Дар ин раванди бархӯрди тамаддунҳо ва глобализатсия пеш аз ҳама моро мебояд, то ки пойдевори кохи бузурги ваҳдатро бунёд гузошта, барои зиндагии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳала ба марҳала заминаи мусоид фароҳам оварем.
Сабоҳи 28 июни соли 1997. Сапедадамон аз Шарқ ба Тоҷикистони ҳамешабаҳори мо дуруд мегуфт. Ҳама ҷо он субҳ пур - пур аз тараннуму такаллуму табассум буд. Ба ногаҳ пардаи торики зулмонӣ бадар афтод ва мурғи симинболи шодӣ, ки дар ҳар пару боли ӯ халқи мо умеди зиндагониро медиданд, расиду паёми Ваҳдат дод. Тавре ки шоир Рустам Ваҳҳобзода қайд намудаанд:
*Чист миллат? - Ваҳдати дунёи мост,*
*Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.*
*Аз саводаш дидаи мо равшан аст,*
*Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.*
Дар ин сол миллати мо 26-солагии ҷашни якдилӣ - Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ин падидаи маъмуливу муқаррарӣ нест ва бидуни муболиға аз нодиртарин рӯйдодҳои таърихи навини тоҷикон ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин васила сулҳу салоҳ ба миён омад, оштии миллӣ амри воқеӣ гашт, халқи тоҷик аз пархошу парешонӣ раҳо ёфт ва ба фаъолияти осоишта, созандагиву бунёдкорӣ, бартарафнамоии оқибатҳои набарди хонумонсӯз камар баст ва ҳаммарому ҳамқисмати нусратмандиҳои беназире гардид.
Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам на ҳодисаи кӯтоҳмуддату муваққатӣ, балки падидаи бардавом ва абадӣ маҳсуб меёбад. Барои амалӣ ва собитнамоии падидаи арзишманде чун истиқрори сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллӣ ҷидду ҷаҳд ва азму талоши доимӣ зарур аст. На талошҳои кӯркӯрона балки огоҳонаву зиракона ва ҳадафмандона баҳри таъмину тармиму такомули Ваҳдату ягонагиву якдилӣ ва якпорчагии кишвар.
*Аз ваҳдати мо боғи Ватан тозабаҳор аст,*
*Шаҳбоғи пур аз меваю ҳар нахли бабор аст.*
*Аз ваҳдати мо умр чи ширину гуворост,*
*Тавфиқи наву равнақи нав дар ҳама кор аст.*
Умедҷон АМОНӢ