Хушбахтона, бо гузашти вақт ҷонибдорони чунин мавзеъгирӣ дар мисоли давлатҳои Ҳиндустон, Италия, Фаронса, Эрон, Туркия, Федератсияи Россия то ҳадде афзуд. Аз мавқеи устувори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иддае аз сарварони давлатҳо дар шигифт ҳам афтодаанд, ки аз дарки моҳияту масъулияти мардуми минтақа ё дуранд, ё онро нодида мегиранд. Дар даргириҳои хунини солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон ва гуреза шудани қисме аз ҳамватанҳои мо бародарони афғон бо вуҷуди дар вазъи нохуби сиёсӣ – иқтисодӣ қарор доштан, ба ҳайси муҳоҷири иҷборӣ хуш пазируфтанд.
Ҳамчун сокини ноҳияи сарҳадӣ боре ҳам мушоҳида нанамудаам, ки аз тарафи Афғонистон ҳаракатҳои ҷангҷӯёнае рух дода бошанд. Яъне, мо бинобар муштаракоти бисёрҷониба доштан, ҳамеша дар фазои тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар қарор доштем. Аз ҷумла, эътирофи чанде қабл ироагардидаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, ки беш аз 45 фоизи аҳолӣ дар Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд, далели он аст, ки бетараф буда наметавонем. Ҳуқуқи маънавии пуштибонӣ накардан аз ҳуқуқи тоҷикону дигар ақвоми Афғонистонро надорем. Балки ҳамчун ҳамсоя вазифадор ҳастем, ки дар кори барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзада, ҳам ба хотири манофеи онҳо, ҳам манофеи амниятии худ мусоидат намоем ва инро дахолат ба корҳои дохилии давлати хориҷа маънидод намудан, мантиқе надорад.
Бинобар ин, ҳамчун як шаҳрванди одӣ бо пуштибонӣ аз мавқеи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, андешаи худро иброз намудам ва ба мардум муроҷиат карда, гуфтаниам, ки мо, сокинони Тоҷикистон, дар атрофи Сарвари давлат дар ин рӯзҳои мушкил муттаҳидтар гардем ва ҳушёрию зиракии сиёсиро лаҳзае ҳам бошад, ба фаромӯшӣ набарем. Ба иғвою дасисаҳои хоинону душманони миллати тоҷик дода нашавем ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошем.