1100 - солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни Ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ – таърихӣ, с о х т м о н и и н ш о о т ҳ о и б у н ё д и и а с р Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, раҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард.
Яъне Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд.
Намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст.
Бо такя ба таълимоти Пешвои муаззами миллат бояд таъкид кард, ки чунин шонс (имконият, иқбол, умед)-и фавқулода ва нотакрор барои як халқ дар тӯли садсолаҳо як бор падид меояд. Ва ҳамватанони мо, ки ҳазор сол азияти бедавлатӣ ва ғуломиро кашидаанд, зарурати ҳаётӣ аст ҳама сар ба сар эҳсоси масъулияти миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ намоянд. Аз ҷаҳолати рӯ ба афзоиши оммавӣ худдорӣ кунанд.
Аммо боиси афсӯс аст, ки дар ҳоли ҳозир, тамоюл ба таассубу хурофот ва дар ин асос зиёдаравӣ, гаравидан ба ҷараёнҳои динии ифротӣ, беэътиноӣ ба раванди ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар даҳсолаҳо қафо мондааст. Ин ҷараён хилофи ояндаи босуботи давлатдории миллӣ мебошад.
Бо изҳори таассуф таъкид бояд кард, ки раванди амалисозӣ гаштани ташаббуси таърихии Даврони Эҳёи миллати тоҷик хосияти зоҳирпарастона ва ҳисоботдиҳӣ касб кард. Дар мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории миллӣ ва шикасти руҳияи саҷдагорӣ ба фарҳанги бегонагон, раванди таассуб, хурофот, ки асоси маънавиёти ифротгароӣ ва терроризм мебошанд, ҳамчун амали муассир ба майдони набарди воқеӣ в о р и д г а ш т а натавонист.
Сифати амалкарди системаи ягонаи таъмини асосҳои бунёдии маъавиёти миллӣ (ғояҳо, ҷаҳонбиниҳо, арзишҳои миллӣ - таърихӣ) дар доираи талаботи сохти конститсионӣ ба талаботи замон, ҳифзи боэътимоди амнияти миллӣ ба шароити имрӯз ва ояндаи наздик мувофиқ нест.
Дар ин маврид, баробарвазнии таҳдидҳо, тахассусмандии ташкилоту созмонҳо, афроди алоҳидаи муваззаф ба тахрибкорӣ бар зидди арзишҳои сохти конститутсионӣ ва маҷмуи чорабиниҳое, ки давлат барои ҳимояи худ дар сатҳҳои оила, мактаб, донишгоҳ, муҳит, ҷомеа роҳандозӣ кардааст, мувофиқати пурра надоранд.
Ҳодисаҳои нангин ва ҷиноятҳои сангине, ки дар сатҳи байналхалқӣ, ҷуғрофияи берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар се соли ахир бо иштироки шаҳрвандони мо ба вуқуъ пайвастанд, на танҳо ба манзалат ва обрӯи миллати тоҷик иснод оварданд, балки бонги (аломат, ишорат, хабар, огоҳӣ) хатар барои оромӣ, сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ гардиданд.
Бузургтарин ангезае, ки муҳтавои ҷаҳонбинии шахсро фаро мегирад, и д е я аст. Душманони давлати миллӣ бо ҳаннотӣ ва суиистифода аз дин, ин амалро тавонистанд роҳандозӣ кунанд. Ҷавонони зиёдро гумроҳ ва ба лашкари сарсупурдаи бозигарони геополитикӣ бар зидди манфиатҳо ва обрӯи миллати хеш сафарбар намоянд.
С и с т е м а и м а ъ р и ф а т и и д е о л о г и и умумимиллии мо, мутаассифона, дар доираи м а ф ҳ у м ҳ о, н а з а р и я ҳ о ва қолабҳо амал мекунад, н а б а р а с о с и и д е я ҳ о.
Маҳз идея аст, ки бо тавони истифодаи он на танҳо ҳадаф ифода ва тафсири амалии худро меёбад, балки барои дигаргун сохтани он ба манфиати ташаббускори амал кӯшиш мекунад.
Идея дар муҳтавои худ роҳу воситаи амалӣ кардани хешро дорад. Он ҳадафи худро сидқан меомӯзад. Вобаста ба он мақсаднок амал мекунад, то ҳолати руҳиву равонии фард ё ашхоси мунтахаб ба мақсадҳо мувофиқ гардонида шавад.
Идея ҳаст, ки сараввал мантиқи давра ба давраи амал фаҳмонида, аниқтараш тавассути он муътақид кунонида мешавад. Таҷрибаи таърихӣ ва муосир ҳамин роҳу усулро тасдиқ мекунад.
Идеяҳое, ки Пешвои муаззами миллат солҳои тӯлонӣ расман эълон медорад ва онҳоро дар таҷрибаи амалӣ исбот менамояд, аз нигоҳи мантиқи илмӣ, ҳақиқатнигорӣ ва воқеъбинӣ мукаммалтарин ва пешқадамтарин ғояи маънавӣ дар масири таърихии рушд, пойдории миллати тоҷик ва давлатдории он мебошанд.
Зарур аст, ки ин идеяҳо коркард ва бо истифода аз принсипҳои таърихӣ, таърихӣ – муқоисавӣ, таърихӣ – типологӣ, таърихӣ – генетикӣ, ки ба мавзуи хештаншиносӣ ва худшиносӣ наздик ҳастанд, дар ҷараёни эҳёи миллати тоҷик бо талабот ва шаклу усулҳои рақобатпазир ва самаранок дар тарбияи омма истифода гарданд.
Нимаи дуюми асри ХIV, замоне ки даврони Эҳё дар Аврупо оғоз гардид, ташаббускорон ва дастандаркорони он зиёиёни эҷодкор, олимон буданд. Онҳо ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳаёти ҳаммиллатҳои худро наҷот бахшиданд.
Чун зиёиён ҳамчун табақаи бузург вориди ин ҳаракат гаштанд, онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карда тавонистанд. Мардуми одиро муътақид сохтанд, ки ягона роҳи халосӣ аз ғуломӣ, бандагӣ, ақибмондагӣ эҳёи анъанаҳои миллӣ – қадимӣ аст, на он чизе, ки бегонагон ба сари онҳо бор кардаанд. Ва акнун аз он тарзе мехоҳанд, истифода мекунанд.
Мардуми аз лиҳози ирсӣ ҳам ҳушманди Аврупо, тавассути фарҳанги қадима, зина ба зина вориди моҳияти масъала гашта, худро аз таассубу хурофот раҳоӣ бахшиданд.
Истилоҳи Ренессанс (Эҳё)-ро – аз нав таваллуд гаштан, эҳё шудан ва «яке аз бузургтарин давраҳои маданӣ - таърихӣ, нуқтаи гардиши куллӣ дар таърихи Аврупо байни Асрҳои Миёна ва Замони Нав, ки фарҳанги ҷадиди Аврупоро бунёд гузоштааст», ном мебаранд. Ба хотири сипосгузорӣ ба насле, ки миллатро аз ҷоҳилият, аз банди хурофоту таассуб ва торикиву зулмот раҳо кардааст, он давраро ҳамчунон бо ифтихори бузург, бо ҳарфҳои калон «Замони Нави Барвақтӣ» ном ниҳодаанд.
«Барвақтӣ» ном гирифтан тавассути Ҳаракати Эҳё маънои нисбат ба халқҳои дигари дунё, ки то кунун дар банди ҷаҳолат, таассубу хурофоту «каромот»-анд ва ҳамин тариқ, аз ғуломони ҷисмониву маънавӣ, дастнигару корафтодаи дигаронанд, пеш рафтан, пешсаф буданро дар назар дорад.
Тавре хотирнишон гардид, миллатҳо аз рӯи хосиятҳои антропологӣ, физиологӣ, генетикӣ, имконоти ақлонӣ ва руҳиву равонӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аммо чунин сифат хосияти нисбӣ дорад, на мутлақ. Мардум дер ё зуд аз дунболи А қ л, Х и р а д, Ф а р о с а т, таъбиру тадбири наку – гуманизм (истилоҳи Даврони Эҳё), воқеънигарӣ ва одамсолорӣ меравад. Аммо чӣ гуна? Чӣ тавр? Бо кадом фоҷиаҳо ва бурду бохтҳо? Азобу шиканҷаҳо? Аврупо, тавре мебинем, ин корро ҳафтсад сол қабл оғоз кард ва муваффақона анҷом бахшид. Чандин наслҳо, аз ҷумла, мо шоҳиди натиҷаҳои он ҳастем.
Аз рӯи таҳлили кӯтоҳ мебинем, ки миллати тоҷик дар шароити навини таърихӣ, бо таҷрибаи шашҳазорсола, барои муваффақона паси сар кардани Даврони Эҳё, ки оғози он эълом гардид, тамоми шароит – решаҳои тамаддунӣ, бунёди қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ақлонӣ ва генетикиро дорад. Фақат онро роҳандозии ҳарчи зудтар ва роҳнамоии тахассусмандона бояд.
Фаромӯш намекунем, ки дар мавриди амали нек таърих доимо фурсат, шонси кӯтоҳ мегузорад. Эҳёи миллатро Пешвои муаззами миллат ҳамчун Ҳаракати умумимиллӣ эълон кардааст.
1. Даврони Эҳёи Аврупо (асрҳои XIV –XVI) яке аз бузургтарин воқеаҳои таърихӣ-cиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳаёти инсоният буд. Бидуни чунин гардиши куллӣ, тамаддуни аврупоӣ на танҳо наметавонист ба ҷойгоҳе, ки имрӯз дорад, соҳиб шавад, балки Шарқ ҳам ҳолати аз ин бадтари асримиёнагӣ медошт.
2. Давлатҳои Аврупо тавассути даврони Эҳё ба дастовардҳои бунёдӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг ноил гаштанд. Мардумро аз ҷаҳолат раҳо карданд. Бо сохтани давлатҳои миллӣ ҳувияти миллӣ ва тамомияти арзии худро нигоҳ доштанд. Ҳастии шарафмандонаи хешро дар доираи оилаи байналхалқӣ таъмин намуданд.
3. Эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки маҳз тарзи тафаккури хурофотӣ, таассубгароёна пайравии номусолиҳатомез ба ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ, мазҳабӣ ва фанатизм мардумро ба ифроту тафрит мебарад. Ба ҳамин хотир, мундариҷа ва муҳтавои ҷаҳонбинии мардумро чун масъалаи калидии Эҳёи ҷомеа интихоб намуданд.
4. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи Даврони Эҳёи Аврупо бузургтарин олимон, хирадмандон, суханварон, донишмандон, рассомон, меъморон, муборизон, фидоиёни ватан ва миллати худ буданд. Онҳо қудрату неруи хешро, ки пештар бо сухан ва қалам ифода мекарданд, дар амал санҷиданд. Ба майдонҳо назди мардум рафтанд. Хостанд дониста бошанд: оё метавонанд оммаро аз панҷаи хурофот, ҷаҳолату нодонии асримиёнагӣ раҳо созанд? Муътақид гардонанд, ки ватану миллати онҳо, замини хокӣ ва мардумони одианд. Саҷдагоҳи И н с о н А қ л, Д о н и ш ва Х и р а д и о д а м и с т. Исбот намоянд, ки бо силоҳи Маърифат боварманд кунонидани одам, аз бовар кунонидан бо силоҳ авлотар аст.
5. Сабаби Даврони Эҳё ном кардани ин ҳаракати бузурги таърихӣ аз нав зинда кардан, ҷон бахшидан ба беҳтарин намунаҳои илм ва фарҳанги Юнони Қадим ва Рими Қадим бар хилофи даъвоҳои руҳоният буд, ки тарғиб мекарданд: «оғози фарҳанги ноби одамӣ аз замони зуҳури Исои Масеҳ сарчашма мегирад».
Далелҳои илман асоснок ва қотеонаи зиёиёни эҳёгар, руҳи миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллатҳои Аврупоро баланд кард. Ғурури истиқлолхоҳии ононро неру бахшид. Фикру андешаи аксарияти мардумро дар бораи таърихи воқеии фарҳангу миллатҳояшон тақвият дод.
6. Азбаски дар байни руҳонияти Даврони Эҳёи Аврупо шахсони воқеан таҳсилдида, ташвиқгари ростӣ, масъулиятшиносу худогоҳ, мутафаккиру хирадманд, ҳимоятгари тамаддун ва фарҳанги миллатҳои хеш кам набуданд, намояндагони барҷастаи онон ҳикмати давраи Эҳёро хуб дарк карданд. Ва чунин шиор партофтанд: «Эҳёгарон барои истиқлоли миллати ман мубориза мебаранд. Мо бо онҳоем!».
7. Минбаъд дар ҳар кишвари Аврупо Шӯрои миллии уламои католикӣ ташкил шуд. Шӯро зери назари нухбагон ва мутафаккирони руҳонӣ ҳуҷҷатҳои аслии хутба ва фатвоҳои диниро таҳрир карда, онҳоро бидуни халалдор кардани моҳияташон, ба манфиати рушду пешрафти илму фарҳанг ва технологияи миллатҳои хеш мувофиқ сохтанд.
8. Давраи Эҳё мафҳуми дини миллӣ ва милликунонии динро дар Аврупо асос гузошт.
9. Инқилоби маънавии ҳафт аср қабл, мардуми Аврупоро ба рӯзгор ва сатҳи баланди рушди иқтисодиву иҷтимоии кунунӣ овард. И м р ӯ з м о ш о ҳ и д и о н ҳ а с т е м. Ва бидуни эҳсоси хиҷолат, зарурати муҳокима, расидан ба сабабу омилҳои ин пешрафт, масъулияти худогоҳӣ ва худсозӣ аз онҳо истифода мекунем.
Ҳар насл (хонда шавад халқ, миллат, давлат, мардум) наметавонад варақи зиндагиро аз саҳифаи нав оғоз кунад. Барои одамони соҳибхирад чунин зарурат ҳам нест. Вобаста ба шароити таърихӣ, анъана, урфу одат, муҳит, замон ва макон истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи мардумони бохиради пешин ва ҳамасрон низ шарти муваффақият ва пешравӣ аст.
Ба ҳамин хотир ба тарзи кӯтоҳ зарурат, сабаб, омилҳо, шароит ва намунаҳои даврони Эҳёи миллии Аврупо ҳамчун мисоли таърихӣ оварда шуданд, ки албатта, навоварӣ нест.
Аммо мо ба ин ҳақ дорем: «Ҳар кашфиёте, ки мансуб ба ақли одамизод аст, дастоварди умумибашарист» (Г. Лебон).
Ба назари мо, муқоисаи вазъи Аврупои асри ХIV ба ҳолати маънавии Тоҷикистони асри ХХI ба хотири хулосабарорӣ, арзёбӣ ва коркарди нақшаи амал тақозои зарурӣ ва ҳаётан муҳим мебошад.
Яке аз намояндагони машҳури миллати немис Артур Шопенгауэр (1788-1860) таъкид мекунад: «Немисҳоро мазаммат мекунанд, ки онҳо бештар ба франсавиҳо ва англисҳо тақлид мекунанд; аммо фаромӯш месозанд, ки ин бисёр кори оқилона аст, ки онҳо ҳамчун миллат карда метавонанд, ба хотири он ки феълан немисҳо бо қувваи худашон кори муфид ва хубро фикр карда бароварда наметавонанд».
Аз лиҳози рушду тараққиёти иқтисодӣ ва дастовардҳои фарҳангӣ, шукр, мо дар хамгашти як кӯчаем. Аммо бо итминони комил гуфта метавон, ки бо ҷаҳонбинии хурофотӣ ва таассубгароии умумӣ, дар асри XXI, бо сипарӣ гаштани ҳафтсад сол баъди даврони Эҳёи Аврупо, мардуми мо гурӯҳ - гурӯҳ намунаҳои сангинтарини маънавиёт, рафтор, таассуб ва хурофоти асримиёнагиро ҳамчун зуҳуроти умумӣ ба намоиш гузошта, дар ин раванд сахт истодагарӣ ва якравӣ мекунанд.
Дар рисола, оиди дар давлатҳои пешқадам мавҷуд будани системаи ягонаи ҳифзи субот ва сохти конститутсионӣ дар мавридҳои буҳронӣ, ки замонати комили амнияти ҷомеаро медиҳад, ишора рафт.
Тамоми системаҳо дар болои коғаз хоҳанд монд, агар хештаншиносӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ бар маънавиёти бегонапарастӣ ғолибият пайдо накунад. Агар манзалати Илму Маърифат, Ақлсолориву Хирадгароӣ бар таассубу хурофот ва ҷаҳонбинии асримиёнагӣ, ки тавлидгари ифротгароиву терроризм аст, чира нагардад.
Дар роҳи ҳалли чунин муаммо «Ҳар халқ метавонад ва бояд аз мардумони дигар омӯзад» (Г. Плеханов).
Агар зиёиёни Даврони Эҳёи Аврупо барои аз торикӣ, таассуби асримиёнагӣ, ҷаҳолат, фақирӣ, озод кардани миллатҳои худ бо руҳониёни ватандӯст ва бонангу номус ба тавофуқ расида, ҷонбозиҳо карда, ба мақсад расида бошанд, вақти он аст, ки эҳёи миллати тоҷик ҳам аз ҷониби зиёиён ва андешамандони пешқадам, ки бо ҷаҳонбинии мардум сару кор доранд, ба як ҷабҳаи умумимиллӣ мубаддал гардад.
Барои ҳар нафаре, ки имкон аст, дар масири хатарноки хатои зидди манфиатҳои Ватану миллат қарор гирад, мубориза бояд бурд. Сабабҳои ин ҳолатро ошкор ва дар доираи як системаи коркардшудаи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бартараф намуд.
Мардуми Тоҷикистон бояд донанд, ки «шуури миллӣ – шуури ягонаи тақдири таърихӣ аст» (Н. Бердяев). Бештар аз ҳамватанони мо, дигар дар олам касе мисли худи мардуми Тоҷикистон барои субот, амният ва рушди кишвари мо манфиатдор нест.
Тавре дидем, барои Даврони Эҳёи Аврупо ду омили аслӣ истифода шудааст: зиёиён бо руҳонияти миллатпараст (1) ва маводи аслӣ – ҷабҳаи маънавӣ - бозгашт ба илм, адабиёт ва фарҳанги ниёгон (2).
Дар шароити Тоҷикистони муосир ин имконот бамаротиб қавӣ ва неруманд аст.
Хотирнишон гардид, ки аввалан, пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст.
Дуюм, агар миллатҳои Аврупо фақат ба захираҳои маънавии Юнони Қадим ва Рими Қадим такя карда бошанд, миллати тоҷик дар ин маврид, боигарии нақди сиёсӣ-таърихӣ ва тамаддунӣ бо сулолаҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён ва Сомониён дорад.
Сеюм, бойтарин дастовардҳои фарҳангӣ ва адабиёти ҷаҳонӣ, яъне ганҷина ва хамосаҳои саромадони адабиёт, илм ва фарҳанг - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва офаридаҳои ҷаҳоншумули даҳҳо нобиғагони дигари миллати тоҷик дар ихтиёри зиёиён, мутафаккирон, дастандаркорони соҳаи маънавиёти миллӣ қарор доранд.
Инҳо бунёд, хазина, сарчашма ва силоҳи бузурги маънавӣ ҳастанд барои муваффақ гаштан ба амали ҳаётан муҳим – наҷот бахшидани насли имрӯза аз доми ҷаҳолат, торикӣ, таассуб, хурофот, ифротгароӣ, терроризм ва фоҷиаи навбатии умумимиллӣ.
Агар ҳамасрони ҳушманди мо аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ бароянд, ояндагон баъди ҳафтсад сол ҳам ному фидокории равандагони роҳи Эҳёи миллатро дар ин шароити наздик ба хурофоти асримиёнагӣ фаромӯш нахоҳанд кард.
Даврони Эҳёи миллати тоҷик ниёз бо кӯшишҳои бесобиқа, ғайримуқаррарӣ, ҳадафманд ва муҳимтар аз ҳама, содиқона дорад.
Бо дарназардошти вазъи геополитикии олам, минтақа ва равандҳои дохилӣ дар ин амали ҳаётан муҳим набояд лаҳзае таваққуф кард.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», №171(24 782), аз 24.08.2023