Таҳлилҳои олимону коршиносони соҳаи сиёсатшиносӣ ва авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки айни замон терроризм ва эктремизм аз зуҳуроти номатлубтарин ба шумор мераванд ва манбаи асосии ба миён омадани оқибатҳои нохуши иҷтимоиву сиёсӣ, таҳдиду истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳиву ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти осудаи аҳли ҷомеа, барангехтани бенизомӣ, талошу кӯшиш баҳри тағйирдиҳии сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангезиши низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидаанд.***
Маҳз бо назардошти сар назадани чунин оқибатҳои фалокатбор бар асари амалҳои номатлуби ин ду зуҳурот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори он, масъалаи мубрами рӯз – пешгирии саривақтии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар меҳвари сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони Истиқлоли давлатӣ то кунун масъалаи мубрами рӯз – пешгирии терроризм ва экстремизмро бо назардошти афзоиши таҳдидҳои ин ду зуҳуроти номатлуб дар сархати сиёсати давлатӣ ҷой додаанд. Зеро ҳамчун шахсияти соҳибхирад ва дурандеш раванди афзояндаи таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти миллиро амиқан дарк мекунанд.
Воқеан ҳам, созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияти худро тавассути паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар байни аҳли ҷомеа, ба сафҳои худ шомил намудани ҷавонон ва содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ идома дода, қасди тағйир додани сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ доранд.
Вобаста ба зуҳуроти ин ду падидаи номатлуб Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Дар ин радиф метавон сар задани ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми қарни гузаштаро мисол овард, ки бар асари он харобиҳову талафоти зиёди ҷонӣ ба вуқӯъ пайвастанд.
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ибтидои фаъолияти сарварии хеш дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм татбиқи чорабиниҳои маҷмӯии бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии ин ду зуҳуротро роҳандозӣ намуданд.
Табиист, ки коҳишёбии сатҳи зиндагӣ ва муҳтоҷии сартосарӣ аз як тараф ва дилмондагии қишри осебпазири ҷомеа аз равшанфикрону зиёиён аз тарафи дигар, барои фаъолияти ифротгароёну даҳшатафканон имкони мусоид фароҳам овард ва онҳо барои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии шахсии худ фазои холимондаи ғоявӣ ва фарҳангиро бо мафкураи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ пур карданӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар масири мазкур омили асосии дигар - авзои муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои манофеи давлатҳои абарқудрат тақвиятбахши зуҳуроти номатлуб гардид. Зеро давлатҳои абарқудрат барои ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои худ ҷомеаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заифу дастнигар ва дар гирдоби хурофоту таассубмондаро интихоб менамоянд. Аҷибаш он ҳаст, ки абарқудратон ҳамаи инро зери пардаи “кумакҳои холисона” анҷом медиҳанд.
Аз ин лиҳоз, роҳи самарабахши кӯтаҳ кардани дасти неруҳо ва ашхоси ифротгаро аз диди Пешвои миллат, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёфт.
Дар ин ҷода Пешвои миллат иҷрои вазифаҳои зеринро ба миён гузоштанд:
- фаъол гардондани омили инсонӣ;
- рушди инноватсионии нерӯи кадрии низоми иҷтимоию иқтисодӣ;
- ташаккул додани бозори сармояи инсонӣ;
- танзими бозори меҳнати ҷумҳурӣ;
- таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ;
- муассир гардондани нақши мушоракати иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии байни корфармо ва корманд;
- дастгирии шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ;
- такмил додани низоми идоракунии меҳнат:
Мутаассифона, дар он айёми нобасомон ва пурихтилоф, ки ба дӯши давлат вазифаи мубрами рӯз – тинҷу ором кардани авзои ҷомеа ва таъмини сулҳу салоҳ меистод, имкони амалӣ намудани тадбирҳои зикргардида набуд.
Марҳалаи дигари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи раванди баргардондани беш аз як миллион нафар гуреза ва барқарор намудани рукнҳои иқтисоди бар асари ҷанги таҳмилӣ харобгардидаву ба маблағи беш аз 10 миллиард зарардида гардид. Тавре маълуми ҳамагон аст, ҷанги шаҳрвандии ба сари хурду бузурги ҷумҳурӣ овардаи ифротгароёну даҳшатафканон 150 ҳазор шаҳрванди кушташуда, 55 ҳазор нафар кӯдаки ятим ва 25 ҳазор зани бешавҳармондаро бар ҷой гузошта буд.
Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, аз 2 январи соли 2020, №1655, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, аз 23 декабри соли 2021, №1808 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоқикистонро дар соҳаи пешгирии терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузории он муайян менамоянд, мавриди татбиқ қарор доранд.
Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки дар рафти баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои номбурда дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадаф, вазифаҳо ва муҳлати иҷрои онҳо мушаххастар гардонида мешаванд.
Дар ҷодаи мазкур бо дастури Пешвои миллат принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм муайян карда шудаанд, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” дарҷ гардидаанд:
1) таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
2) қонуният;
3) афзалияти чораҳои пешгирии терроризм;
4) муҳофизати ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсоне, ки дучори хатари террористӣ гардидаанд;
5) ногузирии ҷазо барои амал ва фаъолияти террористӣ;
6) низомнокӣ ва истифодаи маҷмуии чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм;
7) роҳ надодан ба гузашткуниҳои сиёсӣ ба террористон;
8) яккасардорӣ дар роҳбарӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;
9) ошкор насохтани ҳайати иштирокчиён, воситаҳои махсус ва тарзҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;
10) ҳамбастагии тарзҳои ошкоро ва ғайриошкорои муқовимат ба терроризм;
11) мутобиқати чораҳои муқовимат ба терроризм ба хусусият ва дараҷаи таҳдидҳои террористӣ;
12) то ҳадди камтарин расонидан ва (ё) бартараф намудани оқибатҳои амал ва фаъолияти террористӣ;
13) ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин, бо шаҳрвандон дар муқовимат ба терроризм;
14) кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар муқовимат ба терроризм мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд.
Дар ин радиф, маҳз бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадафҳои зерини Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 муайян карда шуданд:
- таҳлили омилҳо ва тамоюли экстремизм ва тундгароии ба терроризм баранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;
- такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм;
- мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа;
- муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ;
- баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд;
- такмил додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм
Тавре аз натиҷа тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар самти таъмини суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, айни замон таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба терроризму экстремизм ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки омилҳои хатарзои ин раванд батамом аз байн бардошта шудаанд. Имрӯз ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ минбарҳои фатвоҳои интернетии фитнаангези худро бунёд намудаанд.
Ҳамин тариқ, бо саъю талоши Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ эътироф менамояд ва ин ташаббусҳо бевосита ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустанӣ доранд.