Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ ФАРОМИЛИСТ! ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТ, ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД. » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ ФАРОМИЛИСТ! ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТ, ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД.
Информация к новости
  • Просмотров: 3650
  • Автор: admin
  • Дата: 25-06-2023, 12:19
25-06-2023, 12:19

ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ ФАРОМИЛИСТ! ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТ, ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД.

Бахш: Маълумот

Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” қайд намуданд  “Ба ҳамагон возеҳ аст, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.

 

Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд. Боиси таассуф аст, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДОИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад. Бинобар ин ба ибрози Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир, ба миён омадааст”. (http://president.tj/node/29326) 

Бо бовари метавон қайд кард, амалишавии консепсияи мубориза бар зидди фаъолияти террористӣ, бурдани корҳои тарғиботию ташвиқоти ва профилактикӣ таҳти роҳбарии сиёсати созандаи ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон имконпазир шудааст. Тамоми мақомотҳои қудратӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, комиссияҳо, гурӯҳҳои босалоҳият дар амалишавии сиёсати зиддитеррористӣ дар ҷумҳурӣ нақши бориз доранд. 

 

Воситаҳои ахбори омма, ки ҷузъи муҳимми сиёсати зиддитеррористӣ буда, дар чорабиниҳои тарғиботию ташвиқоти ва пешгирии терроризм ва ифротгароӣ нақши назаррасро мебозад. Маҳз ВАО имкони васеъи ба таври фаври расонидани иттилоот ва таъсиррасонии равониро ба ҳар як шахс дорад. Аммо, масъалаи табиату шакли ин таъсиррасонӣ масъалаи муҳим арзёби мешавад. Дар кишвари мо намояндагони халқу миллатҳои гуногун дорои анъанаҳои хоси фарҳангӣ зиндагӣ ва кору фаъолият менамоянд ва ҷомеаи мо нисбат ба фаъолияти расонаҳо талаботи вижае дорад.

 

Яке аз меъёрҳои асосие, ки тавассути он самаранокии системаи мубориза бо терроризмро дар маҷмӯъ арзёбӣ метавон кард, ин васеъ реша давондани фаъолияти террористӣ, бо зиёдшавии шумораи ҷиноятҳои террористӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ҷумҳурӣ стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 амали шуда истодааст, ки дар доираи он кишвари дар самти пешгири ва муқовимат бо ин зуҳуроти нангин ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Чунончи вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд “Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020, Ҳукумати мамлакат дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид. Татбиқи муваффақонаи ин санад ҷиҳати таҳия ва қабули стратегияи нав барои солҳои 2021-2025 заминаи мусоидро фароҳам овард.” (http://president.tj/node/29326) 

Солҳои охир мо шоҳиди тамоюли мусбат дар самти пешгирии сабабҳои терроризм ҳастем, аммо ин раванд наметавонад, ки боиси хушҳолии мо шавад. Чунки сабабҳо ва хатарҳои терроризм решакан ва пура бартараф нашудаанд. Яъне гуфтан мумкин аст, эҳтимолияти паҳншавии терроризм дар ҷомеаи тоҷик ҳоло ҳам дар сатҳи баланд боқӣ мемонад. Паҳншавии идеологияи терроризм яке асосҳои реша давондани ифротгароии динӣ – сиёсӣ дар Тоҷикистон ва дар минтақа буда метавонад. 

 

Ҷиноятҳое, ки самти террористӣ доранд ба дасти онҳое анҷом дода мешаванд, ки дар марказҳои динии кишварҳои хориҷӣ таълим гирифтаанд ва аксари онҳо аз хориҷи кишвар роҳбари ва назорат мешаванд. Пушида нест, ки гурӯҳҳои динӣ ифротӣ ва террористӣ монанди: «Ал-Қоида», «Шубоб», «Иморати Қафқоз», «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» ва диг. аз пайи паҳн намудани фаъолияти тахрибкорона ва идеология худ дар ҷомеаи тоҷик ҳастанд ва аз ин нақшаҳои худ онҳо даст намекашанд. Пайравони гурӯҳҳои динӣ ифротӣ ва террористӣ ба таври пинҳони фаъолият бурда, бо идеологҳо ва маблағгузорони худ дар кишварҳои хориҷӣ робитаи мустаҳкам доранд. 

 

Ҳамчунин бо ибрози Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад. Таъкид бояд кард, ки дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз навоҳии ҷангзадаи Ховари Миёна ба минтақаҳои дигар ва дар ин замина тақвият ёфтани мавқеи созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ хавфи ҷиддиро ба миён овардааст. Таҳмили ғояҳои тундгароёна бар афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд.

 

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар нуқоти муайяни олам терроризм дар шаклҳои гуногун ва зери шиорҳои мафкураи ифротӣ асоснок карда мешавад ва ба зеҳну шуури гурӯҳҳои мунтахаб таҳмил ва ташвиқу тарғиб мегардад”. (http://president.tj/node/29326)

Маълум аст, ки фаъолияти идеологҳои гурӯҳҳои террористӣ ба он равона шудааст, ки моҳият ва асли дини исломро нодуруст шарҳ дода, онро ба ҳайси омили сиёсӣ истифода намоянд.

 

Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои динӣ террористӣ аз номи ислом баромад намуда, амалҳои террористиро дар такя асосҳои Қуръон асоснок карда, бунёди давлати динӣ ва хилофати исломиро пуштибони менамоянд. 

Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хулосаи суханрониашон дар конфронси сатҳи баланд қайд намуданд “Гурӯҳҳои террористӣ кӯшишҳои худро ҷиҳати убури сарҳад дар минтақаҳои дурдаст ва дорои мушкилоти ҷуғрофию иқлимӣ идома медиҳанд. Бо дарназардошти вазъи кунунии амниятӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дарк намояд, ки ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад.... Аммо, тавре ки вақт нишон дод, онҳо барои вокуниши муносиб ба ҳама таҳдидҳои мавҷудаи терроризм нокифоя мебошанд. Чунонки дар гузоришҳои ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид зикр мегардад, ҳолати мазкур ба он сабаб ба миён омадааст, ки зимни арзёбии ҳуқуқӣ ва истилоҳӣ аз ин падидаи хатарнок миёни кишварҳо рӯйкарди ягона ва ҳамдигарфаҳмии зарурӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, то замоне, ки аз ҷониби ҳамаи субъектҳои байналмилалӣ мафҳумҳои мушаххаси эътирофшудаи терроризму ифротгароӣ ва равишҳои ягонаи муқовимат ба онҳо пазируфта нашавад, таъмин намудани ҳамоҳангии талоши кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ амалан ғайриимкон боқӣ мемонад. (http://president.tj/node/29326)

Воқеан терроризм аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ва хатаровар барои  ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХ1 мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳон  барои мубориза ба ин вабои асри ХХ1  бояд муттаҳид гардад. Ҳамин нуктаи хеле муҳим  дар паёмҳо, суханрониҳо,  мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хотирнишон гардид. 

 

Хулоса аз воситаҳои таъсиррасонии идеологияи динӣ террористӣ ба шуури ҷавонони мо бояд пеш аз ҳама интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ қайд карда шаванд. Тарзи асосии тарғиботи идеологияи террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, форумҳо, чатҳо, сайтҳои ифротӣ роҳандозӣ мегардад. Дар баробари ин миқёси таъсири харобиовари гурӯҳҳои динӣ - террористӣ ба шуури ҷавонон торафт меафзояд. Тибқи иттилои манбаҳоии иттилоотии хориҷӣ, дар шабакаи Интернет аллакай то 10 000 сайтҳои гурӯҳҳои динӣ - террористӣ ва ифротӣ мавҷуд аст, ки ҳолат моро ба фикр кардан волор менамояд. Яъне ҷомеаи тоҷик ба таври дастаҷамъона муборизаро ба зидди ин зуҳуроти номатлуб пурзур намуда ободию осоиштагии Тоҷикистонро таъмин намояд. 

 

Ҳимояи фазои итилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи террористӣ дар марҳилаи кӯнунии инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳимму ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои итилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гӯзорем. Шабакаҳои итилоотии давлатӣ, вилоятӣ ва мақомотҳои ноҳиявӣ, барои пешгирии ифротгароӣ ва терроризм самаранок ва мақсаднок истифода карда шаванд ва ба ин восита муҳити итилоотии ҷомеа солим гардонида шавад. Ба ин минвол шароите фароҳам оварда шавад, ки соҳаи фарҳанг, маориф ва маънавиёти аҳолӣ рушд намояд.

 

ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^