Баъд аз тақсим намудани аслиҳаву либосҳо ба мо ишора карда гуфтанд, ки ришҳоятонро гиред ва шаклатонро ба мисли кормандони амниятӣ кунед. Ва як нафар пулис, ки Арапбай ном дошт хандакунон ба мо гуфт, ки агар ғолиб омадем ба ҳар якатон 5000 соми тӯҳфа карда мешавад.
Пас аз омода шуданамон нафаре, ки худашро роҳбар мегирифт ба касе занг зада ҳисобот дод: Рафиқ генерал-лейтенант Қамчибек Ташиев фронти мо аз ҳисоби калонсол, миёнасолон ва ҷавонон дар умум 194 нафар омодаи супориши ҷангии шумо ҳастем гӯён телефонро кушт.
Сипас фаҳмидем, ки ҳамаи ин ҷангҳо бо роҳбарии ки баргузор шуда истодааст.
Мо халқи азияткашида ва бисёр камбизоат ҳастем. Мо ҷангро асло бо кишвари ҳамсоя Тоҷикистон, ки бо бисёриашон хешу табор шудаем намехоҳем. Вале мардуми дӯсту бародари мо бояд донанд, ки дар сари ҳокимияти мо ду нафар қотилон дуздон ва ноодамон нишастаанд.
Худ қазоват намоед, зиндагии мо аз ҳисоби чорводорӣ ва кишоварзӣ мебошад то ба мисли ҳаминшаба ҷинояткорон ба мо яроқҳоро надиҳанд мо чигуна бо дигарон муноқиша менамоем. Дар тамоми дунё Илоҳо тинҷи бошад – гуфт гирякунон Асанбай Бердыярави пиронсол.
Ин суханҳо ҳақиқат буда аз забони худи Асанбай Бердыярав санаи 16.09.2022. соати 19:30 чоп шудааст.