Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН
Информация к новости
  • Просмотров: 3739
  • Автор: admin
  • Дата: 2-06-2023, 14:30
2-06-2023, 14:30

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Бахш: Маълумот

Вобаста ба рӯзафзун гардидани нақши ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии давлатҳо ва падид омадани хатару таҳдидҳои нав ба нав баррасӣ намудани омилҳои таҳкимдиҳандаи ваҳдати миллӣ, дурнамои рушди давлатҳои ваҳдатмеҳвар, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иброз доштани дидгоҳи мушаххас ва огоҳона муҳимму бамаврид аст.

 

Тавре маълум аст, дар ҷаҳон раванди босуръати ҷаҳонишавӣ идома дорад ва дар дохили ин раванд ҳар гуна зуҳуротҳои сиёсӣ (экстремизму терроризм, радикализми динӣ, ҷанги қудратҳо, тақсими манфиатҳо ва ғ.) аз худ дарак дода, дар пайи амалӣ гардонидани ҳадафҳои мушаххас мешаванд. Албатта дар саромади ҳама гуна зуҳуроти сиёсие, ки дар саҳнаи сиёсати ҷаҳон ба вуҷуд меояд, субъекти муайяне меистад, ки онро идора менамояд ва он ҳодисаи падидомада ва ё дар оянда падидмеомада таъсири манфии худро ба истиқлоли сиёсии давлатҳо мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз дар ин раванд танҳо ваҳдати миллӣ омиле мегардад, ки таъсири манфии ҳар гуна хатару таҳдид тавассути он бартараф карда шавад.

 

Ҳангоми таҳлили масъалаи таҳкими ваҳдати миллӣ сиёсатшиносон як чанд омилҳоеро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд, ки барои ҳифзу нигаҳдории ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд. Дар алоқамандӣ ба ин зикр намудани чунин омилҳо саривақтӣ  аст:

 

Якум, андешаи миллӣ муҳимтарин омил ва сароғози ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ арзёбӣ карда мешавад. Андешаи миллӣ ҳолатеро дар фазои дохилии субъектони миллатҳо ташаккул медиҳад, ки арзишҳои олӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо намуда, ҳама гуна ҳадафҳо баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои умумимиллӣ равона карда мешавад. Дар ҳақиқат андешаи миллӣ масъулияти дарк ва шинохти арзишҳои миллатмеҳварро дар ботини шаҳрванд ба вуҷуд  меорад. Чунин дидгоҳро Пешвои миллат аз нигоҳи илмӣ ва таърихӣ мавриди хулосагирӣ қарор дода, нақши андешаи миллиро дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдорӣ хеле бузург арзёбӣ кардаанд. Ин нукта дар афкори илмии Пешвои миллат ба таври зайл баён гардидааст: “Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад”.

 

Бояд як нуктаи муҳимро қайд кард, ки дар шароити имрӯза, ки ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа аз пайдоиши худ дарак медиҳанд, мавҷудият ва нақши андешаи миллӣ ба маротиб меафзояд. Зеро, эмин мондан аз хатарҳои ҷомеаи муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ба василаи андешаи миллӣ имконпазир аст.

 

Дуюм, татбиқи барномаҳои бузург дар ҷомеа ва бунёди объектҳои хусусияти умумимиллӣ дошта дар шароити муосир омили муҳим дар роҳи таҳким ва ҳифзи ваҳдати миллӣ хизмат менамояд. Таҷрибаи таърихии бисёр давлатҳо шаҳодати гуфтаҳои мазкуранд. Хусусан чунин таҷриба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, то заминаҳои бунёдии ваҳдати миллиро мустаҳкам намуда, раванди ҳамгироии умумиро такон бахшад. Масалан, бунёди роҳу нақбҳо ва сохтмонҳои азими саноатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ,  агар аз як тараф баҳри ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мусоидат намуда бошанд, аз тарафи дигар омиле гардиданд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшиданд. Андешаи мустаҳкамнамоии пояҳои ваҳдат роҳбарияти олии давлатро пеш аз ҳама ба бунёди роҳҳо ва сохтмони нақбҳои азим водор намуд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари куҳсор аст, нақши роҳу нақбҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ унсури калидӣ баромад намудаасту менамояд. Ҳамзамон, бунёд ва сохтмони иншоотҳои аҳамияти умумимиллӣ дошта ба монанди Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” василаи муҳимми ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ баромад менамояд. Ин воқеиятест, ки соҳибандешагони ватаниро водор менамояд, то атрофи татбиқи барномаҳои бузурги миллӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд.

 

Ваҳдати миллӣ дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши басо бузург дорад. Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик чунин имконотро ба вуҷуд овард:

 

• давлати соҳибистиқлоли миллӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ гардид;

 

• фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолаи ниёгон, ки дар тули чанд соли таърих низоми муайяни муҳофизаро бархурдор набуд, эҳё, муаррифӣ ва аз ҳимояи соҳибони аслии хеш бархурдор гардид;

 

• сохтори муосири идоракунии самаранок дар давлат ташаккул ёфт;

 

• бештари масъалаҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ҳалли худро ёфтанд;

 

• имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шуд;

 

• Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли буҳронҳои глобалӣ ва нигоҳдории амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон эътироф гардид.

 

Таъкид намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва зуҳури таҳдидҳои нав ба нав нақши ваҳдати миллӣ дар нигоҳдории суботи ҷомеа афзоиш ёфтааст. Дар асоси мушоҳида, таҳлил ва хулосаи равандҳои сиёсии ҷаҳон, бозиҳои геосиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ гуфтан мумкин аст, ки барои давлатҳои миллӣ дар оянда масъалаи ҳифз ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ аҳамияти бештарро касб менамояд. Акнун муҳим аст, ки давлатҳо ваҳдати миллии худро дар баробари таҳдидҳои эҳтимолӣ ва воқеӣ, ҳамзамон аз таҳдидҳои фазои маҷозӣ ҳифз намоянд.

 Дар маҷмуъ, давлатҳои ваҳдатмеҳваре чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир имкони бештаре доранд муҳимтарин ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намуда, тамаддуни моддиву маънавии ғаниеро барои наслҳои ояндаи худ ба мерос гузоранд.

 

Девонсолор Сайф 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^