Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. Дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявиро дар сатҳи қонуни олии мамлакат интихоб намудани халқи тамаддунсози тоҷик нишонаи барҷастаи хирад ва суннатҳои таҳаммулгарои он мебошад.
Халқи Тоҷикистон назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ривоҷу равнақи ҳаёти хусусӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро гузошт.
Маҳз бо мақсади аниқтару мушаххастар намудани роҳҳои инкишофи таърихӣ бо назардошти равандҳои нави инкишофи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва 2016 се маротиба тағйиру иловаҳо ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид гардид, ки бесабаб набуданд. Тоҷикистон роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Ин роҳи пешравӣ бештар дар мамлакатҳои ғарбӣ асрҳои аср истифода гаштааст.
Аммо бунёди ҷомеа ва давлати нав дар Тоҷикистони кишваре, ки ҳануз дар оғози марҳилаи давлатсозӣ қарор дошт, дастоварди беназир ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, ин ҳуҷҷати беназири ҳуқуқӣ, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоби шакли ҳокимияти асосӣ, таъсис додану рӯи кор овардани мақоми олии давлатӣ ва бедоркунандаи масъулияти мақомотҳои давлатию намояндагиро дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуввумин шуда, тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Ин иқдом ба ҷараёни ташаккули нишонаҳои давлатдории мо дар асру замони нав заминаи беназир гузошта. барои инкишоф ва пешрафту тараққиёти кишвар шакли гуногуни моликиятро ҳамчун омили асосии рушд пазируфта, давлатро вазифадор намуд, ки фаъолияти озоди меҳнат, баробарии ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат диҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ду ҷанба яъне ҷанбаи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Вай дар матни худ орзую омол ва интизориҳои халқро таҷассум менамояд.
Ба мушоҳида мерасад, ки одамони синусоли гуногун манофеи олии инсонию шаҳрвандии худро дар Констутутсия шинохта, онро аник дарк менамоянд, зеро дар моддаи 6-и Конститутсия омадааст:
«Дар Тоҷикистон халқ бунёдгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад».
Халқи Тоҷикистон чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор медиҳад.
Яке аз вазифаҳои муҳими таърихиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву сиёсии Конститутсия дар он муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, тамомияти арзӣ ва тақсимнашавандаву дахлнопазир будани ҳудуди Тоҷикистон буд, ки ин меъёри конститутсионӣ барои таъмини соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва рушди Тоҷикистон ҳамчун як давлати воҳид шароити мусоид фароҳам овард.
Эътимоди комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худогоҳу худшиноси ноҳия минбаъд низ бо дарки амиқи қарзи муқаддаси фарзандии худ дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои зикршуда ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва арзишҳои Қонуни асосии кишвар талош меварзад.
Бо чунин ниятҳои нек, дар охир ҳамаи Шуморо ба муносибати 28-солагии қабули муқаддастарин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, сарбаландию сарфарозӣ, бахти неку иқболи баланд орзӯ менамоям.