Бо мақсади хубу хотирмон гузаштани Рӯзи иди байналмилалии кӯдакон, дар ноҳияи Балҷувон гашти идонаи кӯдакон баргузор гардид, ки дар ин сайру сайёҳати идона кӯдакон бо як чеҳраи саршор аз лутфу меҳрубонӣ, шодиву бозикунон аз майдончаи кӯдаконаи “Бону” дидан намуда, ҳар як нафари онҳо дар лаб шеъру тарона замзама менамуданд.
Кӯдакон замири бекинаву қалби соф дошта, дунёро бо рангорангияш дӯст медоранд, ки васфи он хело душвор аст.
Омӯзгорон низ бо ҳамроҳии кӯдакон дар ин гашти идона иштирок дошта, онҳоро ба зебогиҳои табиат аз наздик ошно месохтанд, ки ин панди омӯзгор роҳест барои худшиносиву масъулиятпарастии кӯдакон аз хӯрдӣ. Муҳимияти тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзу нигоҳдории олами наботот дар гашти имрӯза мавзуъест, ки баҳри ҳисси зебоипарастӣ ва дар рӯҳияи экологӣ тарбият ёфтани кӯдакон.