Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за Октябрь 2023 года » Страница 2 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 3002
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:28
5-10-2023, 22:28

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА" ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: ---

     Рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ дар назди майдони Парчами давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №621 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 - 2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» чорабинии пуршукӯҳ бахшида ба "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.

     Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва дигар сохторҳои дахлдор, инчунин волидайни даъватшавандагон иштирок доштанд.

     Нахуст раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, иброз доштанд, имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷасорату матонати шумо ҷавонони қавиирода ва далеру шуҷоъ дар роҳи ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон Тоҷикистон, эътимоди комил дошта, ояндаи дурахшони кишварро ба Шумо вогузор намудааст. Таъкид гардид, ки ҷавонони сарбаланди ноҳияро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.

     Дар идомаи чорабинӣ ба даъватшавандагон шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ дар заминаи ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шаҳодатномаи сарбози ихтиёрии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар фазои тантанавӣ аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва дигар шахсони расмӣ, супорида шуд. 

      Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири иштирокчиёнро бо сурудҳои саршор аз ватандӯстию хештаншиносӣ, шод гардониданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2740
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:26
5-10-2023, 22:26

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ ШАҲОБУДДИН МУБОРАК БОШАД

Категория: Хабар

     Боиси ифтихор аст, ки тайи солҳои охир бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш зиёд гардида, дастовардҳои беназир насиби варзишгарон гардида истодааст. Воқаен ҳам варзиш муаррифгар ва ифтихорманди ҳар як минтақа ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муаррифгари давлату миллат, мебошад.

     Бо ифтихормандӣ метавон баён дошт, ки яке аз варзишгарони муваффақи ноҳия ШАҲОБУДДИНИ ИСЛОМ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Гуштини миллӣ дар вазни 78 кг сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин дастоварди варзишӣ барои тамоми сокинони ноҳия аз ин мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявӣ, мояи ифтихору сарфарозист. 

     Ба хотири қадрдонии дастоварди варзишӣ имруз раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаи хотиравиро ба ШАҲОБУДДИНИ ИСЛОМ тақдим намуда, дастоварди ӯро ҳамчун туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳияи Балҷувон, махсусан ҷавонон, арзёбӣ намуданд. Раиси ноҳия иброз доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд, махсусан варзишгарон омода аст ва тамоми имкониятҳоро барои пешрафти муносибатҳои иҷтимоии ҷавонон, равона менамояд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2699
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:25
5-10-2023, 22:25

ЧАРО ДУШМАНОНИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ ФАЪОЛАНД?

Категория: Хабар

Тафаккури ифротӣ, фанатизми динӣ, таҳаммулнопазирӣ ва ба вуҷуд омадани созмонҳои гуногуни ифротӣ ва террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақаю ҷаҳони имрӯз маҳсуб рафта, амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои дунё, бахусус кишварҳои мусалмоннишинро зери хатари ҷиддӣ қарор додааст. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи қавмиятиву миллӣ ва минтақавӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ омада расидаааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2703
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:23
5-10-2023, 22:23

БАЪЗЕ АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ МАФҲУМҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Категория: Хабар

Терроризм чист ва террорист кист?

Читавре, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (аз 16 ноябри соли 1999, №845) ба таври возеҳу равшан дарҷ гардидааст, терроризм - яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтани (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайрихуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазъият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо ӯ истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 3190
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:22
5-10-2023, 22:22

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Категория: Маълумот, Хабар

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Информация к новости
  • Просмотров: 2766
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:19
5-10-2023, 22:19

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШГИРИИ ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Категория: Маълумот

  Таҳлилҳои олимону коршиносони соҳаи сиёсатшиносӣ ва авзои  сиёсии ҷомеаи  ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки айни замон терроризм ва эктремизм аз зуҳуроти номатлубтарин ба шумор мераванд ва манбаи асосии ба миён омадани оқибатҳои нохуши иҷтимоиву сиёсӣ, таҳдиду истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳиву ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти осудаи аҳли ҷомеа, барангехтани бенизомӣ, талошу кӯшиш баҳри тағйирдиҳии сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангезиши низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидаанд.***

 

Маҳз бо назардошти сар назадани чунин оқибатҳои фалокатбор бар асари амалҳои номатлуби ин ду зуҳурот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори он, масъалаи мубрами рӯз – пешгирии саривақтии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар меҳвари сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони Истиқлоли давлатӣ то кунун масъалаи мубрами рӯз – пешгирии терроризм ва экстремизмро бо назардошти афзоиши таҳдидҳои ин ду зуҳуроти номатлуб дар сархати сиёсати давлатӣ ҷой додаанд. Зеро ҳамчун шахсияти соҳибхирад ва дурандеш раванди афзояндаи таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти миллиро амиқан дарк мекунанд.

 

Воқеан ҳам, созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияти худро тавассути паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар байни аҳли ҷомеа, ба сафҳои худ шомил намудани ҷавонон ва содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ идома дода, қасди тағйир додани сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ доранд.

 

Вобаста ба зуҳуроти ин ду падидаи номатлуб Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

 

Дар ин радиф метавон сар задани ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми қарни гузаштаро мисол овард, ки бар асари он харобиҳову талафоти зиёди ҷонӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

 

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ибтидои фаъолияти сарварии хеш дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм татбиқи чорабиниҳои маҷмӯии бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии ин ду зуҳуротро роҳандозӣ намуданд.

 

Табиист, ки коҳишёбии сатҳи зиндагӣ ва муҳтоҷии сартосарӣ аз як тараф ва дилмондагии қишри осебпазири ҷомеа аз равшанфикрону зиёиён аз тарафи дигар, барои фаъолияти ифротгароёну даҳшатафканон имкони мусоид фароҳам овард ва онҳо барои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии шахсии худ фазои холимондаи ғоявӣ ва фарҳангиро бо мафкураи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ пур карданӣ шуданд.

 

Ҳамзамон, дар масири мазкур омили асосии дигар - авзои муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои манофеи давлатҳои абарқудрат тақвиятбахши зуҳуроти номатлуб гардид. Зеро давлатҳои абарқудрат барои ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои худ ҷомеаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заифу дастнигар ва дар гирдоби хурофоту таассубмондаро интихоб менамоянд. Аҷибаш он ҳаст, ки абарқудратон ҳамаи инро зери пардаи “кумакҳои холисона” анҷом медиҳанд.

 

Аз ин лиҳоз, роҳи самарабахши кӯтаҳ кардани дасти неруҳо ва ашхоси ифротгаро аз диди Пешвои миллат, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёфт.

 

Дар ин ҷода Пешвои миллат иҷрои вазифаҳои зеринро ба миён гузоштанд:

 

- фаъол гардондани омили инсонӣ;

 

- рушди инноватсионии нерӯи кадрии низоми иҷтимоию иқтисодӣ;

 

- ташаккул додани бозори сармояи инсонӣ;

 

- танзими бозори меҳнати ҷумҳурӣ;

 

- таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ;

 

- муассир гардондани нақши мушоракати иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии байни корфармо ва корманд;

 

- дастгирии шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ;

 

- такмил додани низоми идоракунии меҳнат:

 

Мутаассифона, дар он айёми нобасомон ва пурихтилоф, ки ба дӯши давлат вазифаи мубрами рӯз – тинҷу ором кардани авзои ҷомеа ва таъмини сулҳу салоҳ меистод, имкони амалӣ намудани тадбирҳои зикргардида набуд.

 

Марҳалаи дигари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи раванди баргардондани беш аз як миллион нафар гуреза ва барқарор намудани рукнҳои иқтисоди бар асари ҷанги таҳмилӣ харобгардидаву ба маблағи беш аз 10 миллиард зарардида гардид. Тавре маълуми ҳамагон аст, ҷанги шаҳрвандии ба сари хурду бузурги ҷумҳурӣ овардаи ифротгароёну даҳшатафканон 150 ҳазор шаҳрванди кушташуда, 55 ҳазор нафар кӯдаки ятим ва 25 ҳазор зани бешавҳармондаро бар ҷой гузошта буд.

 

Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо  экстремизм”, аз 2 январи соли 2020, №1655, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, аз 23 декабри соли 2021, №1808 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоқикистонро дар соҳаи пешгирии терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузории он муайян менамоянд, мавриди татбиқ қарор доранд.

 

Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки дар рафти баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои номбурда дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадаф, вазифаҳо ва муҳлати иҷрои онҳо мушаххастар гардонида мешаванд.

 

Дар ҷодаи мазкур бо дастури Пешвои миллат принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм муайян карда шудаанд, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” дарҷ гардидаанд:

 

1) таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

 

2) қонуният;

 

3) афзалияти чораҳои пешгирии терроризм;

 

4) муҳофизати ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсоне, ки дучори хатари террористӣ гардидаанд;

 

5) ногузирии ҷазо барои амал ва фаъолияти террористӣ;

 

6) низомнокӣ ва истифодаи маҷмуии чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм;

 

7)  роҳ надодан ба гузашткуниҳои сиёсӣ ба террористон;

 

8) яккасардорӣ дар роҳбарӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;

 

9) ошкор насохтани ҳайати иштирокчиён, воситаҳои махсус ва  тарзҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;

 

10) ҳамбастагии тарзҳои ошкоро ва ғайриошкорои муқовимат ба терроризм;

 

11) мутобиқати чораҳои муқовимат ба терроризм ба хусусият ва дараҷаи таҳдидҳои террористӣ;

 

12) то ҳадди камтарин расонидан ва (ё) бартараф намудани оқибатҳои амал ва фаъолияти террористӣ;

 

13) ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин, бо шаҳрвандон дар муқовимат ба терроризм;

 

14) кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар муқовимат ба терроризм мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд.

 

Дар ин радиф, маҳз бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадафҳои зерини Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 муайян карда шуданд:

 

- таҳлили омилҳо ва тамоюли экстремизм ва тундгароии ба терроризм баранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;

 

- такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм;

 

- мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа;

 

- муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ;

 

- баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд;

 

- такмил додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм

 

Тавре аз натиҷа тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар самти таъмини суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, айни замон таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба терроризму экстремизм ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки омилҳои хатарзои ин раванд батамом аз байн бардошта шудаанд. Имрӯз ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ минбарҳои фатвоҳои интернетии фитнаангези худро бунёд намудаанд.

 

Ҳамин тариқ, бо саъю талоши Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ эътироф менамояд ва ин ташаббусҳо бевосита ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустанӣ доранд.

Назад Вперед

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^