Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони амалҳои бешарафонаи гурӯҳҳои террористию экстремистиро маҳкум намуда, талош баҳри ҳаёти осоиштаву осуда меварзанд.
Пешгири аз чунин гурӯҳҳои ифродгароёнаву манфур вазифаи ҳар яки инсони комилу дурандеш аст.
Вобаста ба ин вабои аср ва доғи рӯз мо бояд бетараф набуда, пеш аз ҳама кушиш намоем, ки ҷавононро дар масири меҳандӯстиву хештаншиноси ва арҷ гузори ба муқаддасоти миллӣ тарбият созем.
Гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳар роҳҳу восита мехоҳанд, ки вазъи оромиву осудагиро ноором созанд.
Ҳаёт бо зебогиву зиндагӣ бо фарзанд ширн аст, ки инро бузургони аҳли илму адаб бисёр зебову бо нафосат васф намудаанд, ки мегӯянд “ Фарзанд давомдиҳандаи номи неки падару модар буда, ному нишон ва ҳастии волидайн дар симои уст”.
Ба ҳамин хотир волидайнро зарураст, ки ин нахли ҷавону умедбахшро дар масири зебогиву худшиносӣ тарбияти ҷиддӣ созанд то ки оянда самараи некро ҳосил созанд.
Фарзанди хуб боғи падар,
Фарзанди бад доғи падар.
Ҳама он бадхоҳоне, ки имрӯз аз дуриҳо санги маломат ба суйи миллати мо мепартоянд, онҳо ҳама доғи падар ба ҳисоб мераванд. Зеро ки нафрину оҳ пайваста думболагири онҳост.