Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, мо ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардидем. Бо ҷаҳду талошҳои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар кишвар барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинон шароити мусоид фароҳам омад.***
Ҳарчанд имрӯзҳо мо дар фазои орому осоиша зиндагӣ ва кору фаъолият дорем, вале фармуш набояд кард, ки ҳар лаҳза ин сулҳу суботро ҳаракату созмонҳои террористию экстремистӣ ва нафарони ба миллати мо душману хоин халалдор кардан мехоҳанд. Созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои носолими худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравонаро барои ноором намудани фазои осудаи Ватани мо амалӣ созанд.