Љавонони гумроњшуда ба кадом самт руй овардани худро надониста, ќурбони дасисабози ва њадафи фитнаангезони давр гашта, ќувваи созандаю бунёдкоронаи худро дар айни камолоти умр аз даст медоданд. Ашки модарони фарзанд куштаву тифлони бепарастормонда љорї гашта, буду фиѓони мардуми мусибатзада домони фалакро печонида буд.
Минтаќаи Мо, ки аз мањали љангзада дуртар ќарор дошт ва имконияти итилоотияш дар он замон хеле мањдуд буд, хабарњои дањшатбор њамарўза аз дањон ба дањон гузашта воњимаангезтар мешуд. Дар њар дења ё мањала 3-4 телевизион мављуд буд, ки ањолї дар гирди онњо бо чашми гирён гирд омада, хабарњои њарўзаро тамошо мекарданд. Гузоришњои телевизиони аз маросимњои ёдбуди љавонон ва ба хоксупоридани љасадњои шасиятњои маълуму маъруфи Тољикистон олимони соњањои гуногун, сиёсад мадорони ќавиирода њамарўза пахш мегардид. Касе агар мехост,ки пеши роњи љанги хонумонсўзу бародаркушро бигирад, аз тарафи мухолифони кишвар кушта мешуданд.радиои Тољикистон пас аз пахши оњанги чандин каратаи гамангез хабари марги олим ё фозилеро ба мардум мерасонид.Бадхоњони миллат барои расидан ба њадафњои муѓризонаи худ чун кирм решаи Тољикистони соњибистиќлолро мешикофтанд. Тољикистон ба шохањо таќсим карда шуда буд ва шамоли кинаву адовати динию масњаби шохањоро ба њам куфта, ѓурањои хоми норасида дар айни камолот ба хок яксон мегардиданд. Ќатлу куштори берањмона, ѓоратгари, таљовус ба номус, дар бадарию гуруснагї меафзуд. Њангоми љамъомаду маъракањо мардум хамдигарро, камунист, демократ, вањоби, љадид, расто хез гуфта, тањќиру тањдид мекарданд ва беонки худ ба маънию мантиќии ин вожањоро дарк намоянд ба сўи њамдигар санг меандохтанд.Мафкураи мардуми базе мањал то онњад ба њамзада шуда буд, ки тањсил дар мактабњои миёнаи умумиро куфру бидъат мешумориданд. Аксар мактабњои миёнаро дар мањалањо сангборон карда ба харобазор табдил дода буданд. Моликияти давлаттию љамъияти њамчун ѓанимати муфту беањмият тасаруф ва ѓорат карда мешуд. Ёдам њаст, ки чи ќадар чорвоњои калони бо зањмат парвариш намудаи давлатиро «калтањои Мансур »-и замони љанги бародар куш бо силоњ аз пой уфтонида забњ мекарданд ва ба «Фронт» мефиристониданд. Иќтисодиёти кишвар ру ба таназул нињода, хатари аз байн рафтани давлату милати бо фарњанги тољикногузир гашта буд.
Иљлосиаи 16-уми шурои олии Љумњурии Тољикистон, ки дар шањри Хуљанд баргузор гардид фарзанди фарзонаи миллат муњтарам Эмомалї Рањмонро сари ќудрат овард. Миллати Тољик њомии худро пайдо намуд. Гурўњои тундгаро ба вањдату њамдилї даъват гартиданд, силоњ бадастонро водор намуд, ки њамдигарро бахшида силоњї худро ба замин гузоранд. Мардуми парокандашударо ба њам овард, њиси нафрату бадбиниро нисбат ба њамдигар аз байни ањолии муќими Тољикистон аз миён бурд, муњаббати инсониятро афзун намуд, чашми мардумро ба сўи озодии воќеи боз намуд, Миллати шарафманду сулњпарварї тољик соњиб фарњангу соњиб таммаддун аз вартаи њалокат наљот ёфт.
Акнун ВАО ТЉ гузоришњоро аз љараёни супоридани силоњњои оташфишон, баргардонидани гурезањо, љо ба љо намудани мардуми бехонумон гашта пахш менамуд, ки аз ояндаи дурахшони Тољикистон дарак медод.Нолањои љонгудози модарони чашм дар роњи фарзандони бурунмарзиашон, ки тавасути барномаи «хоки ватан»-и радиои Тољикистон пахш мегардид, тадриљан кам гардидан гирифт.
Мањз сиёсати хирадмандона ва сулњхоњонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон боис гардид, ки мухолифини давлату миллат паси мизи музокирот нишинанд ва роњи росту њамдигарфањмиро пеш бигиранд. Аз як тараф сиёсати сулњхоњонаи Эмомалї Рањмон аз тарафи дигар бошад њамдигар фањмии мардуми ба доми найранги мухолифин афтодаи Тољик боис гардид, ки сулњи тољикон барќарор гардад. Мухолифини кишвар алакай эњсос намуда буданд, ки такягоњи асосии худро, ки аз мардуми ба дом афтода иборат буд, аз даст дода истодаанд ва эътимоди мардум рўз аз рўз коста гардида ба зуди пушти онњоро рањо хоњад кард. Ва замоне назњатиён мехостан дар Тољикистон давлати исломи барќарор намоянд ва милатњои муќими гаштаи Тољикистонро, ки дину оини мухталиф доранд дар солњои 90-ум аз кишвар пеш кардани њам буданд ва дар ин самт низ фаолияти чашмрас доштанд. Акнун бошад дар давлатњои ѓайри исломи њам чун паноњчуи сиёси ќарор гирифта,боз хадафњои нопоку нооромкунандаи худро идома доданианд. Гуруњои мухоли фикишвар, ки дар хориљ маскан гирифтаанд ва аксарият аз сиёсат хабаре надоранд њамчун синамогарон наќшњои гуногун омода намуда, таввасути шабакањои иљтимои пањн менамоянд, ки танњо њадафашон коста намудани зењни мардум набуда, балки бо ин восита аз хољагони хориљиашон маблаѓ низ бадаст меоранд. Ва ин «сиёсатмадорон» чи њодисае, ки дар кишвар ба вуљуд биёяд, хоњ сиёсї бошад хоњ табии мавриди њадаф ќарор дода итилооти носањењ, норавшанро бедалел бо њангомаю овозањои беасос пањн менамоянд, ки маќсадашон дар шабакањои иљтимои љалб намудани тамошобин ва аз ин њисоб пул кор кардан аст. Чунин афродро на хабарнигор на сиёсатмадор балки блогнавис ё ин ки блогер мегуёнд. Дар пахши хабар ва суханронии онњо менигарем на одоби касбии хабарнигори ва хато оини мард будану љавонмарди низ риоя намегардад.
Сиёсат ва омилхои сулњгароёнаи пешгирифтаи њукумати Љумњурии Тољикистон боис ба он гардида, ки мањалгарои аз байни ањоли нест гардидааст ва ин васила барои расидан ба њадафњои муѓризонаи мухолифин корсоз нахоњад буд. Аз ин лињоз чихеле ки дар шабакањои иљтимои дида мешавад њадафдорон домони муњољирони мењнатиро гирифтаанд ва мехоњанд хуро ба ин ќишри љомеа дилсуз нишон дода бори дигар шонси худро имтињон кунанд. Аксарияти ин афрод худро њомии њуќуќи муњољирон нишон дода бадин васила кисањои хуро аз ин њисоби онњо пур мекунанд. Ва ин амали онњо маќоли халќиеро ба хотир меорад, ки мегуянд «Кадом гурба аз барои соњибаш муш шикор мекунад» Њолон ки 70 дар сади муњочирони мењнати дод аздасти корфармоён ва ё ба ибораи дигар пасредникњо мегуянд, ки музди мењнати муњољиронро пардохт намекунанд.
Мавриди зикр аст, роњбарон ва фаъолони ЊНИТ дар бештари суханрониашон шарм надошта афсус мехуранд, ки созишномаи сулњро имзо намуданду сулњ кардаанд. Саволе ба миён меояд, ки онњо бо ки сулњ карда бошанд, оё бо милати худ даст додану аз куштани он даст кашидан боиси афсусу пушаймони хоњад буд? онњо киро њадафи худ ќарор дода будан? Агар сулњ немекарданд аз милат куши чи ба даст меоварданд? Хизматњои хирсонаи дар гузашта ба милати Тољик намудаи ЊНИ-и як умр аз хотири ин милат нахоњад рафт ва рафтанињам нест. Муњољирини мењнатии муњтарами Тољик бояд як чизро донанд, ки давлату милат њеч гоњ онњоро мади назар накардааст ва нахоњад кард,. Чихеле, ки њамагон медонанд ба муњољирати мењнати рўй овардани мардум танњо падидаи нав ва хоси милати Тољик набуда, дар тамоми мамлакатњои дунё ин равиш вуљуд дорад.
Яќубов Аљикулло- мутахассис оид ба корњои иттилоотию тањлилии дастгоњи раиси ноњияи Балљувон