Имрӯзҳо хатари ин вабои аср ҷомеаи ҷаҳониро ба коми худ кашида, ҳаёти ширини инсониро бо ҳар гуна роҳу восита, халалдор намуда истодааст.
Терроризм яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ , маҷбур кардан ё таҳдидӣ истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ , ҳамчунин нобуд сохтан (Зарар расонидан) ё таҳдиди нобут сохтани (Зарар расонидан ба) амвол ёдигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷидӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул, ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва ё дигар манфиатҳои онҳо, инчунин таҷовуз ба молу мулк ва ғайра.
Аз ин рӯ набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Дар ҳолати муттаҳид гардидан ва ҳамкориҳои доимии ниҳодҳои давлатӣ мо барои решакан намудани гурӯҳҳои террористӣ мувафақ мегардем.